Пункт по денежным переводам, архивное фото

Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

168
(Таҷдидшуда 11:29 18.09.2019)
Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли пулҳои шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон 649 миллион долларро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҳаҷми интиқоли пули шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон нисбат ба соли гузашта 23 миллион доллар коҳиш ёфтааст, гуфта шудааст дар гузориши Бонки марказии Русия.

Бонки миллӣ ба ширкати амрикоии MoneyGram Payment Systems, Inc иҷозатнома дод

Дар моҳи январ-июни соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул 649 миллион долларро ташкил додааст. ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2018 ин маблағ 672 миллион долларро ташкил медод.

Ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон аз Қазоқистону Қирғизистон зиёдтар будааст аммо камтар аз Узбакистон.

Узбакситон дар интиқоли маблағ аз Русия нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи марказӣ пешқадамтар будааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба ин ҷумҳурӣ як миллиарду 221 миллион доллар интиқол дода шудааст.

Интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳдуд шуд

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳаҷми умумии интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз Русия ба кишварашон 35-37 дарсади ММД ҷумҳуриро ташкил медиаҳд.

168
Барчаспҳо:
Бонки марказии Русия, коҳиш, интиқоли пул, муҳоҷирон, муҳоҷирони корӣ, Русия, Тоҷикистон