Қоҳир Расулзода, акс аз бойгонӣ

Баъди ҳушдори Расулзода: Ҳукумат созишнома бо ширкати чиниро қатъ кард

3885
(Таҷдидшуда 15:56 11.09.2019)
Ҳукумати Тоҷикистон тариқи яктарафа созишнома бо ширкати “Хэнан Чжун-Я”-и Чин дар бораи фаъолсозии корхонаи “Нуриҳои Осиё”, собиқ “Тоҷик Азот”-и шаҳри Сарбандро қатъ кард

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Қарори Ҳукумат барои қатъи созишнома бо ширкати чинӣ охири моҳи август имзо шуда, далели он иҷро нагардидани бандҳои созишнома аз ҷониби "Хэнан Чжун-Я” арзёбӣ шудааст, хабар дод ТоҷикТА.

Қабули қарор дар ҳолест, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, қаблан ҳушдор дода буд, ки агар ширкати "Хэнан Чжун-Я"-и Чин бори дигар дар фаъолсозии корхонаи "Нуриҳои Осиё", собиқ "Тоҷик Азот"-и Сарбанд ба таъхиркорӣ роҳ диҳад, созишнома бо он қатъ карда шавад.

Раёсати вилояти Хатлон гила карда буд, ки ширкати чинӣ бояд то баҳори соли 2018 корхонаро фаъол месохт, аммо иҷро накарду ин боиси камбуди нуриҳои минералӣ дар минтақа шуда буд. Масъулини вилоят изҳор дошта буданд, ки соҳибкорони маҳаллӣ нуриҳои минералиро ворид накарданд, чун интизор доштанд, ки корхонаи Сарбанд фаъол мешаваду моли онҳо ба савдо нахоҳад рафт.

Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014, корхонаи "Тоҷик Азот"-ро, ки 75 фоизи саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, сармоягузори украинӣ 20 дарсадаш ба Ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда, Зайд Саидов тааллуқ дошта буд, ба фоидаи давлат мусодира намуда буд. “Тоҷик Азот” он замон ба гуфтаи масъулин ба далели қатъи интиқоли газ аз Узбакистон ба мушкил рӯбарӯ шуда, аз фаъолият бозмонда буд.

Гранти Чин: 464 мошини комммуналӣ ба Душанбе ворид мешаванд

Созишнома барои таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Азот”, 3 сентябри соли 2016 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Хэнан Чжун-Я гуруҳи холдингӣ"-и Чин баста шуд. Дар назар буд, ки ширкати чинӣ барои ин лоиҳа 360 миллион доллар ҷудо мекунад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба масъулини ширкати чинӣ дастур дода буд, ки корхонаро моҳи феврали соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд, ки то ҳол иҷро нашуд ва боиси қатъи созишнома шуд.

3885
Барчаспҳо:
Ҳукумат, қарор, сохтмон, қатъ, созишнома, Тоҷикистон-Чин