Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Рӯбарӯ бо Рустами Эмомалӣ: хонагирии 850 мизоҷи саргардон ва тақдири "Манзили дастрас"

4036
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз 10 бинои бунёдкардаи корхонаи “Манзили дастрас”-ро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳудуди 850 нафар, ки чанд соли қабл барои хариди хона ба КВД “Манзили дастрас” маблағ дода буданд, ниҳоят баъди таъхиркориҳо имрӯз соҳиби хона шуданд.

Дар маросими ифтитоҳ Рустами Эмомалӣ бо соҳибони хонаҳои нав суҳбат карда, аз сифати сохтмон пурсид. Ӯ ба калонии тирезаҳо таваҷҷуҳ карда, суол гузошт, ки оё дар фасли сармо мушкилзо нахоҳад буд ва посух гирифт, ки биноҳои мазкур пурра ба низоми гармидиҳӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ таъмин мебошад.

Дурахшони Ортиқ, роҳбари Шӯрои нозирони халқии КВД “Манзили дастрас” тасдиқ кард, ки 850 мизоҷи ин корхона имрӯз соҳиби хона гардиданд, ки дар миёнашон аҳли зиё низ зиёд буданд.

КВД "Манзили дастрас" лоиҳаи сохтмонии шаҳрдории Душанбе аст, ки бо ҷонибдории шаҳрдори вақти Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои таъмини қишри ниёзманд бо хонаҳои нисбатан дастрас ташкил ёфта буд. Аммо ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, роҳбарияти ин корхона ба исрофкорию қаллобӣ даст зада, ба давлату мизоҷон хисороти зиёд расондааст.

Имрӯз дар маросими ифтитоҳи хонаҳои навбунёд, сокинон аз Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардаанд, ки КВД “Манзили дастрас”-ро барҳам надиҳаду барои минбаъд низ фаъолият кардани он мусоидат кунад, то қишри ниёзманд бо хонаҳои нисбатан арзон таъмин шаванд. Мизоҷон ба Рустами Эмомалӣ аз Парвиз Абдураҳимзодаи 32-сола, иҷрокунандаи роҳбари КВД “Манзили дастрас” тавсиф карданд, ки новобаста аз ҷавон буданаш тавонист корро тавре ташкил кунад, ки мизоҷони саргардони ширкат бо хона таъмин гарданд.  

Дар посух Рустами Эмомалӣ гуфт, касе корро хуб кунад, ба синну солаш нигоҳ намекунад ва дар мавриди тақдири минбаъдаи ширкату таъминот бо манзилҳои нисбатан арзон таъкид намуд, ки инро дар ҷаласаҳо баррасӣ хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин аз сокинон хост, барои ҳифзи ободию тозагии муҳити атроф талош кунанд.

Қаблан Рустам Эмомалӣ роҳбарияти ширкати сохтмонии  "Манзили дастрас" - ро ба додситонӣ дода буд. Шаҳрдорӣ гуфта буд, роҳбарияти корхона аз шаҳрвандон маблағ қабул намуда, онро ба хазинаи корхона ворид накардааст. Моҷарои маблағҳои пешпардохткардаи муштариёни ширкати сохтмонсозии “Манзили дастрас” аз соли 2013 оғоз шуд, ки мардум ба умеди хонадор шудан ба ин ширкат ва бевосита ба роҳбарияти он пардохт кардаанд.

Дар пайи таҳқиқот мудири корхонаи "Манзили дастрас" Нуруллоҳ Наимов бо  муовинонаш ба иттиҳоми исрофкорию аз худ кардани маблағ боздошт гардиданд. Мурофиаи боздоштшудагон феълан идома дорад.

4036
Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, ифтитоҳ, хонаҳои нав, Душанбе, Тоҷикистон