Пахта, акс аз бойгонӣ

Суғд 71 фоизи нақшаи пахтаро иҷро кард

44
(Таҷдидшуда 20:40 24.10.2019)
Мақомоти Суғд гузориш доданд, ки дар вилоят то 21 октябр 91 ҳазору 913 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 71,2 фоизи нақша баробар аст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тибқи иттилоияи нашркардаи мақомоти Суғд, миёни 14 ноҳия имрӯз пахтакорони навоҳии Ашт 10 351 тонна, Бобоҷон Ғафуров 13 449 тонна, Ҷаббор Расулов 9551 тонна, Зафаробод 18 962 тонна, Конибодом 11783 тонна, Мастчоҳ 18441 тонна ва Спитамен 9331 тонна дурри гаронбаҳоро ба хирман супоридаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

“Дар сегонаи навоҳии пешқадами маъракаи пахтачинӣ бо иҷрои 88,6 дарсади нақша шаҳри Конибодом, 74 дарсади нақша ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 73,9 дарсади нақша ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доранд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли мақомоти Суғд.

Манбаъ афзуд, тибқи нақша имсол дар вилояти Суғд қариб 130 ҳазор тонна пахта бояд истеҳсол гардад.

Тибқи маълумоти омории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳмоҳаи соли равон дар мамлакат 161 ҳазору 722 тонна  пахта  тонна истеҳсол шудааст. Ба гузориши “Ховар”, ҳоло дар пахтазори ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони ҷумҳурӣ барои беталаф ғундоштани  ҳосили бо заҳмат рӯёнида  аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.

44