Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Супориши Раҳмон: санҷиши ғайринавбатии хазинаи сангу металҳо бо роҳбарии ноиби раиси КДАМ

3079
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои санҷиши ғайринавбатии ҳолати Фонди давлатии метал ва сангҳои қиматбаҳои кишвар қарор имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон даҳаи охири моҳи июл имзо намудааст, хазинаи сангу металҳои қиматбаҳои кишварро комиссияи махсус тариқи ғайринавбатӣ месанҷад.

Раисиҷумҳур  ҳайати комиссияро муваззаф кардааст, ки давоми 20 рӯз ҳолати хазинаи сангу металҳои қиматбаҳоро санҷида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳанд.  Роҳбари комиссияи махсус Нусратулло Мирзоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шуда, ба ҳайати он  намояндагони бахшҳои дигар аз ҷумла Сангин Элназаров, роҳбари намояндагии Сарраёсати геология дар ВМКБ шомил шудааст.

Феълан тафсилоти бештар аз раванди санҷиш маълум нест.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки бештари металҳои қиматбаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла тиллои тавлиди ватанӣ дар дохили кишвар аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молия харидорӣ мешавад.

Бар асоси омори гумрукӣ бисёри  металҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ба Швейтсария содир карда мешаванд.

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли равон кишвар бо 101 мамлакати ҷаҳон додугирифт дошта, аз ҳаҷми умумии содирот 200,2 миллион доллар ё 27,9  фоиз ба кишварҳои хориҷи наздик ва 62,1 фоиз ё ба арзиши 337,9 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.

Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Швейтсария -  23,1%, Туркия -  22,6%, Қазоқистон - 17,1%, Узбакистон - 15,6%, Чин - 5,1%, Афғонистон -  3,7%, Русия - 3,1% ва Эрон - 2,1%-ро ташкил медиҳад, хабар дод Хадамоти гумрук зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа.

3079
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Уфти якбораи рубл: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард

410
(Таҷдидшуда 09:15 07.07.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тибқи нишондодҳо дар бонкҳои кишвар рубл тайи ҳафтаи равон аз 4 то наздики 7 сомонӣ поин рафтааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1431 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3092 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6762то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бар пояи нишондодҳои ахир, арзиши рубл дар бозори асъори кишвар, ки ҳафтаи гузашта каме боло буд, ин ҳафта дар бонкҳои кишвар аз 4 то наздики 7 сомонӣ поин нишон дода шудааст.

Доллар бошад, давоми ҳафтаи равон дар ҳоли суқут қарор дорад, аммо коршиносони умури иқтисод қаблан гуфта буданд, ки ҷаҳиши ин астъор дар моҳи июл шурӯъ хоҳад шуд.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ҷаҳиши боварнакардании доллар дар тобистон: пешгӯии иқтисоддонҳо

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1475 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1335 то 0,1490 сомонӣ нишон дода шудааст.

Иқтисодчиён пешбинии дақиқи қурби долларро то тирамоҳ гуфтанд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

410
Барчаспҳо:
поин, евро, доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Бонки Миллӣ
График на бирже, архивное фото

Холиқзода гуфт,  ба рушди иқтисоди Тоҷикистон чи омилҳо монеа мешаванд

171
(Таҷдидшуда 17:52 05.07.2020)
Рушди иқтисодии Тоҷикистон аз чӣ вобаста аст, гуфт директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ Абдухолик Холиқзода

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik.  Коҳиши иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020 ба рушди иқтисодии Тоҷикистон халал мерасонад, гуфт Абулхолиқ Холиқзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар сущбат бо “Ховар”.

“Мушоҳида мегардад, ки бо пайдоиш ва шуруъи бемории сироятии СOVID – 19 дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон бинобар таъсироти манфии он ба коҳишёбии маҳсулнокии фаъолият дар натиҷаи беморшавӣ, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнашуда дар корхонаҳои саноатӣ, маҷмуан паст гардидани даромаднокӣ дар ҳамаи соҳаҳо дар паёмади муваққатан ва ё пурра аз даст додани фаъолнокии корӣ оварда расонид”,- гуфтааст ӯ.

Бо ишора ба пешгӯии таҳлилгарон, Холиқзода қайд кард, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон боиси кам шудани 30-40% сармоягузорӣ мегардад.

Директори марказ диққатро ба он ҷалб кард, ки якчанд омилҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон таъсир мерасонанд.

Ҳушдори БМТ аз хатарҳои коронавирус ба иқтисод: меъёри бозтамвилро кам кард

“Ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон айни замон таназзули иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020, пӯшидани сарҳадҳо, сустшавии иқтисодиёти Россия ва Чин ба сифати шарикони асосӣ, кам шудани содироти молҳои ватанӣ, кам шудани интиқоли маблағҳои хориҷӣ ва даромади хонаводаҳо, бефаъолӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сайёҳӣ, кам гардидани савдо ва сайёҳон таъсиргузор хоҳанд буд”,-зикр кард ӯ .

171
Зеристгоҳ, акс аз бойгонӣ

Ҳалокати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз зарбаи барқ

0
(Таҷдидшуда 15:09 07.07.2020)
Як сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров аз расиши қувваи барқ ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки субҳи 6 июл як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз зарби барқ ба ҳалокат расидааст.

“Санаи 6-уми июл, тахминан соатҳои 7: 30 дақиқа, Б. А., сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вақти пайваст намудани нерӯи зеристгоҳи барқӣ, аз сабаби расиши қувваи барқ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст”, иттилоъ дод масъули матбуотии РВКД дар Суғд ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ нафари ба ҳалокат расида ҷавони 31 сола будааст. Ҳодисаи фоҷиабор дар зеристгоҳи барқӣ дар деҳаи Қурғончаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки эҳтимол дар вақти пайваст намудани ноқилҳои барқӣ дар зеристгоҳ техникаи бехатарӣ риоя нагардидааст. Дар бораи шуғли аслии нафари ҳалокшуда маълумот ироа нашудааст, ки оё ӯ барқчӣ аст ва ё як корманди кироя, ки барои насб намудани қувваи барқ ҷалб шудааст.

0
Барчаспҳо:
барқ, Тоҷикистон