Бонки миллӣ аз оғози фаъолияти аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон эълон кард

© Национальный банк РТНациональный банк РТ выдал лицензию первому исламскому банку в Таджикистане
Национальный банк РТ выдал лицензию первому исламскому банку в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон “Тавҳидбонк” иҷозатномаи фаъолият додааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2019, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ ба И.в. Раиси ҶСК “Тавҳидбонк” Шералӣ Зардов изҳор дошт, ки рӯйдоди мазкур барои низоми бонкии кишвар як саҳифаи нав кушодааст.

Вывеска на здании Сохибкорбанка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Соҳибкорбонк" "Тавҳидбонк" шуду мехоҳад тибқи қонунҳои шариат кор кунад

Вай таъкид кард, ки таъсиси ин бонк барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Бонки миллӣ барои фаъолияти пурсамар баҳри пешрафти низом бо истифода аз таҷрибаи нави бонкдории исломӣ ба роҳбарияти ҶСК “Тавҳидбонк” дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин, масъулини Бонки миллӣ қайд намуданд, ки тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСК “Соҳибкорбонк” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки аз 14 октябри соли 2013 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба бонки исломӣ аз эътибор соқит дониста шуд.

Ёдрас мешавем, ки бо ташабусси саҳмиядорони ҶСК “Соҳибкорбонк”, бинобар ба бонки исломӣ табдил додани бонк бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12 июни соли 2019 номи он ба ҶСК “Тавҳидбонк” иваз карда шуд.

Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ зикр намудааст, ки вобаста ба ин дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдор ворид карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0