Международная универсальная выставка-ярмарка Таджикистан 2019

Корхонаҳои Тоҷикистон маҳсулоти тавлидотии худро ба намоиш мегузоранд

104
Дар “Кохи Борбад”-и пойтахт намоишгоҳ-ярмарка баргузор мегардад, ки дар он даҳҳо ширкатҳои кишвар маҳсулотитавлидотии худро ба нмаоиш ва фурӯш хоҳанд гузошт

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати кишвар, маҳсулоти тавлидотии Тоҷикистон охири моҳи октябр дар Намоишгоҳ-ярмаркаи универсиалии “Тоҷикистон-2019”, ки дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и пойтахт доир мегардад, дар масоҳати 600 метри мураббаъ ба намоиш гузошта мешавад.

Аҳмадзода: намоиши молу маҳсулоти Самарқанд дар Суғд намунаи тавсеаи ҳамкориҳост

Тавре манбаъ қайд намудааст, намоишгоҳ  бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати кишвар ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳи мазкур муаррифии молу маҳсулоти  корхонаю ширкатҳои тавлидотии ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Тоҷирони Суғду Самарқанд ба маблағи беш аз 100 миллион доллар созишнома бастанд

Манбаъ хабар додааст, ки дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои тавлидотии ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро дар бахшҳои  энергетика, нақлиёт, логистика, саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ,  саноати вазнин ва сабук, сайёҳӣ, сармоягузорӣ,  молия ва бонкдорӣ,  кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва технологияҳои муосир ба намоиш мегузоранд.  

104