Ҷадвали рушд, акс аз бойгонӣ

Вазорати рушди иқтисод аз афзоиши ММД хабар дод

75
(Таҷдидшуда 15:03 19.09.2019)
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар ҳашт моҳи аввали соли 2019 зиёда аз 4,6 миллиард доллар ё 44 миллиарду 893,8 миллион сомониро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар ҳашт моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4% рушд ёфтааст, хабар дод "Ховар" аз қавли Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Манбаъ афзудааст, ки дар низоми ММД болоравии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ – ба 13,3 фоиз баробар шудаст. Ин нишондод дар ҳашт моҳи соли гузашта 12,9% буд.  Инчунин маҳсулоти кишоварзӣ - 8,3%, муомилоти савдои чакана - 8,5%, боркашонӣ - 4,7% ва хизматрасонии пулӣ - 2% афзоиш ёфтаанд.

Масъулини Вазорат, дар шарҳи афзоиши ҳиссаи саноат дар низоми ММД, ки дар 8 моҳ ба 17,9% баробар шудааст, изҳор доштаанд, ки болоравӣ ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии Тоҷикистон рабт дорад.

Қарзи берунии Тоҷикистон аз 50 дарсади ММД зиёд шудааст

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон вазифа гузошт, ки кишвар аз сохти рушди агросаноатӣ ба сохти индустриалӣ-аграрӣ гузарад ва он яке аз вазифаҳои асосии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда шуд.

75