Хазинаи захиравии Эмомалӣ Раҳмон дар соли нав

Обуна шудан
Ҳаҷми хазинаи захиравии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки тибқи салоҳдиди Эмомалӣ Раҳмон бар асоси амраш харҷ карда мешавад, дар соли ҷадид 384 миллион сомонӣ муқаррар карда шудааст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Фонди захиравии раисиҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2020 ба маблағи 384 миллион сомонӣ тасдиқ гардид, омадааст дар моддаи 9-уми қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2020.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бинои нави "Амонатбонк"-ро ифтитоҳ кард ва дар осорхонааш соядаст гузошт

Дар буҷаи соли равон ҳаҷми хазинаи захиравии раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳудуди 350 миллион сомонӣ муайян шудаст.

Фонди захиравии раисиҷумҳур одатан дар ҳаҷми 2 дарсади даромади умумии буҷаи давлатӣ муқаррар мешавад, аммо солҳои охир коҳиш ёфтааст ва соли равон ҳудуди 1,5 дарсади даромади буҷаро ташкил медиҳад. Қаблан пули мазкур бештар барои таъминоти макотиби миёнаи ҷумҳурӣ бо компютер равона мешуд.

Инчунин бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аз пули хазина барои қадрдонии варзишгарон, гузарондани озмунҳои фарҳангию маърифатӣ, дастгирии табақаи ниёзманд, кумак ба осебдидагон, стипендия барои донишҷӯён харҷ карда мешавад.

“Шоҳҷоиза” ва 50 ҳазор сомонӣ: пирӯзии писари Абдуллоҳи Раҳнамо дар даври ниҳоӣ

Дар баробари ин дар назар аст, ки баъди аз мақоми президентӣ рафтани Эмомалӣ Раҳмон бунёди нав ташкил шавад, ки “Фонди Пешвои миллат” ном хоҳад дошт. Бар асоси муқаррароти қабулгардида, 0,2 дарсади даромади буҷаи давлат ба Фонди Пешвои Миллат хоҳад рафт, ки онро Эмомалӣ Раҳмон тибқи салоҳдиди худ барои корҳои хайриявӣ сарф мекунад.

Лентаи хабарҳо
0