Глава Нацбанка Таджикистана Джамшед Нурмахмадзода

Нурмаҳмадзода: камбуди доллар дар Тоҷикистон аз мавсим вобаста аст

274
(Таҷдидшуда 13:56 24.07.2019)
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ Тоҷикистон омили асосии камчин будани доллар дар Тоҷикистонро тавзеҳ дод.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Камбуди долларро дар кишвар Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон падидаи муваққатӣ унвон кард, ки ба мавсим вобастагӣ дорад.

Ба гуфтаи вай, дар ин давра воридоти асъор ба кишвар нисбатан дар сатҳи паст қарор мегирад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфт, дар 4-5 соли ахир аз моҳи январ сар карда то моҳи май-июн ин мавсим идома дорад ва норасоии асъор маҳз дар ҳамин давра ба назар мерасад.  

Қурби “рекордӣ”-и рубл тайи моҳҳои охир дар Тоҷикистон

Вай афзуд, ки дар ҳамин мавсим талаботи шахсони ҳуқуқи ва воқеъӣ ба асъори хориҷӣ дар як шабонрӯз ба 25 миллион доллар мерасад. Ва ин раванд маҳз ба шахсоне, рабт дорад, ки ба воридот молу коло машғул ҳастанд.

“Ин раванди мавсмӣ аст, мегузарад боз муътадил мешавад. Ҳоло Бонки миллӣ дар як шабонарӯз талаботи ташкилотҳои қарзиро аз 2 то 15 миллион доллар таъмин дорад”, - таъкид кард Нурмаҳмадзода.

Кашфи 15 саррофии ғайриқонунӣ, оғози 326 парванда алайҳи долларҷаллобон ва қурби расмӣ

Инчунин, Ҷамшед Нурмаҳамадзода, аз камёфт будани долларро дар кишвар ба содироти кам рабт дод. Вай гуфт, ҳоло содирот нисбат ба воридот 2,5 маротиба кам мебошад, ин раванд низ ба  норасоии асъори хориҷӣ дар кишвар таъсири худро мегузорад.

Вай қайд намуд, ки Бонки миллӣ дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ кушиш дорад ҳаҷми содиротро афзоиш диҳад.

“Содирот зиёд шавад, асъори иловагӣ низ пайдо мешавад. Тоҷикистон имсол танҳо аз фурӯши барқ 40 миллион доллар ворид кард. Асъори хориҷӣ ҳамчунин ба кишвар аз ҳисоби фурӯши семент, алюминий маҳсулоти кишоварзӣ ворид мегардад”, - зикр кард Раиси Бонки миллӣ.

Дар Бонки миллӣ итминон доданд, ки вазъ дар бозори асъор таҳти назорат қарор дошта, ба якбора босуръат болоравии қурбҳо роҳ дода намешавад.

Ёдрас мешавем, ки мушкили қурби асъори хориҷӣ ва норасоии он дар маҷлиси рӯзи 10-уми май бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони соҳаи молияву гумрук низ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар он замон гуфт, бо бастани 800 нуқтаи саррофӣ дар кишвар мушкили камбуди асъори хориҷӣ ҳал нашуд ва "аз борон ба барф задем".

274
Барчаспҳо:
содирот, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, доллар, норасоии пул, мавсим, Бонки миллӣ, Тоҷикистон