Баҳои ғайриқаноатбахши Ҳакимзода ҳангоми боздид аз ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён сафари корӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи котиботи ҳукумати вилояти Хатлон, нахуст Ҳакимзода дар даромадгоҳи ноҳияи Вахш аз мавзеъи сохтмони дарвозаи ноҳия дидан намуд.

Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ислом Каримов, акнун унвони гулгашт дар Маскав гардид

“Ҳамзамон раиси вилоят ба мавзеъи ҷойгиршавии майдони парчами миллӣ ва нишони давлатӣ шинос шуда, дастур дод, ки барои бунёди нишони давлатӣ ва парчами миллӣ майдони он васеътар карда шавад”, - омадааст дар иттилоия.

Тибқи лоиҳаи сохтмони парчами миллӣ ва нишони давлатӣ, дар майдони он гулгашт бо гулу буттаҳои ороишӣ ва фаввораҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар идомаи сафари корӣ, раиси вилоят аз вазъи бинои фарҳанг ва толори кинои ноҳия дидан намудаст, ки тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ дар он ҷо гузаронида мешаванд. Ба ин хотир раис дастур додаст, ки бино ва толор таҷдид шаванд.

Котиботи ҳукумати вилояти Хатлон илова намуд, ки боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Вахш ба номи Мирзо Турсунзода, дар ҳолати барқарорсозӣ мебошад. Раиси вилоят зимни боздид, таъкид кардааст, ки боғ бо тарҳи замонавӣ таҷдид гардида, пайкараи қаҳрамони халқи тоҷик Мирзо Трусунзода дар даромадгоҳи он гузошта шавад.

Председатель Хатлона встретился с представителями Китая - Sputnik Тоҷикистон
Саломат бошед: Чин дар шаҳру навоҳии Хатлон марказҳои табобатӣ месозад

Ҳамчунин раиси вилоят зикр намуд, ки барои муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ мавзеъ муайян ва муҷассама гузошта шавад.

Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Кӯшониён низ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии Нишони давлатӣ ва Парчами миллии ноҳия боздид кардааст.

Иншооти ҷашнии дигари ноҳияи Кӯшониён боғи фарҳангию фароғатии ноҳия арзёбӣ шуд, ки масоҳати бештар аз 6 гектаро дар бар мегирад. Раиси вилоят ба корҳои сохтмонии боғ баҳои ғайриқаноатбахш дода, супориш дод, ки ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд корҳои сохтмонӣ анҷом дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0