Вывеска Управляющей компании РУСАЛ

Кохонаи “ТАЛКО Кемикал” ширкати “Русал”-и Россияро бо маҳсулот таъмин кард

209
(Таҷдидшуда 16:57 26.10.2019)
Корхонаи “ТАЛКО Кемикал”-и ноҳияи Ёвон дар зарфи 8 моҳи соли равон беш аз 1530 тонна фториди алюминий ба Русия содирот намудааст

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, корхонаи “ТАЛКО Кемикал”-и ноҳияи Ёвон ширкати “Русал”-и Россияро бо 1534 тонна маҳсулот таъмин намудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, корхонаи мазкур дар соли равон 2216,5 тонна фториди алюминий, 374,2 тонна криолит, 339,6 тонна кислотаи сулфат ва 744,6 тонна коагулянтро ба маблағи беш аз 34 миллион сомонӣ фурӯхтааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар зарфи 8 моҳи соли равон 1534,7 тонна фториди алюминий ба Русия содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1045 тонна зиёд мебошад.

Инчунин, 374,2 тонна криолит ва 681,8 тонна фториди алюминий ба корхонаи алюминбарории тоҷик, 744,6 тонна коагулянт ба КВД “Обу корез”-и шаҳри Душанбе ва 339,6 тонна кислотаи сулфат ба дигар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба фурӯш рафт.

Эраҷ Раҳмонов, директори генералии ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” қайд намудааст, ки соли гузашта дар корхона 3 ҳазору 362 тонна фториди алюминий, 465 тонна криолит, 11 ҳазору 625 тонна кислотаи сулфат истеҳсол шуда буд.

“Ин маҳсулот барои эҳтиёҷоти “Ширкати алюминийи тоҷик” истифода шуда, соли гузашта ширкати “Русал”-и Русия бо 1534 тонна маҳсулот таъмин гардид. Ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 60 тонна криолит ва ба Қазоқистон 19 тонна фториди алюминий фурӯхта шуд”, - зикр намудааст Эраҷ Раҳмонов.

Дар ҳамин ҳол вай илова кардааст, ки ҳаҷми солонаи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхона аз рӯи лоиҳа 18 ҳазор тонна фториди алюминий, 12 ҳазор тонна криолит ва то 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат мебошад. Дар корхона 546 мутахассиси ватанӣ бо ҷойи кор таъмин буда, музди моҳонаи онҳо беш аз 2 ҳазор сомониро ташкил медодааст.

209
Барчаспҳо:
Ёвон, содирот, маҳсулот, Русия, РУСАЛ, ТАЛКО, Тоҷикистон