Работа контейнерного терминала Калининградского морского торгового порта

Додугирифт миёни Русияву Тоҷикистон наздик ба як миллиард доллар расид

94
Вазорати молияи Тоҷикистон омореро пешниҳод кардааст, ки дар он ҳаҷми додугирифти ҷумҳурӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон нишон дода шудааст

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар соли 2019 яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон мисли пештара Русия ба шумор меравад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати молияи кишвар.

Тибқи омори Вазорат аз моҳи январи то моҳи октябри соли равон ҳаҷми додугирифт миёни Русияву Тоҷикистон беш аз 859 миллион доллар ташкил додааст.

Дар ҷои дувум Қазоқистон ҷойгир шудааст. Миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар давоми даҳ моҳи соли равон 714,4 миллион долларро ташкил додааст. дар ҷои севум Чин қарор гирифтааст. Додугирифт миёни ду кишвар 526,2 миллион долларро ташкил додааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон илова кардааст, ки аз моҳи январ то моҳи октябри соли равон ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ ба 4,4 дарсад афзоиш ёфта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 миллиард доллар зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳо, маблағи содирот ба 961,3 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта низ 6,4 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар омор таъкид шудааст, ки тавозуни савдо дар даҳ моҳи соли равон манфӣ ташаккул ёфта, беш 1,7 миллиард долларро ташкил додааст.

94
Барчаспҳо:
миллиард, Русия, кишварҳои хориҷӣ, ҷумҳурӣ, додугирифт, вазорати молия, Тоҷикистон