Пункт по денежным переводам, архивное фото

Интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои ИДМ ба андозаи 27 дарсад коҳиш ёфтаст

147
(Таҷдидшуда 20:20 22.08.2019)
Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои ИДм тавассути низоми пардохтӣ ба андозаи 27,2 дарсад кам шудаст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Бонки марказии Русия, интиқоли маблағ аз ин кишвар ба давлатҳои ИДМ ба маротиб коҳиш ёфтаст.

Бар хабари манбаъ, дар семоҳаи дуюми соли равон аз Русия ба кишварҳои ИДМ 1,5 миллиард доллар интиқол ёфта ба кишварҳои хориҷи дур бошад 376 миллион доллар ирсол гардидаст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пеш 27 фисад камтар сурат гирифтаст.

Бонки миллӣ аз норасоии доллар ва фарқияти зиёди қурб дар бозори сиёҳ иқрор шуд

Зимнан манбаъ қайд мекунад, ки ирсоли маблағ ба Русия бошад ба андозаи 16 дарсар афзоиш ёфта, дар семоҳаи дуюми соли равон аз кишварҳои хориҷ ба Федератсияи русия 803 миллион доллар ворид гардидаст.

Манбаъ меафзояд, аз ин миён 460 миллион доллар аз кишварҳои хориҷи дур ва 343 миллион доллари дигар аз кишварҳои ИДМ ба Русия интиқол дода шудаст.

Дастури Давлаталӣ Саид: назорати асъорро пурзур кунед ба ҳолатҳои ҳаннотӣ роҳ надиҳед

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон низ коҳиш ёфта дар муқоиса ба семоҳаи аввали соли гузашта ба андозаи 5,1 фисад кам ирсол шудаст.

147
Барчаспҳо:
коҳиш, интиқоли пул, ИДМ, Русия
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

350
(Таҷдидшуда 10:06 30.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 30 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1296 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 0.3292 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1000 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1296 то 0.1340 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3292 сомонӣ, 1 евро – 12.0893 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1296 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

350
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, барои имрӯз, қурби асъор, Тоҷикистон
В магазине бытовой техники, архивное фото

Аз чангкашак то телевизор: ифтитоҳи корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

347
(Таҷдидшуда 20:42 29.09.2020)
Дар Душанбе корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ифтитоҳ гардид, ки чангкашак, обгармкунак, телевизор ва мошини ҷомашӯӣ истеҳсол мекунад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии "Артел Авесто Электроникс" ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он раиси шаҳри  Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ширкат намуда, бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муштарак ошно гардидаанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Ин корхонаи муштарак аз ҷониби ширкати Ӯзбекистон "Artel Engineering and Management" ва ширкати ватании "Авесто Гурӯҳ" сохта шудааст.

Ҳамин тавр, моҳи феврали соли 2019 корхонаи муштаркаи "Артел Авесто  Электроникс" дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат  дар  ҳаҷми 50/50- фоизӣ ташкил карда шуд.

Гуфта мешавад, хати истеҳсолӣ, ки дар он 43 номгӯй таҷҳизот ва 129 комплекти мол ва ашё пешбинӣ карда шудааст, асосан аз кишварҳои Ӯзбекистон, Русия, Корея ва Чин таҳвил ва насб карда шудааст.

Дар доираи мувофиқаи шарикони тиҷоратӣ  раванди истеҳсолот  дар ду марҳила интихоб гардида, дар марҳилаи якум истеҳсоли ду намуди чангкашак ва чор намуди обгармкунак, дар марҳилаи  дуюми  истеҳсолӣ телевизор ва мошинаи либосшӯӣ истеҳсол карда мешавад.

"Алҳол марҳилаи якуми хати истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, чангкашак ва  обгармкунак  истеҳсол мегарданд", - омадааст дар хабарнома.

Ба гуфтаи масъулини корхона, маҳсулоти истеҳсолшаванда  дорои муҳлати кафолати 3-сола мебошад.

Манбаъ афзуда, ки шумораи умумии кормандони корхонаи муштараки "Артел Авесто Электроникс" дар ду марҳила беш аз 100 нафарро ташкил дода, музди маоши миёна  1500 сомониро ташкил хоҳад дод.

Ҳамзамон 9 нафар  кормандони корхонаи муштарак соли 2019  зарфи як моҳ дар шаҳри Тошканд  ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда,  бо тартиби  идоракунии техника ва таҷҳизоти  хати истеҳсолӣ  ва истифодаи самараноки  ашёи хом  шинос гардидаанд.

347
Барчаспҳо:
телевизор, ифтитоҳ, корхона, Душанбе

Раҳмон ва Орипов нишон доданд, чӣ гуна бояд дар давраи ҳамагирӣ салом кард - видео

0
(Таҷдидшуда 14:10 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни вохӯрӣ бо оринҷ салом карданд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзи 29 сентябр дар Қасри миллат дидору мулоқот карданд.

Аз навор дида мешавад, ки сиёсатмадорон на ба даст балки бо оринҷ салом мекунанд. Ин саломи давраи ҳамагирии коронавирус аст.

Зимни гуфтушунид ҳам, ҳайъати ҳарду давлат бо ниқоби тиббӣ нишастаанд. Яъне қоидаҳои беҳдоштӣ дар сатҳҳои олӣ бисёр ҷиддӣ риоя мешаванд.

Орипов: Раҳмон дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафҳаи тиллоӣ боз кард

Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистонро ба Тоҷикистон хушомадед гуфту Абдулло Орипов бошад дар навбати худ ба забони тоҷикӣ аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кард.

"Иҷозат диҳед ба шумо барои қабули ҳайъати Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор намоям. Мо шодем, ки дар сарзимини меҳмондӯсти Тоҷикистон ҳастем, - гуфт Орипов ва саломи кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба президент ва мардуми Тоҷикистон расонид.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, таъкид доштанд.

Ҳамчунин зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, президент ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шуданд.

0
Барчаспҳо:
"Салом", дидор, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Абдулло Орипов, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон