Джамолиддин Нуралиев, первый заместитель Председателя Национального банка Таджикистана

Бонки миллӣ маркази ягонаи интиқоли маблағҳоро муаррифӣ кард

695
(Таҷдидшуда 11:03 04.10.2019)
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи корӣ ба ташкилотҳои қарзии кишвар Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ дар рафти ҷаласа ба роҳбарияти ташкилотҳои қарзӣ ва намояндагони масъули онҳо дар самти анҷомдиҳии амалиётҳои интиқоли фаромарзӣ, камбудиҳо ва хавфҳои ҷойдошта дар самти мазкур маълумот пешниҳод гардида, аз имконоту вазифаҳои Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ба таври мушаххас муаррифӣ манзур гардид.

Зимни ҷаласа Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки солҳои охир низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар Тоҷикистон тамоюли рушди босуъатро касб карда, тадриҷан чун дар дигар кишварҳои минтақа, ҳиссаи он ва нақши он дар миёнаравии молиявӣ ба таври назаррас зиёд шуд.

 

Презентация Национального процесингового центра в НБТ
Презентация Национального процесингового центра в НБТ

Вай афзудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон вазъи муосири бозори интиқоли маблағҳои пулиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар Тоҷикистон таҳлил намуда, як қатор мушкилиҳоеро ошкор намуд, ки ба устувории низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонида, боиси коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гардиданд.

“Ин омилҳо бевосита ба рушди низоми интиқоли маблағҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии интиқоли маблағҳо ба муштариён халал мерасонад”, - таъкид доштааст Нуралиев.

Аз ҷумла Ҷамолиддин Нуралиев омилҳои зеринро қайд намудааст;

  • мавҷуд набудани имконияти аз ҷониби шаҳрванд гирифтани маблағи интиқолшуда аз дилхоҳ ташкилоти қарзӣ, бинобар надоштани шартномаи ҳамкорӣ бо ҳама низомҳои интиқолӣ ва нобаробар ҷойгир шудани онҳо аз рӯи мавқеи ҷуғрофии кишвар. Дар ин ҳолат муштарӣ маҷбур аст, ки вақти худро ба ҷустуҷуйи ташкилоти қарзие, ки бо низоми интиқолии ба вай зарур буда шартнома дорад, сарф намояд;
  • ташкилотҳои қарзии ватаниро зарур аст, ки барои ҳамкорӣ намудан бо ҳар як низоми интиқолии байналмилалӣ дар бонкҳои хизматрасони ин низомҳо суратҳисобҳои муросилотӣ кушоянд, ки ин боиси хароҷоти иловагии ташкилотҳои қарзӣ, сарфаи зиёди вақт гашта, хавфҳои иловагиро ба миён меорад;
  • ташкилотҳои қарзӣ ҳамарӯза маблағҳои пулии интиқолшавандаро ба муштариён аз ҳисоби худ пардохт намуда, баъд аз як ё ду рӯз ин маблағҳоро аз бонки хизматрасони низоми интиқолӣ мегиранд, ки ин раванд хавфи напардохтани маблағҳоро ҳангоми ғайрибозоргир будани низоми интиқолии байналмилалӣ зиёд мекунад. Бо назардошти он ки ҳамарӯза маблағи зиёд ба ҷумҳурӣ интиқол мешавад, бевосита ин раванд ба низоми бонкӣ хавфи калон дорад. Таҷриба нишон дод, ки чунин ҳолатҳо боиси ба миён омадани мушкилии молиявии ташкилотҳои қарзӣ гардида, ҳадди ақалл бо муфлисшавии ду низоми интиқоли маблағҳо (Лидер ва Мигом) уҳдадориҳои онҳо дар назди ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1 млн. долл. ИМА ва 45 млн. рубли русиро ташкил дод;
  • мавҷуд набудани интерфейси ягонаи кор бо низомҳои пардохтӣ сабаби мушкилӣ ҳангоми азхудкунии малакаи корӣ бо интерфейсҳои гуногуни низомҳои пардохтӣ мегардад, ки ин боиси зиёд шудани хатогиҳо аз ҷониби кормандони ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми хизматрасонии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ мегардад;
  • мавҷуд набудани механизми онлайн мониторинги вуруди маблағҳо ҳамчун фишанги муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом. Таҷрибаи амалкунандаи интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ҳолатҳои хусусияти байналмилалӣ доштаро нишон дод, ки ба нуфузу эътибори кишвар таъсири манфӣ расонид ва ин амал дар навбати хуб метавонад ба ҳавасмандӣ аз фазои сармоягузории мамлакат таъсир расонад;
  • мавҷуд набудани маълумоти дақиқ оид ба ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ва имконияти таҳлили хавфҳои он, амнияти иқтисодии давлатро зери хатар мегузорад;
  • мавҷуд набудани қурби ягонаи мубодилавӣ оид ба интиқоли маблағҳо, ки ба манипулятсияи сунъии интиқоли маблағҳо дар бозори интиқоли маблағҳо оварда мерасонад.
Презентация Национального процесингового центра в НБТ
Презентация Национального процесингового центра в НБТ

