Вывеска на здании Сохибкорбанка в Душанбе. Архивное фото

"Соҳибкорбонк" "Тавҳидбонк" шуду мехоҳад тибқи қонунҳои шариат кор кунад

810
(Таҷдидшуда 16:12 10.07.2019)
Бо қарори Шӯрои нозирони бонк расмиёти гузариши “Соҳибкорбанк” аз фаъолияти бонкии анъанавӣ ба фаъолияти бонкии исломӣ санаи 1-уми марти соли 2019 ва мӯҳлати ба итмом расидани расмиёти гузариш санаи 1-уми августи соли 2019 муқарррар гардида буд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи қарори Маҷлиси умумии солонаи саҳмиядорони ҶСК “Соҳибкорбонк” аз 12 июни соли равон “Соҳибкорбанк” ба “Тавҳидбонк”, табдил дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти бонк дар саҳифаи расмиаш дар Facebook.

 Бино бар иттилои манбаъ санаи 26 июни соли равон ба Феҳристи ягонаи қайдгирии давлатии Бонк дар Шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе тағйирот ворид карда, санаи 01 июли соли 2019 Шаҳодатномаи дар бораи бақайдгирии ҶСК “Тавҳидбонк” ба расмият дароварда шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҶСК “Тавҳидбонк” вориси ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҶСК “Соҳибкорбонк” ҳисобида мешавад.

Инчунин суроғаи макомоти идоракунии бонки марказии “Тавҳидбонк” ва реквизитҳои Бонк бе тағйир мононда шуд.

Бонк хотиррасон шудааст, ки бо мақсади аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ табдил додани ҶСК “Соҳибкорбонк” санаи 14 марти соли 2017 Ёддошти тафоҳум миёни Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) ва ҶСК “Соҳибкорбонк” ба имзо расида буд.

Шайх Абдулло ба БМТ: бо сармоягузорони Қатар бонки исломӣ бисозед

Санади мазкур аз ҷониби Шӯрои нозирон ва Маҷлиси умумии саҳмдорони бонк ҷонибдорӣ карда шуда дар ин асно, байни Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) ва ҶСК “Соҳибкорбонк” барои табдили бомуваффақияти бонк аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ Созишнома “Оиди пешниҳоди хизматрасонии мушовирӣ” ба мӯҳлати 1 сол аз санаи 26 феврали соли 2018 то 26 феврали соли 2019 ба имзо расид.

“Лоиҳаи табдилдиҳии бонк аз 9 ҷузъ (компонент) иборат буда, барои татбиқи он бо мувофиқа бо Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) Нақшаи корӣ таҳия гардида мутаносибан 9 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд”, - зикр намудааст манбаъ.

Раванди табдилдиҳии Бонк дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта дархости расмӣ барои гирифтани иҷозатномаи бонкдории исломӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол шудааст. Оғози амалиётҳои бонкдории исломӣ баъди гирифтани иҷозатномаи БМТ ва анҷоми васли низоми автоматикунонидаи бонкдории исломӣ дар назар аст.

810
Барчаспҳо:
табдил, "Соҳибкорбонк", Бонки исломӣ, Бонк, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

54
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз ҷумъа охири ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1400 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1424 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.1875 то сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.Дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1450сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1400 то 0.1450 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1420 то 0,1455сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

54
Доллары, архивное фото

Танҳо дар 4 моҳ: Тоҷикистон ба маблағи беш аз 7 миллион доллар кумак дарёфт кард

174
(Таҷдидшуда 13:23 23.05.2020)
Аз миёни кишварҳои имдодрасон, ки давоми 4 моҳи ахир ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ирсол намуданд, Ӯзбекистон дар мақоми аввал қарор дорад

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Давоми чор моҳи ахири соли равон ба Тоҷикистон аз ҷониби 43 кишвар, кумакҳои башардӯстона ирсол гардид, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Ба иттилои манбаъ, кишварҳои имдодрасон ба Тоҷикистон  ба маблағи 7,7 миллион доллар кумак фиристодаанд.

Дар чор моҳи ахир, Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор тонна кумакҳои гуманитариро дарёфт кард. Кумакҳои ирсолшуда аз орду равған, доруворӣ, маводҳои тиббӣ ва дигар маҳсулотҳо иборат буданд.

Кумаки башардӯстона: Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маводи доруворӣ гирифт

Зимнан, аз миёни кишварҳои кумакрасон ба Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мақоми аввал қарор дорад. Зеро танҳо дар чор моҳи ахир, Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон ба маблағи 2,5 миллион доллар кумакҳои башардӯстона дарёфт кард.

Дар мақоми баъдӣ Чин қарор дорад. Саҳми ин кишвар дар расондани кумак ба Тоҷикистон ба 2 миллион доллар баробар аст.

Федератсияи Русия дар феҳрасти кишварҳои имдодрасон мақоми сеюмро касб мекунад. Дар давоми 4 моҳ, Русия ба маблағи 865 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кумакҳои гуманитарӣ ирсол намудааст.

174
Барчаспҳо:
кумак, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон