Рамзи фоиз, акс аз бойгонӣ

ММД-и Тоҷикистон сари ҳар сокин наздики 600 доллар шуд

226
(Таҷдидшуда 13:23 10.11.2019)
Ожонси омори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сари ҳар сокини кишварро дар 9 моҳи соли равон наздики 600 доллари амрикоӣ арзёбӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тавлиди нохолис ё маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бар сари аҳолӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 5 ҳазору 747 сомонӣ, муодили 593 доллар буд, гузориш дод ТоҷикТА аз қавли Ожонси омор.

Манбаъ аз қавли Ожонс афзуд, шумори аҳолии кишвар дар ин муддат аз 9,2 миллион нафар бештар шуд.

Барномарезӣ шуда буд, ки соли равон дар кишвар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 78,2 миллиард сомонӣ баробар шавад, ки ин тақрибан 8,2 миллиар доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Раҳмон гуфт, сарулибосаш хориҷист: супориш барои ислоҳи вазъ

Соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 68 миллиарду 844 миллион сомонӣ баробар шуда буд. Ба ҳисоби миёни ММд ба сари ҳар сокини кишвар дар охири соли 2018 муодили 7 ҳазору 565 сомонӣ буд.

226
Продажа муки

Орд арзон мешавад?: вазири тоҷик аз афзоиши истеҳсоли орд дар Тоҷикистон таъкид кард

555
(Таҷдидшуда 11:59 05.08.2020)
Айни замон дар ҷумҳурӣ 47 корхонаҳои ордбарорӣ фаъолият дошта, танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон 374 ҳазору 982 тонна орд истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 43 ҳазору 136 тонна зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода дар нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон бо сабаби паҳн шудани бемории коронавирус дар ҷаҳон аввалҳои моҳи март дар ҷумҳурӣ  арзиши орд ба таври сунъӣ боло рафт.

 “Имрӯз корхонаҳои ордбарории мамлакат на танҳо имконияти  таъмини пурраи аҳолиро бо орди хушсифати ватанӣ доранд, балки  ба кишварҳои ҳамсоя, назири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ содироти онро ба роҳ мондаанд”, - таъкид дошт Вазири саноат ва технологияҳи нав.

Ҳамчунин вай афзуд, ки тоҷирон ё шахсони манфиатдоре, ки ба таври сунъӣ арзиши ордро боло бурданд, аз вазъи бозор бехабаранд, зеро дар чанд соли охир корхонаҳои мо Тоҷикистонро пурра бо орди ватанӣ таъмин мекунанд.

“Дилхоҳ корхона метавонад аз хориҷи мамлакат ба ҷумҳурӣ гандум ворид намояд, зеро дар ин самт ягон мушкилӣ ҷой надорад. Танҳо ширкатҳоеро, ки гандум  ворид месозанд, зарур аст истеҳсоли ордро ба роҳ монанд”-, афзуд вазир.

Мавсуф гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 воридоти гандум камтару  орд бештар шудааст.

Дар ҳамин ҳол вазири саноат ва технологияҳои нав таъкид дошт, ки бештари гандум аз Қазоқистон ва Русия ворид мешавад, ки арзиши он дар кишварҳои истеҳсолкунанда низ боло рафтааст.

“Агар хоҷагиҳои деҳқонӣ тавонанд корхонаҳои ватаниро бо гандуми дохилӣ пурра таъмин намоянд, дар ин сурат арзиши орд низ поён меравад”, - гуфт ӯ.

Дар ҳоли ҳозир, дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф  айни замон арзиши як халта орди 50 кг навъи якум аз 227 сомонӣ шурӯъ мешавад.

Гуфта шудааст, ки дар соли 2019 талаботи бозори дохилӣ дар ҳаҷми 710,1 ҳазор тонна орд пурра таъмин карда шуда, 3132,5 тонна орд ба хориҷи мамлакат содир шудааст.

555
Барчаспҳо:
корхона, вазир, истеҳсол, орд, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана

“Имконият Ховар” барҳам хурд

292
(Таҷдидшуда 02:26 05.08.2020)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз барҳамхурии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар” хабар дод.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатӣ дар асоси моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” дархости ҶДММ Ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар”- ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки қарори раёсат дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ санаи 3 августи соли равон қабул шудааст .

Манбаъ қайд кардааст, ки мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Имконият Ховар” барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳиро таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

292
Барчаспҳо:
"Ховар", ташкилоти қарзии хурд, ташкилот, бонк, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

0
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

0