Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон  дар бозори Хоруғ

Супориш Президент: раису генералу муовини сарвазир ба "гаронтарин бозор" рафтанд–акс

5749
(Таҷдидшуда 14:24 17.07.2019)
Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз бозорҳои Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, ки бар асоси омори расмӣ гаронтарин нархҳо доранд, боздид кард

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати маҳаллии ВМКБ иттилоъ дод, ки ҳадафи боздиди ноиби нахуствазир ва масъулини дигари ҳукуматӣ шиносоӣ бо нарху наво ва ҳолати санитарии бозори марказии шаҳри Хоруғ мебошад.

Ба иттилои Ниятбеков, ин боздид бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта, ноиби нахуствазирро Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва генерал Абдураҳмон Аламшозода, ноиби аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намудаанд.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон  дар бозори Хоруғ
акс аз саҳифаи Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи Ҳукумати ВМКБ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар бозори Хоруғ

Ин сафари масъулин ба бозори Хоруғ дар ҳолест, ки ахиран Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар пайи таҳлили нархи бозорҳои кишвар гуфт, аксаран маводи ғизоии арзон дар вилояти Суғд ва гаронтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Феълан маълум нест, ки боздиди ҳайати ҳукуматӣ чӣ таъсиру пайомаде барои нархгузориҳо дар бозорҳои ВМКБ дораду чӣ дастурҳои мушаххас дода шудаанд. 

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Ҳукумат назорати нархи як қатор маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалро таҳти назорат қарор додааст.

5749
Сотрудники птицефабрики, архивное фото

Соҳибкорони Суғд иқтисоди вилоятро мечархонанд: бунёди ду фермаи нав дар Деваштич

10
(Таҷдидшуда 12:38 30.05.2020)
Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо кумаки соҳибкорони маҳалӣ фермаи мурғпарварӣ ва фермаи чорводорӣ бунёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Дафтари матбуоти мақооти вилояти Суғд, эълон даштааст, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар аз ҷониби ширкати “Ҳоҷирасул” ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати “Нури Дален” идома дорад.

Манбаъ зикр намудааст, ки сохтмони иншооти мазкур то ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон ба итмом расонида шуда, ба фаъолият оғоз менамоянд.

Гуфта шудааст, ки дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат- тухми парранда ва гӯшти моли калон таъмин хоҳанд кард.

Ҳамчунин мнабаъ хабар додааст, ки дар ин ҷамоат сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченаки вазни маҳсулот ва маркази хизматрасонӣ бунёд мегардад.

Ин иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст”, - таъкид доштааст мақомоти вилояти Суғд.

Мақомоти вилоят амалӣ шудани чунин иқдомотро дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодӣ ноҳия арзёбӣ карданд.

10
Барчаспҳо:
бунёд, мурғпарварӣ, Деваштич, Тоҷикистон
Денежные купюры, архивное фото

Коршиносон гуфтанд, ҳафтаи оянд бо доллар чи хоҳад шуд

1012
Иқтисоддонҳо пешгӯии дақиқ карданд, ки ҳафтаи оянд, аввали моҳи ию вазъи доллар нисбат ба рубл чигуна хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Ба гуфти Андрей Кадулин, сардори шӯъбаи таҳлилии бонки “Санкт Петербург” ҳафтаи аввали моҳи июн, зери таъсири муқовимати шадид байни Чин ва Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд.

"Бозорҳо рӯйдодҳои ин мавзӯъро дар пасманзар гузошта, диққати бештарро ба барқарорсозии фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷаҳон равона мекунанд. Танҳо изҳороти қатъӣ ва ҳамзамон ҷонибҳои муноқиша таъсири намоёни манфӣ хоҳанд дошт" гуфт иқтисоддон дар суҳбат бо "Российской газете".

Ба гуфтаи таҳлилгар, лаҳзаи ҷолибтарин ин интишори сатҳи бекорӣ дар Иёлоти Муттаҳида 5 июн хоҳад буд. Пешгӯӣ шудааст, ки ин рақам метавонад ба 20% бирасад.

Иқтисоддон инчунин қайд кард, ки дар аввали моҳи июн ба рубл вазъи бозори нафт ва тарси сармоягузор фишор меорад.

"Дар ин ҷо як мусбати мӯътадил ба нақша гирифта шудааст - гуфтушунидҳое, ки ОПЕК + барои тавсеаи ҳаҷми ҷории коҳиши истеҳсолот оғоз кардааст, дар сурати муваффақ шудан, нархҳоро дастгирӣ мекунанд ва потенсиали таҳкими рублро тақвият хоҳанд дод" гуфт ӯ.

Таҳлилгар интизор дорад, ки аввали моҳи июн доллар тақрибан 71 рубл савдо мешавад.

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

Дар бозори асъори Тоҷикистон низ чанд ҳафтаи ахир доллар дар ҳоли суқут қарор дошта, рубл бошад мавқеи аввалии худро дубора мегирад.

Дар ҳоли ҳозир тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон  имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллар аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ; 1 евро аз 11.3457 то 11.5000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1439 то 0.1450 сомонӣ арзиш дорад.

1012
Барчаспҳо:
сомонӣ, доллар, рубл, иқтисод, коршинос