Флаги Ирана и Таджикистана, архивное фото

Ҷаласаи комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон сар шуд

151
(Таҷдидшуда 10:55 03.12.2019)
Сездаҳумин Иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон рӯзи 2 ноябри соли равон дар Теҳрон оғоз ба кор кард

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ризо Ардакониён вазири нерӯ ва раиси эронии Комиссиони муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар оини гушоиши расмии ин иҷлос гуфт, фазои тавсеаи равобити байни ду кишвар нисбат ба гузашта мусбаттар шуда ва бар ин асос Тоҷикистон бояд иқдомҳои муассиртаре барои тавсеаи равобит бо Эрон бардорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Ардакониён бар рафъи монеаҳои мавҷуд дар густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон таъкид кард ва афзуд, иқдоми амалӣ дар иртибот бо суратҳои молӣ марбут ба тарҳи Сангтуда-2 Тоҷикистон талош барои тавсеаи ҳамкории бонкӣ ва омӯзишӣ ва талош барои тасҳили фаолияти сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон такмили нақби Анзоб ва ҳамкориҳои омӯзиширо аз иқдомҳое донист, ки бояд аз сӯи Тоҷикистон барои густариши равобит бардошта шавад.

Вазири нерӯи Эрон бо баёни ин ки кишвари Тоҷикистон бо дар ихтиёр доштани 15 дарсади захираҳои обӣ барқии ҷаҳон аз зарфияти болое дар бахши тавлиди барқ аз манобеи обӣ бархурдор аст афзуд, ниёз аст сармоягузорони эронӣ барои иҷрои тарҳҳои бузург дар ин кишвар ҳузур ёбанд.

Усмонъалӣ Усмонзода вазири энержӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон низ бо баёни ин ки сатҳи мубодилаҳои тиҷорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон поин аст ибрози умедворӣ кард, бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои болои ду кишвар ин мубодилот беш аз пеш афзоиш ёбад.

Вазири энержӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон  ҳамчунин бо ибрози ризоят аз ҳузури ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои тавсеаии Тоҷикистон идомаи ин мушорикатро хостор шуд.

Усмонъалӣ Усмонзода бо ишора ба нақши Эрон дар иҷрои ду тарҳи муҳими Сангтуда-2 ва нақби Истиқлол дар Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои эронӣ дар тарҳи нерӯгоҳи оби барқии Роғун низ мушорикати хубе доранд ва Тоҷикистон аз фаолияти онҳо ризоят дорад.

Сездаҳумин Иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкории иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон аз имрӯз бо ҳузури Усмонъалӣ Усмонзода вазири энержӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон ба муддати ду рӯз оғоз ба кор кард ва ҳайати баландпояе аз Бонки марказӣ, Вазорати ҳамлу нақл, энержӣ ва захираҳои обӣ, омӯзишу парвариши Тоҷикистон барои баррасии масоили муштарак дар ин иҷлос ҳузур ёфтаанд.

151
Барчаспҳо:
Теҳрон, иқтисодӣ, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон

Чаро мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бренди миллӣ дошта бошанд?

96
(Таҷдидшуда 13:16 23.01.2021)
Мақомоти Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудаанд, ки ҷоизаи аслии он 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳадафи асосии озмуни мазкур муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имконияти истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Гуфта шудааст, ки дар озмуни мазкур шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ғолиби озмун бо ҷоиза, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Зикр гардидааст, ки хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14 “а” пешниҳод намоянд.

96
Барчаспҳо:
ҷоиза, Вазорати рушди иқтисод, озмун, бренд, Тоҷикистон

Криптоасъордорони тоҷик ба давлат 4 миллион сомонӣ зарар расондаанд видеои ВУД

363
(Таҷдидшуда 20:45 22.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як гуруҳи шаҳрвандони кишвар, ки бо криптоасъор сарукор доранд, аз ҳисоби дуздии барқ ва пинҳонкорӣ аз андоз ба давлат ҳудуди 4 миллион сомонӣ зарар расондаанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ба иттилои ВУД, Бақоев Аслиддин, сокини шаҳри Душанбе аз моҳи феврали 2019 то лаҳзаи ошкор шудани фаъолияташ 505 адад таҷҳизоти электронии криптоасъорро ба хатти барқи анборхонаҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ ғайриқонунӣ пайваст намудааст.

Манбаъ ҳаҷми нерӯи барқи дуздидашуда барои ин дастгоҳҳоро 2 миллиону 592 ҳазор киловат гуфта, ҳаҷми зарари расондаро 1 миллиону 710 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Инчунин таъкид шудааст, ки Бақоев ба андозаи 290 ҳазор сомонӣ ба пинҳонкории пули андоз даст задааст.

Дар гузориши ВУД инчунин аз Мирзосаидов Давлаталӣ, сокини ноҳияи Кӯшониён бо 340 адад дастгоҳи криптоасъор,  Раҳимов Суннатулло бо 200 адад таҷҳизоти криптоасъор ва Камилов Муслим бо 155 таҷҳизоти криптоасъор гуфта мешавад.

Бар асоси гузориши манбаъ, ин афрод ба давлат аз ҳисоби дуздии барқу пинҳонкунии андоз наздики 4 миллион сомонӣ зарар расонда, барои худ миллионҳо сомониро кор кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки алайҳи дастандаркорон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Назари бевоситаи худи муттаҳамон ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия маълум нест.

363
Барчаспҳо:
ВУД, ҷиноят, парванда, Тоҷикистон
Дискотека в ночном клубе, архивное фото

Вақти рақс халал расондӣ: навори занозании 6 зани ҷавон дар клуби шабона дар Душанбе

80
РВКД Душанбе навори занозании шаш зани ҷавони аз 19 то 25-соларо дар клуби шабонаи "Аура" нашр кардааст. Онҳо ба ҳамдигар танҳо барои онки нафареашон вақти рақс бо китф ба дигаре расидааст, дарафтодаанд. РВКД мегӯяд, ин қабил номи занро доғдор мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 янв— Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти шаш зани ҷавон ба иттиҳоми авбошӣ гузориш медиҳад.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, ин занони ҷавон, ки ҳамагӣ аз 19 то 25-сола будаад, дар пайи занозанӣ дар клуби шабонаи "Аура" дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, бо сабаби ночиз ба ҳамдигар дарафтодаву тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

Ҳамин тавр, тавре РВКД менависад, "ду гурӯҳ ҷавонзанон аз ду ҷониб, бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд".

"Сабаби муноқишаи мазкур “расидани китфи яке ба китфи дигаре дар вақти рақс ва ба ин тартиб халал расонидан ба истироҳати ҳамдигарӣ” унвон гардидааст. Дар ин замина номбурдагон ба ҳамдигар дарафтода, бо мушту пой ва зарфҳои шишагин якдигарро латукӯб намудаанд", - омадааст дар гузориш.

Афзун бар ин, онҳо ба эроди атрофиён аҳамият надода, тартиботро дар мавзеи ҷамъиятӣ ба таври дағалона ва ба муддати тулонӣ вайрон кардаанд.

Нисбати ҳамаи боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Навор ва аксҳои ин гурӯҳи боздоштшударо РВКД нашр кардааст.

Ёдрас мешавем, қисмҳои 2 ва 3-и моддар 237(авбошӣ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

80