Глава Нацбанка Таджикистана Джамшед Нурмахмадзода

Таъсиси бонки ҷадид дар Тоҷикистон ва тақозои Нурмуҳаммадзода аз он

381
(Таҷдидшуда 11:18 02.10.2019)
Раиси Бонки милли Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ҳинни супоридани иҷозатнома ба бонки навтаъсиси "Арванд" аз масъулини бонк тақозо намуд, то хизматгузории арзон ва босифатро пиёда кунанд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳамакнун бонки нави "Арванд" ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба иттилои котиботи Бонки миллии Тоҷикистон, ин бонк дар асоси заминаи ташкилоти қарзии "Арванд" ва "Акссесбонк Тоҷикистон" таъсис дода шудаст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани иҷозатнома ба Раиси ҶСП Бонки "Арванд" Шоира Содиқова ба ӯ баҳри мусоидат намудан ба дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои арзону босифат дастур додаст.

Қарзу грантҳои нави Бонки исломии рушд барои Тоҷикистон

Саҳҳомони "Акссесбонк Тоҷикистон" ва ташкилоти қарзии "Арванд", ки дар якҷоягӣ бонки "Арванд"-ро таъсис доданд, асосан созмонҳои молии хориҷӣ мебошанд. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, саҳмияҳои "Акссесбонк Тоҷикистон" дар дасти ширкати "Access Microfinance Holding AG" мебошад.

Баррасии таъмини Тоҷикистон бо интернети босуръат ва хоҳиши Нуралиев аз Бонки ҷаҳонӣ

Феълан дар Тоҷикистон 17 бонк ва ҳудуди 60 ташкилоту фондҳои қарзӣ амал мекунанд.

381
Барчаспҳо:
бонк, таъсис, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

668
(Таҷдидшуда 10:04 25.05.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз ҷумъа охири ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1400 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1440 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.1875 то 11.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.Дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1450сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1400 то 0.1450 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1420 то 0,1455сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

668
Доллары, архивное фото

Танҳо дар 4 моҳ: Тоҷикистон ба маблағи беш аз 7 миллион доллар кумак дарёфт кард

187
(Таҷдидшуда 13:23 23.05.2020)
Аз миёни кишварҳои имдодрасон, ки давоми 4 моҳи ахир ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ирсол намуданд, Ӯзбекистон дар мақоми аввал қарор дорад

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Давоми чор моҳи ахири соли равон ба Тоҷикистон аз ҷониби 43 кишвар, кумакҳои башардӯстона ирсол гардид, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Ба иттилои манбаъ, кишварҳои имдодрасон ба Тоҷикистон  ба маблағи 7,7 миллион доллар кумак фиристодаанд.

Дар чор моҳи ахир, Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор тонна кумакҳои гуманитариро дарёфт кард. Кумакҳои ирсолшуда аз орду равған, доруворӣ, маводҳои тиббӣ ва дигар маҳсулотҳо иборат буданд.

Кумаки башардӯстона: Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маводи доруворӣ гирифт

Зимнан, аз миёни кишварҳои кумакрасон ба Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мақоми аввал қарор дорад. Зеро танҳо дар чор моҳи ахир, Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон ба маблағи 2,5 миллион доллар кумакҳои башардӯстона дарёфт кард.

Дар мақоми баъдӣ Чин қарор дорад. Саҳми ин кишвар дар расондани кумак ба Тоҷикистон ба 2 миллион доллар баробар аст.

Федератсияи Русия дар феҳрасти кишварҳои имдодрасон мақоми сеюмро касб мекунад. Дар давоми 4 моҳ, Русия ба маблағи 865 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кумакҳои гуманитарӣ ирсол намудааст.

187
Барчаспҳо:
кумак, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вакцинация, архивное фото

Русия замони эмгузаронии сартосарӣ аз маризии коронавирусро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 19:49 25.05.2020)
Русия сар аз авоили тирамоҳи соли равон ба эмгузаронии сокинон аз маризии сироятии коронавирус шурӯъ мекунад

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус авоили тирамоҳ шурӯъ хоҳад шуд ва анқариб 6 - 9 моҳро дарбар хоҳад гирифт.

Дар Русия озмоиши ваксина бар зидди коронавирусро оғоз карданд

Дар ин бора мудири Маркази илмь - тадқиқотии ба номи Гамалея оид ба эпидемиология ва микробиологияи Вазорати тандурустӣ Александр Гинтсбург дар барномаи "Зиндагии солим" дар шабакаи аввали телевизиони Русия ибрози назар дошт.

"Табиист, ки ба якборагӣ ҳамаро эмгузарондан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ мӯҳлати эмкунии сартосарӣ аз 6 то 9 моҳро дарбар мегирад", афзудааст ӯ.

Вай илова намуд, ки организми инсон пас аз маротибаи дуюм рӯбарӯ шудан бо вирус ва ҳамзамон ду маротиба эм гирифтан, нисбати он масуният пайдо мекунад.

Қаблан мудири марказ изҳор дошта буд, ки аз авохири тобистон дар Русия ба маъракаи эмгузаронӣ аз коронавирус шурӯъ мекунанд. Вале ҳоло ба гуфтаи ӯ талошҳои ҳамаҷониба ба харҷ дода шудааст, ки ин маърака ҳар чӣ зудтар баргузор гардад.

Ба гуфтаи вай, озмоишҳои клиникии ваксинҳо натиҷаҳои хуб доданд ва  интизор меравад, эмгузаронӣ сар аз 15 - уми июн пас аз гирифтани иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ба роҳ монда шавад.

0
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон