Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Шубҳа аз “Золотая корона”: сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон қисмати дуввум

1407
(Таҷдидшуда 09:36 12.12.2019)
Шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бархе роҳандозии низоми навро як навъ дастдарозӣ ба маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ, кӯшиши инҳисори бозори интиқоли маблағҳо ва ҳатто эҷоди буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Ба хотири равшанӣ андохтан ба ин нигарониҳо ва назароти мухталиф дар бораи роҳандозии Маркази миллии пардозиш (ММП) Sputnik Тоҷикистон бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон мусоҳиба орост, ки ҳоло пешниҳоди хонандагон мешавад:

Чаро “Золотая корона” ба монанди “Юнистрим” ва “Контакт” зуд ба ММП напайваст?

Аз рӯи иттилои мо, шумо ҳамагӣ ду ҳафта пеш ширкатҳои низоми пардохти байнулмилалиро огоҳ кардаед. Ин иттилоъ то куҷо сиҳат дорад? БМТ: Мо пешниҳоди пайвастшавӣ ба ММП – ро ҳанӯз моҳи апрели соли 2019 ба низомҳои пардохти байнулмилалӣ фиристода будем.

Зарур бошад, мактубҳоро ҳам нишон медиҳем. Ба онҳо гуфтем, ки бояд ба таври санҷишӣ ин корро анҷом диҳем. “Юнистрим”, “Контакт” ва ҳатто “Вестерн Юнион” ин даъвати моро ба хубӣ пазируфтанд ва тайи 6 моҳи ахир бо мо дар тамос буданд. “Вестерн Юнион” ҳам то 20 декабр ба ММП пайваст мешавад. Аммо бо сабабҳои ба мо номаълум “Золотая корона” дар 6 моҳи гузашта ҳавасмандӣ зоҳир накард.

Чаро онҳо ҳавасмандӣ зоҳир ва бо мо ҳамкорӣ накарданд, ростӣ, барои мо маълум нест. Аммо мо чандин маротиба пешниҳоди ба марказ пайвастанро додем, ки мутаассифона, нодида гирифта шуд.

Ҳоло ҳам, ки ММП фаъол шуд ва бозор аз дасташ меравад?

Пас аз фаъол шудани ММП “Золотая корона” бо мо мукотибаро фаъолона шурӯъ кардааст. Мушкил ин аст, ки “Золотая корона” ба монанди “Юнистрим” ва “Контакт” бонк нест, маркази ҳисоббаробаркунии ғайрибонкӣ аст. Он чӣ ба мо худашон гуфтанд, дар қонунгузории Русия пешбинӣ нашудааст, ки низоми пардохт дар хориҷ аз кишвар суратҳисоб дошта бошад.

 Ҳайати мо ба Маскав рафт ва Бонки миллии Русия изҳори омодагӣ кард, ки бо мо дар ин робита ҳамкорӣ мекунад. Мо аз сӯи худ ҳатто пешниҳод кардем, ки бигзор, “Золотая корона” аз ташкилоти кафолатдиҳанда истифода барад ва фаъолияташро идома диҳад. Ин пешниҳоди мо нодида гирифта шуд. Бо ин вуҷуд, роҳи бозгашти “Золотая корона” ба бозор боз аст.

Барои ин онҳо бояд дар ММП суратҳисоб кушоянд ва корро оғоз кунанд. Ин ҳама барои кафолат додан ба мардум аст, ки маблағи онҳо дар ҳар сурат пардохт мешавад, яъне бо фаъол шудани ин Марказ мо шаҳрвандони худро суғурта мекунем ва низоми бонкиро аз хавфҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ медорем.

Рузҳои аввали фаъолияти ММП як мушкил ба миён омад, ки ба “Золотая корона” рабт дошт. Шумо гуфтед, ки низомҳои пардохтиро огоҳ карда будед, то пули муҳоҷиринро қабул накунанд, зеро бонкҳои Тоҷикистон онро дода наметавонанд. Аммо чаро қабул кард?

Инро аз худи “Золотая корона” бояд пурсид. Мо ҳам намефаҳмем, ки чаро дидаву дониста, маблағ қабул мекунанд, дар ҳоле ки муштариёнашон дар Тоҷикистон онро гирифта наметавонанд. Мо ин ширкатро огоҳ карда будем, ки то замони пайвастанаш ба ММП маблағ қабул накунад. Аммо муштариён метавонанд аз “Золотая корона” ин пулро талаб кунанд ва тариқи низомҳои пардохте, ки ба ММП пайваст шудаанд, фиристанд.