Зимни ҷаласа муовини якуми Раиси Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки бо назардошти камбудиҳои ошкоршуда дар низоми амалкунандаи интиқоли маблағҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати ислоҳотии худ иқдом гирифт, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро бе кушодани суратҳисобҳо (ММП) таъсис диҳад.

“Мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиётҳо ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиётҳои бехавф иборат мебошад”, - изҳор дошт Ҷамолиддин Нуралиев.

Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо – маҷмааи барномавию техникии Бонки миллӣ маҳсуб ёфта, ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи интиқолҳои фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоб тавассути суратҳисобҳои муросилотии Иштирокдорон, ки дар асоси шартнома дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода шудаанд, бо истифода аз воситаҳои электронии қабул, коркард, интиқол ва ҳифзи иттилоот таъмин менамояд.

Презентация Национального процесингового центра в НБТ
Презентация Национального процесингового центра в НБТ

Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо имкон фароҳам меорад, ки интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ ба таври зуд, боэътимод ва бехатар анҷомдода шаванд.

Дар баробари ин, Нуралиев зикр кард ММП як қатор афзалиятҳоро ба низоми молиявии кишвар фароҳам меорад, ки ба манфиати рушди низом аст, аз ҷумла;

  • таъмини шаффофияти амалиётҳо аз рӯи интиқолҳои пулии фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ;
  • таҳким бахшидани механизми муқовимат аз сӯиистифода намудан аз низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо мақсади расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • баланд бардоштани самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо байни ҳамаи иштирокдорони ММП;
  • тақвият бахшидани устувории низоми бонкии мамлакат аз ҳисоби паст намудани хавфҳои амалиётӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ҳангоми муфлисшавии низомҳои пардохтии интиқолӣ;
  • аз байн бурдани ҳолатҳои ҳаннотӣдар бозори интиқоли маблағҳо ва маҳдуд кардани омилҳои инсонӣ;
  • таъмин намудани қурби ягонаи мубодилавӣ барои интиқоли маблағҳо;
  • мавҷуд будани қарори инноватсионӣ, ки фаъолиятро бо низомҳои интиқолии гуногун бо истифода аз интерфейси ягона таъмин менамояд;
  • беҳтар кардани механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
  • осону қулай гардидани интиқоли маблағҳои дохилиҷумҳуриявӣ, алалхусус дар манотиқи дурдасти кишвар;
  • фароҳам овардани имконияти интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои кортии дорандагони кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” ва дар натиҷа афзоиши амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ аз ҳисоби интиқоли маблағҳо (супориши Пешвои миллат ҷиҳати зиёд кардани амонатгузорон аз ҳисоби интиқоли маблағҳо);
  • таъсиси махзани муттаҳидаи иттилоот оид ба интиқолҳои фаромарзи, ки боиси беҳтар гардидани сифати маълумотҳои оморӣ ва таҳлилҳо мегардад;    
  • таъмин намудани маълумотҳои оморӣ дар бораи гардиши пул аз рӯи интиқоли маблағҳо.
Презентация Национального процесингового центра в НБТ
Презентация Национального процесингового центра в НБТ

Тавре масъулини Бонки миллӣ қайд намуданд, бо пайваст шудани низомҳои интиқолӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ба Маркази миллии протсессингӣ кори бизнес-протсес бо интиқоли маблағҳои фаромарзӣ бетағйир мемонад ва Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси бонки ҳисоббаробаркунанда ба муштариён ва иштирокдороне, ки амалиётҳоро бо интиқоли маблағҳо иҷро мекунанд, кафолат медиҳад ва хизматрасонии интиқоли маблағҳоро бетаъхир ва бе расонидани зарар ба онҳо таъмин менамояд.

Ҳамчунин БМТ таъкид намудааст, ки дар рафти ҷаласаи васеи корӣ бо ташкилотҳои қарзӣ махсусан қайд карда шуд, ин аст, ки барои иштирокдорони Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо барои иштирок ва ё анҷом додани амалиёт дар доираи ММП ягон намуди маблағ барои пардохт талаб карда намешавад. Дар баробари таъмини хароҷотҳо барои таҳия, татбиқ ва дастгирии ММП, Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми танзимгар дар оянда низ тамоми хароҷотҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи мазкурро ба зиммаи худ гирифта, бо ин амал хавфи зиёд шудани ҳаққи хизматрасониро (комиссия) барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозори интиқоли маблағҳо аз байн мебарад.

Презентация Национального процесингового центра в НБТ
Презентация Национального процесингового центра в НБТ

Ҳамзамон масъулини Бонк афзуданд, ки аз моҳи январи соли равон Бонки миллӣ бо низомҳои байналмилалии интиқолӣ дар хусуси кам кардани ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия) барои ММП гуфтушунидҳо доир намуд, ки дар натиҷа як қатор низомҳои байналмилалии интиқолӣ меъёри фоизиашонро барои интиқол ба Тоҷикистон кам карданд, ки ҳаққи хизматрасонӣ ба ҳиссаи назаррас (наздики 80 фоиз) аз ҳиссаи умумии маблағҳои интиқолӣ аз 1,5 фоиз то ба 1 фоиз коҳиш дода шуд ва ин амал боиси кам шудани хароҷоти истифодабарандагони интиқоли маблағҳо гардид.

“Бонки миллии Тоҷикистон тамоми иштирокдорони бозори интиқоли маблағҳоро боварӣ мекунонад, ки дар доираи ислоҳоти ниҳодӣ оид ба таъсиси Маркази миллии протсессингӣ тамоми манфиатҳои гирандагон ва фиристандагони маблағҳои интиқолӣ ба инобат гирифта шуданд, аз ҷумла ҷонибҳои манфиатдор низ ҳимоя мешаванд”, -гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.

695
Барчаспҳо:
муаррифӣ, Ҷамолиддин Нуралиев, миллӣ, марказ, интиқоли маблағ, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Меваю сабзавот дар бозор, акс аз бойгонӣ

Азми мақомоти Хатлон барои содироти 90 ҳазор тон меваю сабзавот ба хориҷа

119
(Таҷдидшуда 20:54 27.05.2020)
Мақомоти Хатлон мегӯянд, имрӯз, 27 май, аз вилоят ба Русия боз 50 тонна олу содир карда шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ олуро аз ноҳияи Кӯшониён дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои борбар роҳии Санкт-Петербург намуданд

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти Хатлон, рӯзе пеш боғпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мусоидати бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ба хориҷи кишвар 51 тонна меваҷотро содир карда буданд.

Президент Эмомали Рахмон открыл спортивный комплекс в Ховалингском районе
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ таъкид намудаст, ки имрӯз аз вилояти Хатлон, асосан навоҳии Ҷ. Балхӣ, Кӯшониён ва Ҷайҳун ба хориҷи мамлакат ҷамъан 139 тонна мева бо иловаи лимӯ содирот шудааст.

“Мавсими содироти меваҷот, тавре ки мутахассисон таъкид мекунанд, тоза шурӯъ шудааст. Имсол, тибқи дурнамо аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба мамолики хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Мақомоти Хатлон мегӯянд, то 27 май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба хориҷи мамлакат ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна маҳсулоти бештар содирот шудааст.

Манбаъ таъкид кардаст, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Русия ва Қирғизистон равона гардидааст.

119
Президент Эмомали Рахмон открыл спортивный комплекс в Ховалингском районе

Раиси Хатлон ба Президент дар бораи иҷрои амраш ҳисобот дод: чанд иншооти наву ҷойи кор?

255
(Таҷдидшуда 20:53 27.05.2020)
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумат, таҳти раёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи бунёду навсозии иншоот ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ҳисобот додаст

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар оғози маҷлиси Ҳукумат, Ҳакимзода дар бораи ҷараёни иҷрои амри Президенти Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ҳисобот додаст.

Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

“Таъкид гардид, ки дар қаламрави вилоят дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла бунёду навсозии беш аз 7500 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 3901 иншоот корҳои сохтмонию навсозӣ аллакай анҷом ёфтааст, ки 52 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр гардид, ки аз шумораи умумии иншооти сохташуда ва навсозигардида, 3210 иншоот ё 82 фоизи он аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ анҷом дода шудааст.

“Аз ин ҳисоб дар вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2018-2019 ва се моҳи соли 2020 4742 ҷойи кори доимӣ ва 11 161 ҷойи кори мавсимӣ ташкил карда шудааст”, - ҳисобот додаст раиси Хатлон.

Ба таъкиди раиси вилоят, аз шумораи умумии иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмону навсозияшон ба нақша гирифташуда, аз ҷумла 603 иншооти соҳаи маориф, 941 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 210 иншооти фарҳангӣ ва 590 иншооти варзишию солимгардонӣ ба ҳисоб меравад.

Котибот мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар муҳимияти таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро таъкид намуда, ба роҳбарияти вилоят ва расиони шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати тақвияти тадбирҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи ин санаи таърихӣ, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва афзун намудани шумораи ҷойҳои нави корӣ, назорати сатҳу сифати корҳои сохтмонию навсозӣ ва рушди инфрасохтори маҳал, дастуру супоришҳои мушаххас дод.

255
Барчаспҳо:
Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
День 28 мая

Ҷашнҳои рӯзи 28 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 03:53 28.05.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми май дар Тоҷикистн аз Рӯзи сарҳадчиён ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Эфиопия Рӯзи суқути низомӣ қайд карда мешавад

Рӯзи 28 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1993 Монако узви 182-юми СММ шуд.

Соли 2009 Президенти вақти Туркия Абдулло Гул бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Соли 1863  дар Бостон аввалин маротиба дар Америка полк ташкил карда шуд, ки он танҳо аз сарбозони сиёҳпӯст иборат буд.

Рӯзи 28 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро қабул кард.

Соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда»  тасдиқ гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистону Туркия 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

День 27 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Бишкек миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Соли 2014 пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа  7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2012 дар Минск ҷаласаи шӯрои роҳбарони Агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид.

Соли 2014 дар Баҳрайн Форуми истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистону Баҳрайн баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28май


 

  • Дар Тоҷикистон — Рӯзи сарҳадчиён.
  • Дар Эфиопия — Рӯзи суқути низоми ҳарбӣ.
  • Дар Озарбойҷон- Рӯзи ҷумҳурӣ.
0