Президент Эмомали Рахмон принял Генерального секретаря Всемирной таможенной организации Кунио Микурия

Содирот бештар мешавад: Эмомалӣ Раҳмон бо Кунио Микурия мулоқот кард

157
(Таҷдидшуда 18:57 23.09.2019)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурия мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурияро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштааст, ки натиҷаи ин вохӯрӣ қадами устуворе дар роҳи таҳкиму тавсеаи робитаҳои самарабахши дуҷониба хоҳад шуд.

"Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст ва дар ин раванд ба такмили бомароми фаъолияти гумрукӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад", - омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди инфрасохтори гумрук, тайёр кардани кадрҳои соҳа ва баланд бардоштани савияи ихтисоси онҳоро муҳокима кардаанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот баррасӣ гардидааст.

157