Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото

"Вестерн Юнион" интиқоли маболиғро оғоз мекунад

221
(Таҷдидшуда 20:33 09.12.2019)
Низоми пардохтии "Вестерн Юнион" дар ҳоли пайвастшавӣ ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо қарор дошта, рӯзҳои наздик тавассути он интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон имконпазир мешавад

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, айни замон низомҳои пардохтии "Юнистрим" ва "Контакт" ба маркази мазкур пайваст шуда, интиқоли маблағ бемамониат анҷом пазируфта истодааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба маркази матбуотии БМТ.

Гуфта мешавад, ки тавассути Маркази миллии протсессингӣ идораи амалиёти интиқолӣ  ба маротиб осон гардида, барои иштирокчиёни амалиёти интиқоли маблағҳо ба манфиат аст.

Он ҳамзамон хатари зарарбинии ташкилотҳои молиявиро ҳангоми муфлисшавии низомҳои интиқоли маблағҳо ба сифр баробар менамояд.

Бо назардошти омилҳои мусбати ин марказ ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳим аз ҷумла, истифодаи кортҳои пластикӣ дар амалигардонии интиқолҳои пулиро роҳандозӣ намуда истодаанд.

"Спитамен Бонк" яке аз аввалин ташкилоти молиявие мебошад, ки барои интиқолгирандагон кортҳои байналмилалии Корти Миллӣ/UnionPay- ро ба таври ройгон ба роҳ мондааст.

Ёдовар мешавем, шурӯъ аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ гардида истодааст.

221
Барчаспҳо:
интиқоли маблағ, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ

Бе коррупсия ва ситондани бизнес бо зӯрӣ: Файзов 6 шарти рушди соҳибкориро гуфт

301
(Таҷдидшуда 20:34 07.07.2020)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар машварати васеъ бо ҳузури мақомдорони давлатию созмонҳои ҷамъиятӣ масъалаи рушди соҳибкорию дастгирии давлатиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Ёдгор Файзов зимни машварати васеъ изҳор дошт, ки  дар тамоми дунё барои рушди соҳибкорӣ шаш омили асосӣ вуҷуд дорад.

"Якум барои рушди соҳибкорӣ, аз нуқтаи назари андоз, коррупсия, бақайдгирӣ ва ғайра дар доираи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоид бояд фароҳам оварда шавад. Дуюм ба роҳ мондани дастрасӣ ба захираҳои маблағӣ аз тариқи грант, кредитҳои фоиздор ва бефоиз, лизинг, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дониш мебошад", - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ тавзеҳ дод, касоне, ки ба тиҷорат сарукор мегиранд, бояд дониши муайян дошта бошанд. Масъалаи сеюм ташкил намудани бозори дохилӣ, донорҳои сабз ва дастрасӣ ба бозори хориҷӣ арзёбӣ шуд.

Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки таъмини ҳуқуқи молу мулкӣ аз омилҳои дигари рушд мебошад, чун соҳибкор бояд мутмаин бошад, ки бизнеси ӯро касе зӯран гирифта наметавонад.

“Масъалаи охирин ин дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ оиди тавлид намудани молҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ мебошад”, - гуфт раис.

Тавсиф аз Суғду дастур ба мақомдорони ВМКБ

Раиси ВМКБ аз дастовардҳои бахши хусусии вилояти Суғд тавсиф кардааст, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин вилоят мушоҳида кардаст. Дидем, ки чӣ тавр дар доираи ин меъёрҳо ва талабот соҳибкорӣ рушд кардааст, изҳор дошт ӯ.

Файзов барои сардорони Раёсати сармоягузорӣ, андоз, бонкҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор лозим донистааст, ки таклифу пешниҳодҳои худро барои беҳтар амалӣ гардидани Барнома ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, содагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш пешниҳод намоянд.

301
Барчаспҳо:
ВМКБ, соҳибкорӣ, савдо, иқтисод, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Уфти якбораи рубл: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард

468
(Таҷдидшуда 09:15 07.07.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тибқи нишондодҳо дар бонкҳои кишвар рубл тайи ҳафтаи равон аз 4 то наздики 7 сомонӣ поин рафтааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1431 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3092 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6762то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бар пояи нишондодҳои ахир, арзиши рубл дар бозори асъори кишвар, ки ҳафтаи гузашта каме боло буд, ин ҳафта дар бонкҳои кишвар аз 4 то наздики 7 сомонӣ поин нишон дода шудааст.

Доллар бошад, давоми ҳафтаи равон дар ҳоли суқут қарор дорад, аммо коршиносони умури иқтисод қаблан гуфта буданд, ки ҷаҳиши ин астъор дар моҳи июл шурӯъ хоҳад шуд.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ҷаҳиши боварнакардании доллар дар тобистон: пешгӯии иқтисоддонҳо

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1475 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1335 то 0,1490 сомонӣ нишон дода шудааст.

Иқтисодчиён пешбинии дақиқи қурби долларро то тирамоҳ гуфтанд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

468
Барчаспҳо:
поин, евро, доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Бонки Миллӣ