Здание парламента Республики Таджикистан. Фото из архива

Дар Душанбе сиёсати пулию қарзӣ баррасӣ шуд

126
(Таҷдидшуда 15:10 24.12.2019)
Дар Маҷлиси намояндагон вазъи пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт муҳокима шуд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Имрӯз, 23 декабр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи вазъи пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ, таъсири он ба рушди иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки масъалаи мазкур зимни муҳокимаи парлумонӣ баррасӣ шуда, муовини раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова оид ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон сухан карданд.

Акрамшо Фелалиев иброз доштааст, ки пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ яке аз масъалаҳои муҳокимашаванда дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. 

"Аз ин рӯ татбиқи муваффақонаи ин сиёсат натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ  нақши назаррас мегузорад", — афзудааст мавсуф.

Зикр гардидааст, ки айни ҳол новобаста аз ҷой доштани шароити мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ низоми бонкии мамлакат фаъолияти худро баҳри таъмини дастрасии молиявӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ идома дода истодааст.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти расмӣ ва натиҷагирии ташкилоти молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ танзими низоми бонкӣ дар Тоҷикистон пурзӯр гардида, вазъи он рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ қарор ва тавсияи дахлдор қабул карда шуд.

126
Барчаспҳо:
сиёсат, Маҷлиси намояндагон, Душанбе
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

384
(Таҷдидшуда 13:22 30.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 29 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1308 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3398 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 12.1276 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1308 то 0.1365 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3398 сомонӣ, 1 евро – 12.1276 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1308 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

384
Барчаспҳо:
сомонӣ, рубл, Бонки Миллӣ
Цементный завод, архивное фото

Пас аз се сол: корхонаи гаҷи Конибодом фаъолияти худро аз сар гирифт

233
(Таҷдидшуда 12:57 30.10.2020)
 Гурӯҳи ширкатҳои “Нур” – и вилояти Суғд корхонаи гаҷтахтаи худро пас аз се соли таваққуф дигарбора фаъол кард

 ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Нуруллоҳ Усмонов, мудири кулли гурӯҳи ширкатҳои “Нур”, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, се соли қабл ба далоили мушкилоти молиявию фаннӣ кори худро ба тавқиф гузошта буд.

“Дар ин муддат мо талош кардем, ки ин ҳама мушкилотро бартараф намуда, дигарбора ба кор шурӯъ кунем. Ҳадаф истеҳсоли маводи сохтмонии маврид ниёз аст, ки ҷойгузини маводи ҳамсони воридотӣ ба кишвар хоҳад шуд. Дар ин амр ба мо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, низ кӯмаки худро дареғ надоштанд. Бахусус, дастурҳои он кас барои бартараф кардани як қатор мушкилоти бюрократӣ хеле муҳим буд”, - гуфт Нуруллоҳ Усмонов.

Корхонаи тавлиди гаҷтахтаи “Моҳии заррин”, яке аз корхонаҳои гуруҳи ширкатҳои “Нур”, соли 2016 дар қаламрави деҳаи Ниёзбеки ноҳияи Конибодом ташкил шудааст. Зарфияти он тавлиди 200 тон гаҷ ва 500 тон сангреза дар рӯз аст, ки аз ашёи хоми маҳаллӣ ба даст меояд.

Тибқи иттилои мудири кулли гуруҳи ширкатҳои “Нур”, дар корхона 60 нафар истихдом шудаанд, ки мудирияти ширкат ба онҳо ба таври мутавассит 2500 сомонӣ музди меҳнат пардохт мекунад.

“Ҳудуди 40 нафари дигар дар боғи корхона ба кор машғул мешаванд, ки барои тавсеаи он шароити хуб эҷод шудааст. Як чоҳ низ дар сойи наздики корхона ҳафр шудааст, ки обёрии заминҳои боғ ва атрофро фароҳам мекунад”, - гуфт Нуруллоҳ Усмонов.

Афзоиши тавлиди гаҷкартон дар Тоҷикистон ва содироти он ба Узбакистону Афғонистон

Гурӯҳи ширкатҳои “Нур” аз сӯи Нуруллоҳ Усмонов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҷуз “Моҳии заррин”, як гимназияи хусусӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаб – интернати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон, Маркази ташхисию солимгардонӣ дар деҳаи Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маҷмааи хурди саноатии “Нуртекс” дар шаҳри Хуҷандро, ки ба тавлиди кабелу профил, ширешу дигар маводи сохтмонӣ машғул аст, муттаҳид мекунад.

233
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон