Оплата банковской картой, архивное фото

Бонки миллии Тоҷикистон ба низоми нави интиқоли пул пайваст

186
(Таҷдидшуда 17:21 24.10.2019)
Бо ёрии низоми интиқоли пул – “Юнистрим” , ки миёни муҳоҷирон зиёд машҳур аст, равон кардани маблағ тариқи рақами кортӣ ба Тоҷикистон имконпазир шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо бонки Юнистрим пайваст.

Акнун тариқи низоми интиқоли маблағи “Юнистрим”, ки барои муҳоҷирон машҳур аст метавон дар рақамҳои кортҳои бонкии Тоҷикистону Узбакистон – "Корти Милли" ва “Uzcard” пул фиристод, омадааст дар сомонаи  banki.ru..

Дар иттилоия омадааст, ки муштари метавонад маблағро бо доллар, евро ва ё доллар интиқол диҳад ва дар Тоҷикистон онҳоро аз корт бо пули сомонӣ ба даст биоранд.

Барои интиқол додани маблағ муштари бояд бо худ шиноснома ва рақами корти қабулкунандаи пулро дошта бошад. Интиқол дар як лаҳза ба анҷом расонида мешавад.

Барои анҷоми интиқоли маблағ ба Узбакистон ҳақи хизматрасони (комиссия) 0%, аммо ба Тоҷикистон 1,5% -ро ташкил медиҳад.

Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷории “Юнистрим” -  дар равиши номи худ дорои оператор ва низоми интиқоли маблағ мебошад.

Аввалин бор “Юнистрим” дар соли 2006 иҷозатномаи интиқоли маблағро соҳиб гашт, то ин вақт бо номи “Бонки Юниструм” фаъолият дошт.

Чанде пеш хабар дода будем, ки ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ мабғи калон интиқол меёбад. Ҳоло ҳар моҳ ба ҳисоби миёна аз ҷониби ҳар як муҳоҷир 150 доллар ба кишвар интиқол мегардад.

Тайи 7 соли охир тариқи низоми интиқоли пули “Юнистрим” зиёда аз 2 миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

186
Барчаспҳо:
Русия, пул, маблағ, интиқол, "Юнистрим", Тоҷикистон