Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ иҷозатномаи ширкати аудитории “Шарқ Аудит”-ро тамдид накард

102
(Таҷдидшуда 17:41 24.07.2019)
Масъулини Бонки миллӣ бинобар риоя нагардидани талаботи иҷозатномадиҳӣ иҷозатноаи ҶДММ “Шарқ Аудит”-ро тамдид накард

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бинобар риоя нагардидани талаботи иҷозатномадиҳӣ дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарқ Аудит” дар бораи тамдид намудани муҳлати иҷрои иҷозатнома рад карда шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллӣ иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, қарори Раёсати бонк дар ин бора рӯзи 18 июли соли равон таҳти №84 ба тасвиб расидааст.

Бонки миллӣ иҷозатномаи “Ташкилоти суғуртавии Лондон Душанбе”-ро бекор кард

“Қарори мазкур дар асоси моддаи 77 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаҳои 8 ва 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 9, 11 ва 19 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бинобар риоя нагардидани талаботи иҷозатномадиҳӣ дархости ҶДММ “Шарқ Аудит” дар бораи тамдид намудани муҳлати иҷрои иҷозатнома рад карда шуд”, - иттилоъ додааст манбъ.

Бонки миллӣ иҷозатномаи фаъолияти ТАҚХ “Баракат”-ро бозхонд

Дар ҳамин ҳол, департаменти назорати бонкӣ барои ворид намудани сабти дахлдор барои хориҷ намудани ҶДММ “Шарқ Аудит” аз Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ вазифадор гардид.

102
Барчаспҳо:
ширкат, тамдид, иҷозатнома, Бонки миллӣ, Тоҷикистон