Ҷамъоварии гандум, акс аз бойгонӣ

Ҷамъоварии ғалла дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист

74
(Таҷдидшуда 10:49 10.11.2019)
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гузориш дод, ки то даҳаи аввали моҳи равон дар кишвар наздики 825 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон то даҳаи аввали моҳи ноябр қариб 290 ҳазор гектар ғаллазорро даравида, зироати 280 ҳазор гектари онро барои истеҳсол омода намудаанд.

Имсол дар ҷумҳурӣ 291 ҳазору 510 гектар зироати ғалла кишт шуд, хабар дод нашрияи “Ҷумҳурият” бо такя ба Вазорати кишоварзӣ.  

Манбаъ афзуд, дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла аз кишти такрорӣ дар арафаи анҷомёбист.

“Ҳосили умумии зироати ҷамъоваришуда 824 ҳазору 828 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла беш аз 1100 комбайн сафарбар гаштааст”, - омадааст дар матлаб.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар баъзе минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили ғалла, идома дошта, то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба итмом хоҳад расид.

74
Продажа муки

Орд арзон мешавад?: вазири тоҷик аз афзоиши истеҳсоли орд дар Тоҷикистон таъкид кард

555
(Таҷдидшуда 11:59 05.08.2020)
Айни замон дар ҷумҳурӣ 47 корхонаҳои ордбарорӣ фаъолият дошта, танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон 374 ҳазору 982 тонна орд истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 43 ҳазору 136 тонна зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода дар нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон бо сабаби паҳн шудани бемории коронавирус дар ҷаҳон аввалҳои моҳи март дар ҷумҳурӣ  арзиши орд ба таври сунъӣ боло рафт.

 “Имрӯз корхонаҳои ордбарории мамлакат на танҳо имконияти  таъмини пурраи аҳолиро бо орди хушсифати ватанӣ доранд, балки  ба кишварҳои ҳамсоя, назири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ содироти онро ба роҳ мондаанд”, - таъкид дошт Вазири саноат ва технологияҳи нав.

Ҳамчунин вай афзуд, ки тоҷирон ё шахсони манфиатдоре, ки ба таври сунъӣ арзиши ордро боло бурданд, аз вазъи бозор бехабаранд, зеро дар чанд соли охир корхонаҳои мо Тоҷикистонро пурра бо орди ватанӣ таъмин мекунанд.

“Дилхоҳ корхона метавонад аз хориҷи мамлакат ба ҷумҳурӣ гандум ворид намояд, зеро дар ин самт ягон мушкилӣ ҷой надорад. Танҳо ширкатҳоеро, ки гандум  ворид месозанд, зарур аст истеҳсоли ордро ба роҳ монанд”-, афзуд вазир.

Мавсуф гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 воридоти гандум камтару  орд бештар шудааст.

Дар ҳамин ҳол вазири саноат ва технологияҳои нав таъкид дошт, ки бештари гандум аз Қазоқистон ва Русия ворид мешавад, ки арзиши он дар кишварҳои истеҳсолкунанда низ боло рафтааст.

“Агар хоҷагиҳои деҳқонӣ тавонанд корхонаҳои ватаниро бо гандуми дохилӣ пурра таъмин намоянд, дар ин сурат арзиши орд низ поён меравад”, - гуфт ӯ.

Дар ҳоли ҳозир, дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф  айни замон арзиши як халта орди 50 кг навъи якум аз 227 сомонӣ шурӯъ мешавад.

Гуфта шудааст, ки дар соли 2019 талаботи бозори дохилӣ дар ҳаҷми 710,1 ҳазор тонна орд пурра таъмин карда шуда, 3132,5 тонна орд ба хориҷи мамлакат содир шудааст.

555
Барчаспҳо:
корхона, вазир, истеҳсол, орд, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана

“Имконият Ховар” барҳам хурд

292
(Таҷдидшуда 02:26 05.08.2020)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз барҳамхурии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар” хабар дод.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатӣ дар асоси моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” дархости ҶДММ Ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар”- ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки қарори раёсат дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ санаи 3 августи соли равон қабул шудааст .

Манбаъ қайд кардааст, ки мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Имконият Ховар” барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳиро таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

292
Барчаспҳо:
"Ховар", ташкилоти қарзии хурд, ташкилот, бонк, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

0
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

0