Пули миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон: Чин дар ҷойи сеюм

296
(Таҷдидшуда 13:51 26.08.2019)
Савдои хориҷии Тоҷикистон тайи 7 моҳи соли равон ҳудуди 2,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, хабар додааст Ожонси омори назди раисиҷумҳур

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, шарики асосии тиҷории Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ монда, ҳаҷми додугирифт миёни 2 кишвар дар 7 моҳ ба 570 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми додугирифти мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон  505,4 миллион долларро ташкил додааст. Қазоқистон дар феҳрасти шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон баъди Русия, дар ҷои дуюм қарор дорад.

Чин низ ба сегонаи шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон шомил гардидаст. Ҳаҷми савдои Тоҷикистону Чин дар ҳафтмоҳа ба 351 миллион доллар баробар шудааст.

Дар маҷмуъ Тоҷикистон дар ҳафт бо 101 кишвари ҷаҳон додугирифти коло доштаст. Савдои хориҷии 7-моҳаи Тоҷикистон 2 миллиарду 499 миллион долларро ташкил додааст, ки 1,3 дарсад ё 33 миллион доллар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Тавозуни савдои Тоҷикистон ҳамоно манфӣ боқӣ монда, воридоти мол аз содирот ба маротиб  зиёд мебошад.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷамъбасти шашмоҳаи соли равон иттилоъ дода буд, ки ҳаҷми асосии содироти мол аз Тоҷикистон ба Швейтсария -  23,1%, Туркия -  22,6%, Қазоқистон - 17,1%, Узбакистон - 15,6%, Чин - 5,1%, Афғонистон -  3,7%, Русия - 3,1% ва Эрон - 2,1% рост меояд.

296
Барчаспҳо:
содирот, воридот, хориҷ, тиҷорат, шарики асосӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон-Русия-Чин