Эмомалӣ Раҳмон дар меҳмонхона, акс аз бойгонӣ

Насиҳати Раҳмон ба кормандони меҳмонхонаи “Чилчанор” ва ваъдаи соҳибкор Каримов

366
(Таҷдидшуда 13:06 07.08.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар маркази ноҳияи Ховалинг меҳмонхонаи “Чилчанор”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов бунёд шудааст

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони меҳмонхонаи дуошёна моҳи марти соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити меҳмонхона ба сифати корҳо баҳои баланд дода, таъкид намудааст, ки бунёди чунин меҳмонхонаҳо боиси боз ҳам рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мегардад.

Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхонаи “Чилчанор” дар маркази ноҳияи Ховалинг 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Роҳбари давлат зимни суҳбат бо кормандону масъулони меҳмонхона таъкид намудаст, ки бояд бо мизоҷон хушмуомила бошанд ва одоби меҳмондории тоҷиконаро ба сайёҳони дохиливу хориҷие, ки барои сайёҳат ба ин инҷо ташриф меоранд, муаррифӣ созанд.

Соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов инчунин иқдом гирифт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шафати ҳамин меҳмонхона як бинои иловагии 5-ошёна бо 100 ҷойи хоб бунёд менамояд.

366
Барчаспҳо:
сафари Эмомалӣ Раҳмон, Хатлон, Ховалинг, ифтитоҳ, меҳмонхона, Тоҷикистон
Ҷамъоварии пахта, акс аз бойгонӣ

Шиносоии раиси Суғд бо ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

11
(Таҷдидшуда 15:27 28.10.2020)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, барои шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раиси вилоят, Аҳмадзода ба Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ҷамоати деҳоти Ёва ташриф оварда, бо рафти ғунучини ҳосил шинос гардид.​

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

“Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истеҳсоли 18200 тонна пахта ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 13234 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст. Пахтакорони ноҳия ҳамарӯза бо кӯмаки ҳашарчиён беш аз 320 тонна пахта чида, ба хирман месупоранд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ва ноҳия таъкид кард, ки кишоварзон бояд бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ ҷамъоварии ҳосилро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки заркорони ноҳия рӯзҳои наздик нақшаи пешбинишударо иҷро менамоянд.

Сипас Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунии “Зафариён”  ва “Юсуфсаркор” шинос шудааст, ки дар ин корхонаҳо коркарди пахта муташаккилона ба роҳ монда шуда, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Раиси вилоят ҳамзамон ба манзили сокини ноҳия, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва механизатори номии вилоят Аҳмадҷон Қосимов ташриф оварда, ӯро аёдат намуд.

Ба иттилои котиботи раиси Суғд, механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистон Аҳмадҷон Қосимов аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, барои ободиву шукуфоии бештари Ватани азиз дасти дуо бардошт.

11
Барчаспҳо:
пахтачинӣ, раиси Суғд, Тоҷикистон
Абдуқодир Вализода, раиси тозатаъйини шаҳри Кӯлоб

Барномаи якмиллиардии рушди Кӯлоб ҳамагӣ 55 фоиз иҷро шуд: гузориши Вализода ба Раҳмон

207
(Таҷдидшуда 12:41 28.10.2020)
Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Кӯлоб, дар ҷаласаи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни татбиқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019, ки арзиши умумии он беш аз 1 миллиард сомонӣ мебошад, гузориш дод

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, барномаи мазкур 262 лоиҳаро ба маблағи умумии 1 миллиарду 46 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 237 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоятӣ 5,8 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 23,7 млн сомонӣ, маблағҳои худӣ 187,1 млн сомонӣ, маблағҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ 592,6 млн сомониро дар бар мегирифт.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

"Ин Барнома аз 5 бахш, аз ҷумла бахши иқтисодӣ -саноат, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ - маориф, фарҳанг, тандурустӣ, инфрасохтор - таъминот бо оби нӯшокӣ, коммуналӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва таъминоти захиравӣ иборат буд", - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, дар давоми амалишавии барнома то ба имрӯз ба маблағи 578 миллиону 871 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид, ки 55,3 фоизи нишондиҳандаи барномаро ташкил медиҳад.

"Дар давраи амалишавии Барнома 17 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода супорида шуданд. Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 14 лоиҳа ба маблағи 6,9 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 4 лоиҳа иҷро, 8 лоиҳа қисман ва 2 лоиҳа иҷро нагардид. Маблағҳои лоиҳаҳои иҷрошуда 1,1 млн сомонӣ ё 15,8 фоизро ташкил дод", - илова кард дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар давраи амалишавии барнома дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 14 ҳазору 742 ҷойи кори нави доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудаст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019” босифат ва пурра дар амал татбиқ карда шавад.

207
Барчаспҳо:
рушд, барнома, шаҳри Кӯлоб, Тоҷикистон