Аз Ҳинд то Чин: дар Хоруғ Форуми байналмилалии "Помиринвест - 2019" баргузор шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти вилоят Форуми байналмилалии сармоягузории Помиринвест - 2019 баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Форуми мазкур беш аз 150 кас, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз ИМА, Канада, Покистон,  Ҳиндустон ва Чин, доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намудаанд.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти вилоят, дар қисмати расмии Форум раиси ВМКБ, Ёдгор Файзов, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Аҳмадзода Орзу Ҳусейн, муовини вазири молия Гулмуродзода Карим, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амонзода Ширин, роҳбари намояндагии Ташкилоти Оқохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва директори генералии ширкати “Помирэнерҷӣ” Ҷумаев Далер сухан гуфтанд.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар ҷаласаи назоратӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аз баррасӣ дар интернет то ҷалби ҳамватанон аз берун: интизории Файзов аз "Помиринвест"

Аз ҷониби муовини директори генералии “Тоҷинвест” – назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҷавоҳирлаъл Музаффарӣ портали сармоягузорӣ ва соҳибкории В2В муаррифӣ карда шудааст.

Файзов, диққати ҳозиринро ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти вобаста ба пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят ибрози ақида намудааст.

Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Аҳмадзода Орзу доир ба тадбирҳои андешидани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтаргардонидани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ суханронӣ кардааст.

Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи молу маҳсулот баргузор шуда, навори видоии имкониятҳои сармоягузории Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба намоиш гузошта шудааст.

Ёдгор Файзов - раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Файзов вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукуматро гуфт

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин чорабинӣ дар се панели алоҳида дар мавзӯҳои “Роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ дар ВМКБ”, “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Тоҷикистон” ва “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори саёҳӣ” идома намуд.

Дар доираи мулоқоти В2В соҳибкорон бо соҳибкорон имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Аз натиҷаи баргузории мулоқоту мустақими соҳибкорону сармоягузорон баимзорасонии як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Помиринвест – 2019 рӯзҳои 7–8 август баргузории як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии вилоят, боздид аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар чорабиниҳои марбут ба муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0