Ахмадзода провел встречу с представителями компании Азия Агро Групп”

Раиси вилояти Суғд ба сармоягузорони рус ташкили корхонаҳои коркард пешниҳод кард

159
Суғд барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ заминаҳои мусоид фароҳам мебошад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо ҳайати соҳибкорони Русия бо роҳбарии директори ширкати “Азия Агро Групп” Иля Надейкин дидору мулоқот кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, зимни мулоқот раиси вилоят баён дошт, ки  айни замон дар вилояти Суғд  барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ заминаҳои мусоид фароҳам мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард,  ки дар вилояти Суғд номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, кишоварзони вилоят метавонанд навъҳои гуногуни зардолу, себ, олуи тар, лиму, асал, гелосу шафтолу ва ғайраҳоро содирот намоянд.

Зимни мулоқот, ҷониби вилоят хостори тақвияти ҳамкориҳо бо доираҳои тиҷоратии Русия шуд. Раиси вилоят барои ташкили корхонаҳои коркард таъкид кард ва гуфт барои ин иқдоим ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳайати соҳибкорони рус ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкориҳо ва харидории меваю сабзавоти истеҳсоли Тоҷикистон баён намуданд.

159
Барчаспҳо:
рус, саноат, кишоварзӣ, истеҳсол, соҳибкорӣ, фаъолият, Суғд