Ҷузвдонҳо, акс аз бойгонӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 341 маошхӯр дорад

907
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон сметаи хароҷоти палатаи поёнии парлумон дар соли 2020-ро тасдиқ карданд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Барои хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар соли 2020 аз буҷаи давлат 19 миллиону 605 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад, изҳор дошт Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор.

Хароҷоти якмоҳаи Маҷлиси намояндагон барои пардохти маош ҳудуди 920 ҳазор сомонӣ арзёбӣ гардид.  

Аз ҷумла Холмуҳаммадзода иттилоъ дод, ки рӯйхати вазифаҳои Маҷлиси намояндагон 176 нафар бо фонди ҳармоҳаи музди меҳнат ба маблағи 812 ҳазору 490 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Муноқишаи марзӣ: Латукӯби 5 сокини Исфара аз сӯи қирғизҳо

“Шумораи кормандони техникӣ ва ёрирасони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 165 нафар бо фонди ҳармоҳаи музди меҳнат дар ҳаҷми 108 158 сомонӣ пешниҳод шудааст”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Холмуҳаммадзода.

Ӯ таъкид намудааст, ки 19 миллиону 605 ҳазор сомонӣ барои таъмини зарурати Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои он кифоя мебошад ва изҳори боварӣ намудаст, ки дастгоҳи Маҷлиси намояндагон истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки маоши онҳо соли 2011-ум дар ҳаҷми 4 ҳазору 950 сомонӣ, он вақт муодили 1 ҳазор доллари амрикоӣ муайян шуда буд ва то ҳол аз тағйири маоши вакилон гузорише нашр нашудааст. Ба ҳисоби доллар, маоши вакилон феълан ҳудуди 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Маоши раиси Маҷлиси намояндагон ду баробар бештар аз маоши вакилон арзёбӣ мешавад.

907
Барчаспҳо:
буҷа, парлумон, палата, маош, Тоҷикистон