 Муштариёни “Золотая корона”, ки маблағ фиристодаанд, паёмак дарёфт кардаанд ба ин мазмун, ки “маблағи Шумо дар ҳоли омодагӣ ба пардохт қарор дорад, ягон маҳдудият барои гирифтани он аз низоми мо вуҷуд надорад, агар дар нуқтаҳои гирифтани маблағ ба Шумо ҷавоби рад доданд, тавсия медиҳем, ки барои фаҳмидани сабаби рад ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат кунед”. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Бале, мо низ огоҳ ҳастем, ки ба шаҳрвандони мо чунин паёмакҳо ирсол гардидаанд. Барои мо низ шубҳаовар аст, ки чӣ тавр як низоми пардохтӣ (“Золотая корона”) танзимгари низоми бонкии як давлатро (Бонки миллии Тоҷикистон) дар мушкилиҳои худ айбдор менамояд ва уҳдадориҳои худро дар назди муштариёнаш иҷро намекунад. Ҳанӯз 15 ноябри соли равон мо ба тамоми низомҳои пардохт мактуб фиристода, маълум карда будем, ки низоми кунунии интиқоли маблағҳо аз 3 декабр тағйир меёбад ва фақат тавассути ММП имкони интиқоли маблағ вуҷуд дорад, аз ин хотир, ҳуқуқи қабул ва интиқоли маблағро надоранд. Ин коре, ки “Золотая корона” мекунад, воқеан, қобили дарк нест.

Шояд аз ин ки мардум мехоҳанд пули худро бозпас гиранд, таҳти фишор қарор гирифтааст. Мо расман ба Бонки миллии Русия мактуб фиристодаем, ки барои берун омадан аз ин вазъ тадбир андешад. Аз сӯи дигар, 28 ноябр бонку ташкилотҳои қарзӣ тариқи сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва насби эълонҳо дар марказҳои худ ва аз 30 ноябр ҳатто раҳбарияти БМТ тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радио, матбуот мардумро огоҳ карда буданд, ки фақат тариқи “Юнистрим” ва “Контакт” маблағҳои худро фиристанд.

Ин ду ширкат кай боз бо БМТ ҳамкорӣ мекунанд?

Ду моҳи пеш ба таври тестӣ бо мо корро оғоз карда буданд.

Ҳоло на фақат дар Русия, балки дар тамоми ҷаҳон шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд ё мехонанд. Дар он кишварҳо “Юнистрим” ё “Контакт” нестанд. Асосан “Вестерн Юнион” фаъол аст, ки пас аз оғози кори ММП дар Тоҷикистон дастрас нест. Шумо гуфтед, ки то 20 декабр ин ширкат ба ММП пайваст мешавад. Аммо то он вақт мардум чӣ кор кунанд?

Бале, аксари кулли интиқолҳо аз кишварҳои дурдаст тариқи “Вестерн Юнион” анҷом мешаванд. Мо ҳоло талош дорем, ки ин пайвастшавӣ барвақттар анҷом шавад. Аммо шаҳрвандон метавонанд маблағашонро интиқол диҳанд. Онҳо бояд маълумот ё реквизити корти бонкии Тоҷикистонро дастрас карда, ба ягон бонк раванд ва маблағашонро интиқол диҳанд.

Бале, маблағи хизматрасониҳо каме фарқ мекунад, аммо ин вазъ муваққатӣ хоҳад буд. Дар баробари ин, ҳамин шабу рӯз тамоми ташкилотҳои қарзии кишвар барои хизматрасонии интиқоли маблағ ва осону мусоид шудан ба мизоҷон як қатор имтиёзҳо ва аксияҳоро эълон кардааст, ҳатто интиқолҳо бе фоиз ва кушодани суратҳисобҳо бо кортҳо бепул сурат мегирад.

Мутаасифона, ҳама ислоҳотҳо дар иқтисодиёт як давраи гузариш доранд, айни замон баъзе мушкилиҳои техникӣ буданд, ки бартараф шуданд ва Маркази мазкур муътадил ва мунтазам фаъолият карда истодааст.

Оё метавонед мушаххас кунед, ки ММП-и интиқоли маблағҳо чӣ бартарӣ дорад ва чӣ сабукиҳоро фароҳам мекунад?

