Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши доллар, рубл ва евроро барои имрӯз эълон кард

121
(Таҷдидшуда 11:32 23.07.2019)
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар барои 23 июл, муқаррар кардааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1498  то  0.1520 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 9.4397  то 9.4400 сомонӣ арзёбӣ кардааст, аммо корафтодагон мегӯянд, бо ин арзиш пайдо кардани доллар ғайриимкон мебошад ва қурби аслӣ хеле болотар аз он мебошад.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 10. 5913 то  10.8000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки дар бозори расмии ғайринақдӣ имрӯз қурби 1 доллари ИМА — 9.4397 сомонӣ, 1 евро – 10.5913 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1498  сомониро ташкил медиҳад.

"Нуфузи БМТ-ро паст мекунад": БМТ изҳороти Палатаи ҳисобро "нодуруст" хонд

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

121
Барчаспҳо:
қурби асъор, доллар, евро, рубл, БМТ
Рустам Эмомали подписывает документ

“Корвон” бо қарори раиси Душанбе бозсозӣ мегардад: чӣ гуна хоҳад шуд? аксҳо

1253
(Таҷдидшуда 15:28 15.01.2021)
Мақомоти меъмории шаҳри Душанбе тарҳи навсозии маҷмааи савдои “Корвон”-ро нашр кардаанд, ки бо унсурҳои миллии меъморӣ таҳия шудааст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Маҷмааи савдои “Корвон”-и шаҳри Душанбе, ки калонтарин дар Тоҷикистон мебошад, навсозӣ мегардад.

Ба иттилои мақомоти меъмории шаҳри Душанбе дар пайи навсозӣ Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон” мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

“Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, азнавсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон” бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шудааст”, - омадааст дар иттилоияи мақомоти меъморӣ.

Лоиҳакаши тарҳи навсозии “Корвон” корхонаи давлатии “Душанбешаҳрсоз” буда, фармоишгари он ҶДММ “Корвон” мебошад.

“Корвон” калонтарин минтақаи тиҷоратии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар он одатан ба далели зиёд будани одамон ва мошинҳо танбашавии нақлиёт сурат мегирад. Дар тарҳи ҷадид таваққуфгоҳи бисёрқабата пешбинӣ шудааст, ки интизор меравад, мушкили танбашавии нақлиётро бартараф кунад.

1253
Барчаспҳо:
навсозӣ, бозор, Тоҷикистон
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Солҷашни 59-ум ва 12 соли раисӣ дар Кумитаи андоз: Давлатзода кист?

855
(Таҷдидшуда 15:27 15.01.2021)
Нусратулло Давлатзода, ки расо 12 сол роҳбарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистонро ба уҳда дорад, имрӯз 59-солагияшро таҷлил мекунад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Давлатзода корашро ба ҳайси нозир оғоз карда, 12 соли охир - аз 16 январи соли 2009 то ҳол раиси Кумитаи андоз мебошад.

Презентация нового сервиса Google Android Pay в России
© Sputnik / Валерий Мельников

Нусратулло Давлатзода 15 январи соли 1962 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2006 Академияи хизматии давлатии Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Тибқи тарҷумаи ҳоли Давлатзода, ӯ баъди хатми донишгоҳ дар соли 1982 то соли 1987 нозир оид ба маблағгузории хоҷагии қишлоқи шуъбаи молияи ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб будааст.

“Солҳои 1987-1989 – сармуҳосиби Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб, солҳои 1989-1990 – муовини раиси Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб, солҳои 1990-1991 – тафтишотчии пешбар, сартафтишотчии Иттиҳодияи истеҳсоли меваю сабзавоти “Кӯлоб”-и вилояти Кӯлоб буд”, - омадааст дар ҳолнома.

Солҳои 1991-1992 - мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисоботу тафтишотии Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб, солҳои 1992-1995 – директори Идораи ҳисоби хоҷагии савдои “Марҳабо”-и вилояти Хатлон, солҳои 1995-1997 – сардори шуъбаи савдои Базаи ҷумҳуриявии яклухтфурушии “Тоҷик-баққолисавдо” будааст.

Ӯ солҳои 1997-1998 ба ҳайси сарревизор-назоратчии Раёсати санҷиш ва назорати молиявии Вазорати молия, солҳои 1998-1999 – нозири калони андози Идораи санҷиши андозсупорандагони Кумитаи андоз кор кардааст.

Сипас дар мақомоти андози вилояти Ленинобод ва солҳои 2002-2006  дар вазифаи сардори Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Солҳои 2006-2009  муовини аввали раиси Кумитаи андоз ва аз 16 январи соли 2009 то ҳол раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъкид шудааст, ки Давлатзода оиладор ва соҳиби 7 фарзанд мебошад.

855
Барчаспҳо:
зодрӯз, кумитаи андоз, Тоҷикистон
День 16 января

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва нашри Энсиклопедияи миллии тоҷик: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:02 14.01.2021)
Рӯзи шонздаҳуми январ дар Тайланд Рӯзи омӯзгор, дар Рӯзи озодиҳои диннӣ ва дар Ҷумҳурии демократии Конго Рӯзи қаҳрамонон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 16 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2016 Бонки осиёӣ- инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими кушодашавии бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид

Соли 2002 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои содир кардани таҳримҳо дар бораи созмони террористии Ал-Қоида ва ҳаракати Толибон, ки дар Афғонистон қарор доштанд, якдилона овоз дод.

Соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Рӯзи 16 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки сабаби марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барқияи таслият ирсол намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи  корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

Соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белорус муҳокима карда шуданд.

Соли 2009 дастаи "Регар"-ТадАЗ-и Турсунзода барои ширкат дар "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" аз шаҳри Қазон ба шаҳри  Москваи Федератсия Россия рафт.

Соли 2015 ҷилди сеюми "Энсиклопедияи миллии тоҷик" бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

Соли 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба муносиботи дуҷонибаи ду кишвар брифинг баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 январ 

  • Дар ИМА — Рӯзи озодиҳои динӣ.
  • Дар Ҷумҳурии Демократии Конго – Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар Тайланд - Рӯзи омӯзгорон

Рӯзи 16 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли - 1899 аввалин Комиссари халқии Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1927), доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи "Сафеддара" то террор дар "Шарли Эбдо": имрӯзи таърих
Чор сол пеш Раҳмон ваъда дод, ки лимити барқ пурра бардошта мешавад: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Муҳаммадрофеъ то ҳалокати 1400 кас дар заминҷунбии Кингстон: имрӯзи таърих