Раджаббой Ахмадзода встретился с главой компании Медовед Дмитрием Дилдиным

Ширкати русӣ асалҳои Тоҷикистонро ба бозорҳои Русия мебарорад

81
Роҳбари ширкати русиягии “Медовед” зимни мулоқот бо мақомоти вилояти Суғд таъкид намудааст, ки ширкаташ метавонад асалҳои дар Суғд истеҳсолшударо ба бозорҳои Русия ворид намояд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Рӯзи 24 октябри соли равон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо роҳбари ширкати “Медовед”-и Русия Дмитрий Дилдин дидору гуфтугӯ кард.

Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст, раиси вилоят зимни суҳбат таъкид кардааст, ки мақомоти вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

“Дар ин раванд занбӯри асалпарварӣ низ сол аз сол рушд ёфта, дар назар аст, ки то соли 2021 истеҳсоли асал то ба 3 ҳазор тонна расонида шавад”, - таъкид намудааст Аҳмадзода.

Ҳамзамон зимни мулоқот зикр гардид, ки алҳол, дар ҳудуди вилоят наздик ба 70 ҳазор оилаи занбўри асал парвариш ёфта, асали дар вилоят истеҳсолшуда аз лиҳози экологӣ тоза буда, асосан аз гули зардолу, пахта, ширеш, кавар, офтобпараст, аврук, юған ва дигар растаниҳои энтономофилӣ гирифта мешавад ва пурра барои содирот нигаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Дилдин, роҳбари ширкати русӣ  бо изҳори сипос аз истиқболи самимӣ иброз дошт, ки хостори густариши равобит аст ва ширкати “Медовед” метавонад аз асали дар Суғд истеҳсолшавандаро ба бозори Русия дастрас намояд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, тарафҳо зимни мулоқот изҳори боварӣ карданд, ки робитаҳоро тақвият дода мешавад ва барои содироти асал аз Суғд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳад шуд.

81
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, истеҳсол, воридот, содирот, асал, ширкат, Русия, Суғд