Иҷоза диҳед, ки нукта ба нукта зикр кунем:

- таъмини шаффофияти амалиётҳо аз рӯи интиқолҳои пулии фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ;

- таҳким бахшидани механизми муқовимат аз сӯиистифода намудан аз низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо мақсади расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; - баланд бардоштани самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо байни ҳамаи иштирокдорони ММП;

- диверсификатсияи бозори хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо ва роҳ надодан ба мавқеи инҳисорӣ пайдо намудани як низоми пардохтӣ (хавфи таҷаммӯъ);

- тақвият бахшидани устувории низоми бонкии мамлакат аз ҳисоби паст намудани хавфҳои амалиётӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ҳангоми муфлисшавии низомҳои пардохтии интиқолӣ;

- аз байн бурдани ҳолатҳои ҳаннотӣдар бозори интиқоли маблағҳо ва маҳдуд кардани омилҳои инсонӣ;

 - таъмин намудани қурби ягонаи мубодилавӣ барои интиқоли маблағҳо;

- мавҷуд будани қарори инноватсионӣ, ки фаъолиятро бо низомҳои интиқолии гуногун бо истифода аз интерфейси ягона таъмин менамояд;

- беҳтар кардани механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

- осону қулай гардидани интиқоли маблағҳои дохилиҷумҳуриявӣ, алалхусус дар манотиқи дурдасти кишвар;

- фароҳам овардани имконияти интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои кортии дорандагони кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” ва дар натиҷа афзоиши амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ аз ҳисоби интиқоли маблағҳо (супориши Пешвои миллат ҷиҳати зиёд кардани амонатгузорон аз ҳисоби интиқоли маблағҳо);

- таъсиси махзани муттаҳидаи иттилоот оид ба интиқолҳои фаромарзӣ, ки боиси беҳтар гардидани сифати маълумотҳои оморӣ ва таҳлилҳо мегардад;

- таъмин намудани маълумотҳои оморӣ дар бораи гардиши пул аз рӯи интиқоли маблағҳо.

 Лутфан, сархати дуввумро шарҳ медодед. Оё буданд мавориде, ки маблағгузории терроризм ё дигар ҷиноёт ошкор шуда бошанд?

- Зарурати таҳкими механизми муқовимат бо сӯиистифода намудан аз низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо мақсади пешгирӣ намудани пулшӯӣ, яъне расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди Тоҷикистонро метавонем дар як мисол шарҳ диҳем.

Ҳама шоҳиди он будем, ки моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон амалиёти террористӣ ба амал омад. Дар пайи он чор сайёҳи хориҷӣ кушта шуданд ки барои Тоҷикистон ҳодисаи нангин буда, ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамзамон ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири манфӣ расонд.

Амалиёти мазкур маҳз бо маблағгузорӣ тавассути интиқоли маблағ аз хориҷ ба Тоҷикистон бе кушодани суратҳисоби бонкӣ тавассути низоми пардохтии “Золотая корона” амалӣ карда шудааст. Маркази мазкур маҳз чунин амалиётҳоро метавонад пешгирӣ ва ошкор намояд.

1407
Барчаспҳо:
пардохт, суҳбат, бонк, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон, марказ
Денежные купюры

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

540
(Таҷдидшуда 17:03 04.06.2020)
Дар нимаи дуюми соли 2020 коҳишёбии назарраси рубл дар зери таъсири пастшавии нархи нафт интизор меравад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар сурате, ки мавҷи дуввуми коронавирус дар ҷаҳон оғоз шавад ва кишварҳо дубора маҳдудиятҳо ҷорӣ кунанд, доллар метавонад ба 90-100 рубл бирасад.

Дар ин бора дар пешгӯии Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва дурнамои кӯтоҳмуддат  (ЦМАКП) зикр шудааст.

Тибқи гузориш, коҳиши назарраси рубл дар нимаи дуюми соли 2020 зери таъсири коҳиши нархи нафт ва афзоиши мавсимии талаботи дохилӣ ба асъори хориҷӣ дар назар аст.

Тавре ки Дмитрий Белоусов, роҳбари таҳлил ва пешгӯии равандҳои макроиқтисодӣ дар (ЦМАКП) шарҳ додааст, маҳдудиятҳои карантинӣ бояд дар тирамоҳ ва зимистони соли равон ба амал оянд.

Дар робита ба ин, интизор меравад нархи нафт хеле паст шавад.

Ба андешаи ӯ, аз семоҳаи чоруми соли 2020 то соли 2022, пули миллӣ ба ҳар як доллар тақрибан 87-91 рубл хоҳад буд.

Бо вуҷуди ин, то соли 2023 давраҳои бештар мусоид фаро мерасанд ва пули русӣ мустаҳкамтар гашта барои як доллар то 83-87 рубл баробар мешавад.

