Донишомӯзон ҳангоми дарс, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат: литсейи касбии Данғара таъсис ёфт

77
(Таҷдидшуда 15:11 12.09.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара” - ро ифтитоҳ намуд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 - уми августи соли 2019 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 таъсис дода шуд.

“Литсейи касбӣ барои ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавонону наврасон ва инчунин сокинони бешуғли мамлакат ба ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи дараҷаи “С”, монтёри барқ, кафшергари газию барқӣ, дӯзанда, инчунин ошпаз-қаннод, калобаресӣ ва рангубордиҳӣ дар саноати субук ва ғайра пешбинӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки бинои муассиса бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов ва Абдусаттор Сафаров мутобиқ ба талаботи муосир пурра навсозӣ ва таъмир гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Иншоот аз ду ошёна ва се қисм иборат буда, дорои 14 синфхона, утоқҳои корӣ, толори муосири варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад, илова намуд котибот.

Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар муассиса имкон дорад, дар як баст 300 хонандаро ба таълим фаро гирад ва дар он хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд. Дар назди ин муассисаи таълимӣ ҳамчунин кусрҳои кутоҳмуддат амал мекунанд ва имкон аст шахсони бешуғл ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

77
Мавзуҳо:
Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон (41)
Грузовик с газом, архивное фото

Нархи газ бояд 3,2 сомонӣ бошад: шарҳи Муминзод дар бораи монополия, нарх ва санҷиш

179
Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, вуҷуди монополияро дар бозори гази моеъ рад карда, иттилоъ дод, ки барои санҷиши болоравии нархи газ дар кишвар гуруҳи корӣ аллакай сафарбар шудааст

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Муминзод зимни нишасти матбуотӣ  тавзеҳ дод, ки хароҷоти дохилию андозбандӣ, нархи роҳ ва ғайраро ҳисоб кардаанд, ки тибқи он нархи яклухти гази моеъ набояд зиёда аз 3,2 сомониро ташкил диҳад.

Дар ҳоле, ки феълан нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ҳудуди 4,5 сомонӣ мебошад, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, гуруҳи корӣ барои санҷиши асоснокии он ташкил карда шудааст.  Ӯ афзуд, чун гази моеъ шомили молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ мебошад, дар сурати аз 20 дарсад дар як моҳ беасос боло рафтани нархи он, Хадамоти зидди инҳисорӣ санҷиш мегузаронад.

Дар Ванҷ ду ноболиғи 12 - соларо аз об берун оварданд: яке фавтиду дуюмӣ дар бемористон

Муминзод илова намуд, ки аллакай дар 10 ширкат санҷишҳо оғоз гардиданд ва тайи 20-30 рӯзи оянда натиҷаи санҷиш маълум мешавад.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид кард, ки агар нархҳо беасос боло бурда шудаанд, маблағи он ҳамчун даромади беасос ҳисоб гардида, ба буҷаи давлат баргардонда мешавад.

Ӯ ҷой доштани мавқеи инҳисории ширкатҳои алоҳидаро дар бозори газ рад карда, тавзеҳ дод, ки ширкати доминанти бозор тибқи қонунгузории Тоҷикистон онеро мегӯянд, ки 35 дарсади бозорро дар ихтиёр доранд.  Ӯ афзуд, дар миёни 15 ширкати воридкунандаи газ ба Тоҷикистон, пешсаф ҶДММ “Аллат” мебошад, ки саҳмаш дар бозор 17,2 дарсадро ташкил медиҳад.  Сипас “Темур Ойл”, “Ғайрат 82”, “Октан сервис” ва панҷум “Газпром нефт” ҷой гирифтааст, ки ба гуфтаи сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳиссаи Газпром дар бозори газ ҳамагӣ 8,4 фоизро ташкил медиҳад.

179
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Нефть

Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст

78
Саридораи геологияи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи конҳои нафту гази кишварро номбар кард

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон 24 кони нафту газ мавҷуд аст, гуфт сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати кишвар Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Ба гуфтаи Оймуҳаммадзода, то имрӯз бо 17 ширкат шартномаҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ баста шудаанд.

Вай қайд кард, ки пас аз ҳамоҳангсозӣ бо вазорату идораҳо Саридораи геологияи Тоҷикистон чаҳор лоиҳаро барои баррасӣ ба ҳукумат барои ҳуқуқи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ пешниҳод кард.

Оймухаммадзода илова намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 Саридораи геология дар доираи 22 лоиҳа таҳқиқотщои зериразминӣ гузаронидааст.

Корҳо оид ба ҷустуҷӯи конҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо ва нодир, сангҳои нимқиматбаҳо ва ороишӣ анҷом дода шуданд.

78
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото

Чор корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия олудаи коронавирус шуданд

0
Ташхиси чор корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз коронавирус мусбат баромад. Феълан ҳамаи нафароне, ки бо онҳо дар тамос буданд, аз ташхис гузаронда мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дасти кам чор нафар аз намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба маризии коронавирус гирифтор шудаанд, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз сафорат.

Ба изҳори ин манбаъ, ташхиси чор корманди сафорат аз коронавирус мусбат баромадааст. Ҳамакнун, ҳамаи нафароне, ки бо онҳо дар тамос буданд аз ташхиси коронавирус гузаронда мешаванд.

"Бо вуҷуди ин боқимонда кормандони сафорат бардам ҳастанд ва ҳеҷ нишоне аз ин маризӣ дар онҳо дида намешавад", - таъкид намуд манбаъ.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Олудагии чор корманди сафорат дар ҳолест, ки вақтҳои ахир хоҳишмандони сафар ба ватан назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омада бо намояндагони он вохӯрӣ менамуданд.

Гузашта аз ин, дар сафорат феҳрасти хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистон омода мешуд, ва муҳоҷирони тоҷик асноди лозимаро бевосита ба сафорат бурда, ба кормандони он таслим мекарданд.

Зикр гардид, ки бо вуҷуди мубтало шудани чор корманди сафорат, дафтар баста намешавад ва ҳамаи кормандон чун ҳарвақта сари кор хоҳанд буд.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон