Эълони маош ва даҳҳо ҷои холӣ: Хадамоти гумрук коргар меҷӯяд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонГлава таможенной службы Таджикистана Хуршед Каримзода
Глава таможенной службы Таджикистана Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои ишғоли 43 ҷои холӣ дар дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавӣ дар Душанбе, Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Турсунзода озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи эълони Хадамоти гумрук, дар дастгоҳи марказӣ 3 ҷой – 1 барномасоз дар маъмурияти системаи автоматонидашудаи ягона, 1 рӯзноманигор ё филолог дар шуъбаи иттилоотӣ ва 1 нозир дар шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом интизори довталабонанд.

Кохи Навруз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду рӯзи Кунио Микурия дар Тоҷикистон: аз мулоқот бо Раҳмон то боздид аз дидбонгоҳҳо

Дар раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 5 нозир барои дидбонгоҳи назорати мусофирони “Майдони ҳавоӣ” ва 1 нозир дар шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом заруранд.

Дар Раёсати минтақавии вилояти Суғд 11 ҷои нозир, аз ҷумла 1 воҳид дар Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом, 4 воҳиди кории нозир дар “Майдони ҳавоӣ”, 2 воҳид дар дидбонгоҳи гумрукии роҳи оҳани “Нов” ба озмун пешниҳод шудаанд. Инчунин як ададӣ ҷои кори нозир дар гумруки ноҳияи Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Исфара ва Панҷкент феълан холиянд.

Дар феҳрасти ҷойҳои кории холӣ дар раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, 1 воҳид дар Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом, 2 воҳид дар дидбонгоҳи гумрукии “Ҳошадӣ”, 1 воҳид дар майдони ҳавоии шаҳри Бохтар, 1 воҳид дар дидбонгоҳи гумрукии майдони ҳавоии шаҳри Кӯлоб номбар шудаанд.

Раҳмон ба сарнозири Хадамоти гумрук медал дод

Барои раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода 9 коргар, аз ҷумла 1 нозир барои бахши  котибот, 1 воҳид барои шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом, 1 воҳид барои бахши кадрҳо ва кор бо ҳайти шахсӣ, 5 нозир барои дидбонгоҳи “Пахтаобод” ва 1 нозир барои дидбонгоҳи гумрукии “Заводи алюминии тоҷик” зарур мебошад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон: санҷиши ғайринавбатии хазинаи сангу металҳо бо роҳбарии ноиби раиси КДАМ

Инчунин Хадамоти гумрук барои раёсати минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 9 нозир меҷӯяд.

Аз ҷумла 2 воҳиди кории нозир дар Шуъбаи муҳофизати гумрукӣ ва таъминоти низом, 2 воҳид дар Шуъбаи мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, 1 воҳиди корӣ дар бахши таҳлил ва омори гумрукӣ, 1 воҳид дар дидбонгоҳи гумрукии “Хумроғӣ”, 1 воҳид дар дидбонгоҳи “Тем”,  1 воҳиди корӣ дар дидбонгоҳи “Ишкошим” ва 1 воҳиди корӣ дар  дидбонгоҳи гумрукии “Қизил-арт”-и ноҳияи Мурғоб ба озмун пешниҳод шудаанд.

Дар феҳрасти талабот аз довталабон шаҳрванди Тоҷикистон, синну сол аз 20 то 35, донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, қобилияти кор бо технологияи иттилоотии муосир зикр шудааст.

Гумрук: моли Тоҷикистон бештар ба Швейтсария содир мешавад

Хадамоти гумрук маоши вазифавиро аз 626 сомонӣ то 771 сомонӣ арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки барои рутба ва собиқаи корӣ маоши иловагӣ дода мешавад.

Бар асоси эълон, ки 21 сентябр нашр шудааст, довталабон метавонанд, тайи 21 рӯз баъди чопи он ҳуҷҷатҳояшонро ба раёсати кадрҳо пешниҳод кунанд. Суроға барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо - шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро 50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва телефон барои маълумоти иловагӣ 223 12 16 ва 221 16 92 нишон дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0