Торговля на рынке Мехргон

Баландшавии нархи гӯшт, дорӯ ва чиптаи ҳавопаймо дар Тоҷикистон

418
(Таҷдидшуда 13:40 21.11.2019)
Дар Тоҷикистон нархи гӯшт ба таври эҳсосшаванда баланд шуд. Ҳамчунин нархи нон, маҳсулоти ордӣ, сабзавот, ширу маҳсулоти ширӣ ва ғайраҳо гарон шудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар Тоҷикистон 9,2 дар сад боло рафтааст, омадааст дар иттилоияи Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Миёни маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳама зиёд нархи гӯшт – 21,1 дар сад, гарон шудааст.  Нархи нон ва хӯришҳои аз орд тайёр мешудагӣ 17,2 фоиз, сабзавот – 11,3%, шир ва маҳсулоти ширӣ – 3,5 дар сад гарон шудааст.

Ғайр аз маҳсулоти озуқа нархи дигар молу ашё низ боло рафтааст. Масалан нархи дорӯворӣ дар Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ 12,3  дар сад, техникаҳои рӯзғордорӣ – 6,9 гарон шудааст.

Ҳамчунин нархи маҳсулоти сохтумонӣ низ дар кишвар ба таври эҳсосшаванда баланд шудааст, масалан, нархи хишти пухта ба 5,8 дар сад боло рафтааст.

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо чун ҳамеша имсол низ аз гароншавӣ боз намонда, баробар ба 6,3 фоиз боло рафтааст.

Дар ин ҳол нархи тарофаҳои хизматрасониҳои маишӣ 3,6 ва арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ 2,9 дар сад боло рафтаанд.

418
Барчаспҳо:
гӯшт, дӯкони чиптафурӯшӣ, гарон, нарх, Тоҷикистон