Экономический рост, архивное фото

Бонки ҷаҳонӣ: давоми ду сол оянда рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт

58
(Таҷдидшуда 14:56 03.12.2019)
Бонки ҷаҳонӣ аз коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон таи солҳои 2020 ва 2021 хабар дод. Ин ниҳоди молиявӣ коҳиши суръати рушди иқтисоди ҷумҳуриро ба сустшавии рушди иқтисоди Русия рабт додааст.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар гузориши тозаи Бонки ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон таи солҳои 2020 ва 2021 ба 5 дарсад хоҳад расид, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бонки Ҷаҳони сабаби сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2020 ва 2021-ро ба коҳиши суръати рушди иқтисоди Русия ва поин омадани нархи маводи хом дар бозори ҷаҳонӣ рабт додааст.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ дар миёнмуддат коҳиш хоҳад ёфт, аз ин ру рушди иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби тавлиди маҳсулот, фаолияти корхонаҳои коркарди конҳо ва сохтмонсозӣ таъмин хоҳад шуд.

Дар гузориши навбатии Бонки Ҷаҳонӣ ба талоши мақомоти Тоҷикистон барои такмили сохти чанд тарҳи муҳим дар соли 2021 ба муносибати сеюмин солгарди истиқлоли ин кишвар низ ишора шудааст, аммо таъкид намудааст, ки бидуни анҷоми ислоҳот дар иқтисоди ин кишвар хатари иҷроӣ нашудани ин тарҳҳо вуҷуд дорад.

Бино бар иттилои мақомоти Тоҷикистон дар соли 2018 мизион рушди иқтисоди ин кишвар 7 дасрад будааст, аммо дар соли равон ин шохис бар асоси муҳосиботи мақомоти Тоҷикистон ба 7 аз даҳ ду дарсад хоҳад расид.

58
Барчаспҳо:
коҳиш, ҷумҳурӣ, Бонки ҷаҳонӣ, иқтисод, Тоҷикистон