Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Посухи раиси Бонки миллӣ дар бораи бастани “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”

2747
(Таҷдидшуда 10:45 27.11.2019)
Дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон вазъи ду бонки бузурги кишвар – “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” баррасӣ шуда, раиси Бонки миллӣ ҳолати кунунии ин бонкҳоро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон аз Ҷамшед  Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ дар бораи ҳоли “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” пурсида, афзуд, ки оё масъалаи бозпас гирифтани литсензияи ин ду бонк ҳоло дар Бонки миллӣ мавриди баррасӣ ҳаст ё не.

Дар посух раиси Бонки миллӣ изҳор дошт, феълан “Агроинвестбонк” аз амонатгузорон 667 миллион қарздор асту “Тоҷиксодиротбонк” аз 13 ҳазору 955 нафар 441 миллион сомонӣ қарздор мебошад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода афзуд, дар бонкҳое, ки мудирияти муваққатӣ ҷорӣ карда шудааст, вазъи фаъолияташон бад нест.

Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

“Масалан, дар “Тоҷпромбонк” 315 нафар пасандозгузор боқӣ монда, бонк уҳдадориашро дар назди пасандозгузорон дар ҳаҷми 156 миллион сомонӣ кам кардааст. “Фононбонк” ҳоло аз 15 шахси воқеию ҳуқуқӣ қарздор буда, 64 пасандозгузор пасандозашонро нагирифтаанд. Амволи бонк ба фурӯш бароварда шудааст ва баъди ба савдо рафтани он бонк дар назди мизоҷон ва дигар ташкилотҳо уҳдадориашро ба иҷро расонида метавонад", - изҳор дошт Нурмаҳмадзода.

Вай дар мавриди "Тоҷиксодиротбонк" тавзеҳ дод, ки дороии имрӯзаи бонки мазкур 3 миллиарду 157 миллион сомониро ташкил намуда, уҳдадориаш дар назди мизоҷон 1 миллиарду 321 миллион сомонӣ боқӣ мондааст.

"Дар ин давра бонк дар ҳаҷми 2 миллиарду 417 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар назди пасандозгузорон — ашхоси воқеӣ 759 миллион сомонӣ уҳдадориашро кам карда, ҳоло аз шахсони воқеӣ, ки шумораашон 13955 нафар мебошад, 441 миллион сомонӣ қарздор мондааст”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Бонки миллӣ.

Бонки Миллӣ: кори "Агроинвестбонк" баду аз "Тоҷиксодиротбонк" беҳтар

Ӯ дар мавриди “Агроинвестбонк” иттилоъ дод, ки уҳдадории худро дар ҳаҷми 1 миллиарду 142 миллион сомонӣ дар назди пасандозгузорон ва шахсони ҳуқуқӣ кам кард.

“Пасандозгузорони бонк 18 ҳазор кам шуда, 32 ҳазор боқӣ мондаанд. Қарзи бонк аз амонатгузорон ва дигар шахсони ҳуқуқӣ 667 миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Тибқи уҳдадорӣ, бонк моҳи ноябри соли ҷорӣ боз 40 миллион сомонӣ қарзро аз амонатгузорон кам мекунад”, - гуфт Нурмаҳмадзода.

Раиси Бонки миллӣ таъкид намуд, ки роҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки уҳдадориҳояшонро дар назди пасандоз­гузорон ва дигар ашхоси ҳуқуқию воқеӣ ба иҷро расонанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба роҳбарияти Бонки миллӣ таъкид намуд, ки кӯшиш бояд намуд, ки ин масъалаҳо ҳар чӣ зудтар ҳалли худро ёбанд, зеро пешравии иқтисодиёт бе фаъолияти муназзами бонкҳо ғайриимкон аст. Боварии мардумро ба бонкҳо бояд баргардонид, то ин ки дубора ба онҳо рӯ оваранд, зарур хонд Зуҳуров.

2747
Барчаспҳо:
Тоҷиксодиротбонк, Агроинвестбонк, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Саидҷаъфар Исмонов, Бонки миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон
Мошинҳои боркаш, акс аз бойгонӣ

Савдои хориҷии Хатлон беш аз 217 миллион долларро ташкил додаст

34
(Таҷдидшуда 13:44 25.10.2020)
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, зимни як ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои гуногуни вилоятро тайи 9 моҳи соли равон ҷамъбаст кард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ ба 217,2 миллион доллари амрикоӣ расид, хабар дод нашрияи “Ҷумҳурият” аз қавли котиботи ҳукумати Хатлон.

Манбаъ афзуд, содироти мол 100,9 миллион долларро ташкил дода, воридоти он ба 116,3 миллион доллар расидааст.

“Аз вилоят ба хориҷи кишвар, асосан, нахи пахта, калобаи ресандагӣ, неруи барқ, семент, шираи камол, ангишт ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, нурии минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти кишоварзӣ, тиббӣ, шакар ва дигар анвои маҳсулот ворид шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Инчунин ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят 36 ҳазору 204 ҷойи нави кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт.

“Аз ҳисоби 302 ярмаркаи ҷойҳои кории холии баргузоршуда 3 ҳазору 270 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар умум, 5 ҳазору 308 нафар бо шуғл фаро гирифта шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.

34
Барчаспҳо:
савдо, Хатлон, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ

Ташкили колхозу кооператив ба ҷои хоҷагиҳои оилавӣ: пешниҳоди ҳукумати ВМКБ

1999
(Таҷдидшуда 20:58 23.10.2020)
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз натиҷаи машварати назоратии назди раиси вилоят гузориш дод, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ё худ оилавӣ дар вилоят таҷдиди сохтор шаванд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҳукумати ВМКБ теъдоди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ё худ оилавиро 15 ҳазору 844 адад гуфта, фаъолияти онҳоро ноустувор ва нокифоя хондааст.

Бар асоси иттилоияи нашркардаи мақомоти ВМКБ, гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳо - ташкили кооперативҳои истеҳсолию колхозҳо зарур аст. Манбаъ илова намудааст, ки инчунин зиёда аз 1300 гектар замин солҳои дароз дар зери сохтмон ҳастанд, вале ҳанӯз аз ҳисоботи омори замини кишт бароварда нашудаанд

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ,  барои истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда ва таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ  ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро пешниҳод карда буд.

“Хочагиҳои деҳқонии инфиродӣ имрӯз дар вилоят зиёда аз 16 ҳазор ҳастанд, вале ҳиссаи ҷамъи замин ба ҳар яки онҳо 0,10 ҳисса мерасад. Ба ин хотир ассотсиатсияҳо ё кооперативҳои хоҷагиҳои деҳконӣ таъсис додан зарур аст. Ин омил имкон медиҳад, на танҳо ҳисобу китоби фаъолият, балки тавлиди зиёди ҳосили рӯёнда ва андозбандии онҳо, ҳамзамон хизматрасониҳои дигар ба онҳо беҳтар ба роҳ монда мешаванд", - омада буд дар изҳороти Файзов, ки котиботи ҳукумати ВМКБ нашр карда буд.

1999
Барчаспҳо:
ВМКБ, пешниҳод, Тоҷикистон
Марзбони тоҷик, акс аз бойгонӣ

КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

502
(Таҷдидшуда 22:44 25.10.2020)
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии КДАМ, рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

"Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Манбаъ афзуд, хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд.

Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар  гуфтушунид идома дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан бо нашри як изҳорот гуфт, марзбонҳои қирғиз барои ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба ҳаво тир холӣ карданд.

502
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, марз, Тоҷикистон