Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ ба ташкилоти “Пардохти фаврӣ” иҷозатномаи фаъолият дод

72
Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, қарор дар бораи додани иҷозатнома барои фаъолият ба ташкилоти “Пардохти фаврӣ”-ро ба имзо расонд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ахиран бо қарори навбатии раёсати Бонк ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пардохти фаврӣ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати се сол иҷозат дода шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, қарори мазкур рӯзи 18 июли соли равон ба имзо расидааст.

Бонки миллӣ ба ташкилоти “БИМА” ба муҳлати боз 5 соли дигар иҷозатнома дод

“Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба ҶДММ “Пардохти фаврӣ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати 3 (се) сол иҷозат дода шуд”, - гуфта шудааст дар резаахбори Бонки миллӣ.

Бонки миллӣ ба низоми пардохти “BLIZKO” иҷозатнома дод

Инчунин масъулини Бонки миллӣ ба Идораи низоми пардохт дастур додаанд, ки роҷеъ ба қарори мазкур сабти дахлдорро ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ворид намоянд.

72
Барчаспҳо:
ташкилоти қарзӣ, фаъолият, иҷозатнома, Бонки миллӣ, Тоҷикистон