Коршиносон гуфтанд, ҳафтаи оянд бо доллар чи хоҳад шуд

Дар ин ҳолат, ба гуфтаи таҳлилгарон, доллар дар семоҳаи чоруми соли равон метавонад аз 85 рубл фаротар равад ва дар баттарин вазъ, 1 доллар 100 рубл хоҳад шуд.

540
Барчаспҳо:
нарх, коҳиш, арзиш, нафт, доллар, рубл
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время церемонии награждения бизнесмена Мухиба Бободжонова

Бобоҷонов боз 1 миллион сомониро барои мубориза бо COVID - 19 дод

2020
Соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов барои мубориза бо COVID - 19 дар Тоҷикистон боз як миллион сомонӣ хайр кардааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Муҳиб Бобоҷонов нимаи моҳи май ба табибони Рашт 200 ҳазор сомонӣ ҳадя карда,  баъдтар боз  барои пешгирии бемории коронавирус 1 миллион сомонӣ тақдим кард, хабар дод нашрияи “Садои мардум”.

Пештар Бобоҷонов барои 400 табиби ноҳияи Рашт дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар кадомашон тақсим карда буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи паёми ахираш  ба Маҷлиси Олӣ аз корномаи ин соҳибкор  тавсиф намуда, гуфт, Муҳиб Бобоҷонов — сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд.

Таъкид мешавад, Муҳиб Бобоҷонов ва писарони саховатпешааш Раҳимҷон, Шарафҷон ва Бегиҷон дар ҳалли мушкилоти мардуми ноҳия ва минтақаи Рашт пайваста кумак мекунанд.

Ахиран Раҳимҷон Бобоҷонов,  тоҷири тоҷики  муқими Русия ва писари Муҳиб Бобоҷонов  се миллион рублро ба муҳоҷирине, ки дар шароити пандемия бекор монда буданд, тақсим кард.

2020
Барчаспҳо:
кумак, сомонӣ, миллион, Тоҷикистон
Боздиди раиси Хатлон, аз минтақаи офатзадаи Хуросон, акс аз бойгонӣ

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо оилаҳое, ки офат онҳоро бехона гузошт, пул медиҳад

0
(Таҷдидшуда 20:37 04.06.2020)
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон илова ба кумакҳои то кунун ба осебдидагони офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон расондааш, тасмим гирифт ба 72 оилае, ки хонаҳои худро дар ин ҳодисаи табиӣ пурра аз даст додаанд, ба миқдори 150 франки швейтсарӣ ёрии яквақта расонад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 260 хоҷагии аз офати табиӣ  зарардидаи деҳаҳои Н.Асадулло ва 18-умин анҷумани ҳизби ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон маводи ғайрихӯрокӣ тақсим намуд, хабар дод котиботи ҳукумати Хатлон.

Санаи 14-15 майи соли 2020 офати табиӣ ба хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони як қатор минтақаҳои мамлакат зарар расонид. Аз ин офати табиӣ асосан 338 хоҷагӣ дар ноҳияи Хуросон ва 6 хоҷагӣ дар шаҳри Ваҳдат осеби зиёд диданд.

Бо назардошти вазъ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар лоиҳаи Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (DREF)-ро тасдиқ намуд ва маблағҳои ҷудогардида аз ин Бунёд ва қисман аз захираҳои дохилии ҶҲАТ барои дастрас намудани маводи ғайрихӯрокӣ ба 338 оилаи осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилаи осебдидаи шаҳри Ваҳдат пешбинӣ гаштанд.

Ин кумакҳо аз 344 бастаи маводи ғайрихӯрокворӣ, бистар, болишт, кампал, рахти хоб, бел, каланд, сатили пластикӣ, рӯйпӯши пластикӣ, 344 бастаҳои абзори ошхона, аз ҷумла, кафлез, обгардон, косаи калон, косаи хурд, қошуқ, чангак, дӯлча, ҷом ва 344 бастаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла сачоқ, собун, хамираи дандоншӯӣ, чӯткаи дандоншӯӣ, хокаи ҷомашӯӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, дезинфектант, маводи беҳдошти шахсии занона, уребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, қоғази ташноб ва ғайраҳо иборатанд.

Дар доираи кумакҳои мазкур ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кӯдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кумак расонида мешавад.

2 июни соли 2020 дар марҳилаи аввали тақсимоти кумаки мазкур ба 260 оилаи аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводи ғайрихӯрокӣ дастрас карда шуд. Марҳилаи дуюми тақсимот фарогирии боз 78 оилаи ниёзманди ноҳияи мазкурро дар бар мегирад.

0
Барчаспҳо:
офат, Хатлон, Тоҷикистон