Министр экономического развития и торговли Нематулло Хикматуллозода прибыл в Каир, Египет

Тақвияти ҳамкориҳои энергетикии Тоҷикистону Миср

76
(Таҷдидшуда 19:11 28.11.2019)
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва вазири шабакаҳои барқӣ ва энергетикаи барқароршавандаи масоили тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетикаро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон  бо Вазири шабакаҳои барқӣ ва энергетикаи барқароршавандаи Ҷумҳурии Мисри Араб доктор Мухаммад Шакур Ал-Маркабӣ масоили тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика баррасӣ карданд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст, Неъматулло Ҳикматуллозода ба Миср барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Мисри доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ба шаҳри Қоҳираи сафар намуд.

Дар ҳошияи сафари мазкур мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири шабакаҳои барқӣ ва энергетикаи барқароршавандаи Мисри доктор Мухаммад Шакур Ал-Маркабӣ сурат гирифтааст.

“Дар рафти мулоқот тарафҳо перомуни тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла истифодаи имконоту захираҳои мавҷудаи соҳа, ҷалби сармоя ва боздиду шиносоии мутахассисони соҳа аз объектҳои энергетикии ҳарду ҷониб мубодилаи афкор намуданд”,- таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ зикр намудааст, ки тарафҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ баён карданд.

76
Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, ҳамкорӣ, энергетика, Миср, Тоҷикистон
Ведущий научный сотрудник Института экономики РАН Зарина Дадабаева

Дадабоева: Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳоло мушкили муҳоҷиратро ҳал намекунанд

202
(Таҷдидшуда 13:00 12.08.2020)
Муҳаққиқи Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои сиёсӣ Зарина Дадабаева шарҳ дод, ки оё имкон дорад бо кумаки Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷараёни муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Россия кам карда шавад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Зарина Дадабоева дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз Тоҷикистон захираҳои озоди корӣ асосан ба Русия барои кор мераванд.

Бо мақсади коҳиш додани ҷараёни муҳоҷират, дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил карда шуданд, ки ҳоло тавони коҳиши муҳоҷиратро надоранд, гуфт коршинос.

Ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ дар МОИ набояд аз 20% шумораи кормандон зиёд бошад ва барои кор дар ин минтақаҳо бояд шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб шаванд, илова кард Дадабоева.

"Дар тӯли ин муддат, тақрибан 800 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд, ки то ҳол ин мушкилро ҳал намекунад", шарҳ дод, мутахассиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои Русия.

Дадабоева иброз дошт, ки агар сармоягузорон ба минтақаҳои саноатӣ маблағгузорӣ кунанд, ин ҳам барои худи онҳо ва ҳам барои Тоҷикистон фоидаовар хоҳад буд ва чунин ҷараёни бузурги муҳоҷирони меҳнатӣ вуҷуд нахоҳад дошт.

Муовини вазир: дар МОИ “Кӯлоб” 4 ҳазор сокини шаҳр бо кор таъмин мешаванд

Бозгашт ба масъалаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коршинос қайд кард, ки онҳо дар савдои хориҷӣ, баланд бардоштани иқтисодиёт ва рушди саноат дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда нахоҳанд дошт.

202
Барчаспҳо:
кор, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, иқтисод, муҳоҷират, Тоҷикистон
Денежные купюры США

Низоми тандурустии Тоҷикистон аз буҷа 25 миллион доллар кам пул гирифт

132
(Таҷдидшуда 12:46 12.08.2020)
Дар нимаи аввали соли 2020 ягон бахши давлатии Тоҷикистон 100% аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон маблағе, ки аз буҷаи кишвар пешниҳод мегардад, пурра нагирифтаанд.

Тибқи иттилои агентӣ, дар нимсолаи аввали соли 2020, ҳеҷ як бахши давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 100% маблағгузорӣ нашудааст.

Ҳамин тавр, дар соҳаи тандурустӣ, ҳатто бо назардошти давраи пандемияи коронавирус, танҳо 72,7% маблағи аслӣ равона шудааст.

Агентии омор шарҳ дод, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ 66,9 миллион доллар масраф шудааст, ки аз ҳаҷми нақшаи буҷаи давлатӣ 25 миллион доллар камтар аст.

Манбаъ мегӯяд, дигар соҳаҳо ба ҳисоби миёна 64% -и нақша маблағгузорӣ шудаанд.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз 950,5 миллион доллар зиёд аст, ки ин аз нақшаи ислоҳшуда 44,6 миллион доллар камтар мебошад.

132
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Вазорати молия, маблағ, буҷа, Тоҷикистон
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Писаракро чакан пӯшондаву дар сараш тухм шикастанд: ҳабси блогерон барои пранки таҳқиромез

0
(Таҷдидшуда 13:22 13.08.2020)
Чуноне дар навор дида мешавад як духтарак бо ду ҷавон ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Милисаҳои Душанбе се шаҳрванд, ду ҷавон ва як занро барои пранки ғайриахлоқӣ баздошт намуда, ҳабс ва ҷарима кардаанд.

Тавре РВКД Душанбе гузориш додааст, 11-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном "блогер" мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст.

"Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд.

Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ "блогерҳо" наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” мегӯянд.

"Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, Муҳаммадиев Акбар Одилович ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна мебошанд", -  тавзеҳ медиҳад РВКД ДУшанбе.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии "пранк"-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст.

Милиция Душанбе задержали трех блогеров
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вайрон гардидааст.

Нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кудаки ноболиғ, нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

0