Национальный банк Таджикистана

Эълони Бонки миллӣ дар бораи интиқоли маблағ тавассути "Юнистрим" ва "Контакт"

561
(Таҷдидшуда 15:41 04.12.2019)
Бонки Миллии Тоҷикистон расман эълон кард, ки сокинон пули худро аз хориҷа танҳо ба воситаи низомҳои "Юнистрим" ва "Контакт" фиристанд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи муваққатии кори низоми пардохтии "Золотая Корона" хабар дод.

Бонки миллӣ аз ташкилотҳои қарзӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш кардааст, ки ба муштариён ва наздикони худ дар давлатҳои хориҷа расонанд, ки дар рӯзҳои наздик ҳангоми интиқолдиҳии маблағҳо аз хориҷа ба Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд.

"Коди “Юнистрим” 12 рақама буда, коди “Контакт” 9 рақама мебошад", - шарҳ додааст бонк.

Манбаъ афзуда, ки интиқоли маблағҳо тавассути операторони низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудаанд, амалӣ карда намешавад.

Фақат “Юнистрим”: саргардонии мардум аз дарёфти маболиғи интиқолии муҳоҷирин - акс

Минбаъд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кодҳои 9 рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.

561
Барчаспҳо:
интиқоли маблағ, Бонки Миллӣ