Лифофа бо маблағ, акс аз бойгонӣ

Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи муҳосибҳо дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон

896
(Таҷдидшуда 13:07 14.08.2019)
Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи сармуҳосиб ва муҳосиб дар Вазорати кишоварзӣ хабар додааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, парвандаи ҷиноӣ алайҳи сармуҳосиб Қушоқова Мавлуда Сафаровна ва муҳосиб Маҳмадшоева Манижа ифтитоҳ шудааст.

Манбаъ афзуд, Қушоқова дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии "Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо"-и Вазорати кишоварзӣ ва Маҳмадшоева дар мақоми муҳосиби ин муассиса кор карда, бо маслиҳати пешакӣ даст ба азхудкунии маблағҳо ва сохтакории хизматӣ задаанд.

Ожонс таъкид кардааст, ки муҳосибҳои мазкур тариқи сохтакорӣ аз ҳисоби бастҳои холӣ маош ҳисоб карда, беш аз 96 ҳазор сомониро гирифта, ба манфиати худ истифода намудаанд.

"Қушоқова тариқи маслиҳати пешакӣ бо Маҳмадшоева аз моҳи январи соли 2017 то моҳи майи соли 2019 ба асноди расмӣ дидаю дониста маълумоти бардурӯғ ворид намуда, аз ҳисоби бастаҳои холӣ – "вакантҳо" варақаҳои музди меҳнати электрониро сохтакорӣ намуда, бо ин роҳ музди маош ҳисоб карда, дар як чанд ҳолат маблағи 96 ҳазору 403,55 сомониро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд", - иттилоъ додааст Ожонс.

Манбаъ таъкид намудааст, ки аз рӯи ҳолатҳои нисбати Қушоқова ва Маҳмадшоева бо моддаҳои 245 ва 323-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Назари худи айбдоршавандаҳо феълан дар бораи ин қазия маълум нест.

896
Барчаспҳо:
Ожонси зидди фасод, сохтакорӣ, парвандаи ҷиноӣ, Тоҷикистон