Бинои Бонки миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон

394
(Таҷдидшуда 15:35 07.11.2019)
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, қурби рубли русӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0,153 то 0,1545 сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои бозори ғайринақдӣ қурби расмии 1 рубли русиро боло бурда, 0,153 сомонӣ муқаррар кардааст.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз қурби 1 доллари ИМА - 9.6954 сомонӣ, 1 евро - 10.7832 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1530 сомониро ташкил медиҳад.

Бонки миллӣ дар мавриди қурби асъори хориҷӣ дар бозори нақд хабар дод, ки қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар ташкилоти қарзии кишвар аз 9.6954 то 9.7000 сомонӣ, 1 евро аз 10.7832  то  10.8000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1530 то  0.1545 сомонӣ мебошад.

БМТ ҳушдор додаст, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

394
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ

Бе коррупсия ва ситондани бизнес бо зӯрӣ: Файзов 6 шарти рушди соҳибкориро гуфт

996
(Таҷдидшуда 20:34 07.07.2020)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар машварати васеъ бо ҳузури мақомдорони давлатию созмонҳои ҷамъиятӣ масъалаи рушди соҳибкорию дастгирии давлатиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Ёдгор Файзов зимни машварати васеъ изҳор дошт, ки  дар тамоми дунё барои рушди соҳибкорӣ шаш омили асосӣ вуҷуд дорад.

"Якум барои рушди соҳибкорӣ, аз нуқтаи назари андоз, коррупсия, бақайдгирӣ ва ғайра дар доираи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоид бояд фароҳам оварда шавад. Дуюм ба роҳ мондани дастрасӣ ба захираҳои маблағӣ аз тариқи грант, кредитҳои фоиздор ва бефоиз, лизинг, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дониш мебошад", - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ тавзеҳ дод, касоне, ки ба тиҷорат сарукор мегиранд, бояд дониши муайян дошта бошанд. Масъалаи сеюм ташкил намудани бозори дохилӣ, донорҳои сабз ва дастрасӣ ба бозори хориҷӣ арзёбӣ шуд.

Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки таъмини ҳуқуқи молу мулкӣ аз омилҳои дигари рушд мебошад, чун соҳибкор бояд мутмаин бошад, ки бизнеси ӯро касе зӯран гирифта наметавонад.

“Масъалаи охирин ин дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ оиди тавлид намудани молҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ мебошад”, - гуфт раис.

Тавсиф аз Суғду дастур ба мақомдорони ВМКБ

Раиси ВМКБ аз дастовардҳои бахши хусусии вилояти Суғд тавсиф кардааст, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин вилоят мушоҳида кардаст. Дидем, ки чӣ тавр дар доираи ин меъёрҳо ва талабот соҳибкорӣ рушд кардааст, изҳор дошт ӯ.

Файзов барои сардорони Раёсати сармоягузорӣ, андоз, бонкҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор лозим донистааст, ки таклифу пешниҳодҳои худро барои беҳтар амалӣ гардидани Барнома ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, содагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш пешниҳод намоянд.

996
Барчаспҳо:
ВМКБ, соҳибкорӣ, савдо, иқтисод, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Уфти якбораи рубл: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард

604
(Таҷдидшуда 09:15 07.07.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тибқи нишондодҳо дар бонкҳои кишвар рубл тайи ҳафтаи равон аз 4 то наздики 7 сомонӣ поин рафтааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1431 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3092 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6762то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бар пояи нишондодҳои ахир, арзиши рубл дар бозори асъори кишвар, ки ҳафтаи гузашта каме боло буд, ин ҳафта дар бонкҳои кишвар аз 4 то наздики 7 сомонӣ поин нишон дода шудааст.

Доллар бошад, давоми ҳафтаи равон дар ҳоли суқут қарор дорад, аммо коршиносони умури иқтисод қаблан гуфта буданд, ки ҷаҳиши ин астъор дар моҳи июл шурӯъ хоҳад шуд.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ҷаҳиши боварнакардании доллар дар тобистон: пешгӯии иқтисоддонҳо

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1475 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1335 то 0,1490 сомонӣ нишон дода шудааст.

Иқтисодчиён пешбинии дақиқи қурби долларро то тирамоҳ гуфтанд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

604
Барчаспҳо:
поин, евро, доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Бонки Миллӣ
День 8 июля

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 21:55 07.07.2020)
Рӯзи ҳаштуми июл дар Тоҷикистон аз Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Дар Русия бошад Рӯзи оила, боварӣ ва муҳаббат қайд гирифта мешавад

Рӯзи 8 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1884 дар Лондон Ҷамъияти миллӣ оид ба пешгирии бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон таъсис дода шуд.

Соли 1918 дар шаҳри Киеви Украина Сенати давлатии Украина ташкил карда шуд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 1948 бомбаандози реактивии "Ил-28" аввалин парвози худро анҷом дод.

Соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии "Қаҳрамонмодар» таъсис дода шуд.

Соли 1796 Департаменти давлатии ИМА аввалин маротиба ба шаҳрвандони ин кишвар шиноснома дод.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1889 аввалин шумораи рӯзномаи "The Wall Street Journal", ки яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА мебошад, нашр шуд. Соли 2010 адади нашри он ба зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор нусха расид.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.

Cоли 2004 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи ИДМ Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои хусусияти  минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии миёни мамлакатҳои узви ИДМ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

День 6 июль
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Cоли 2010  дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Департаменти федералии молияи Швейтсария  Эвелин Видмер-Шлюмпф масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.

Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.

Дар Русия — Рӯзи  оила, боварӣ ва муҳаббат.

Рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1903 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Николай Каюков.

Соли 1948 – рассом Раҳматулло Абдураҳмонов.

Соли 1950 – ходими давлатӣ Бобохон Маҳмадов.

Соли 1959 – ҳофиз, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Усмоналӣ Раҳматов.

Соли 1964 – раққоса, ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Заррина Ёдгорова.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон