Марзи Тоҷикистону Афғонистон, акс аз бойгонӣ

Додугирифти мол миёни Тоҷикистону Афғонистон 40% афзоиш ёфт

41
(Таҷдидшуда 16:00 31.10.2019)
Ожонси омори Тоҷикистон аз афзоиши додугирифти мол бо Афғонистон хабар дод, ки тайи 9 моҳ ба андозаи 40 дарсад зиёд шудаст

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Афғонистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши беш аз 81,5 миллион доллар гардиши молиро анҷом доданд, ки ин шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 40 дарсад рушдро нишон медиҳад, хабар дод ТоҷикТА.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Тоҷикистон дар баробари содироти барқ ва семент фурӯши нахи пахтаро низ ба Афғонистон афзоиш додаст.

Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки гардиши савдои хориҷии кишвар тайи 9 моҳи соли равон беш аз 3,1 миллиардро долларро ташкил дод, ки қисми бештари онро воридот ташкил медиҳад

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, таодули бозаргонӣ дар ин муддат 1 миллиарду 621,7 миллион доллар манфӣ буд.

“Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба арзиши 768,3 миллион доллар коло содир кард. Ҳаҷми воридот дар ин муддат 2 миллиарду 390 миллион доллар буд. Ҳаҷми воридот дар муқоииса бо содирот 3,1 баробар афзун аст”, - омадааст дар иттилоия.

Тоҷикистон дар ин муддат бо 102 кишвари ҷаҳон гардиши молиро анҷом дод. Русия, Қазоқистон ва Чин шарикони аслии бозаргонии ҶТ мебошанд.

41
Барчаспҳо:
додугирифти мол, савдо, Афғонистон, Тоҷикистон