Нуқтаи таъмини маҳсулоти сӯзишворӣ, акс аз бойгонӣ

Газ дар хунукӣ қимату дар гармӣ арзон: санҷиши “Газпром” дар Тоҷикистон

652
(Таҷдидшуда 13:41 29.01.2020)
Абдулмаҷид Муминзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, мегӯяд, дар пайи болоравии нархи гази моеъ, ширкатҳои ҳукмрони ин бозорро мавриди санҷиш қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Муминзода, зимни таъйиди болоравии нархи газ, ки то 4 сомонӣ сари литр расидааст, изҳор дошт, ки феълан санҷиши ду ширкат - “Соро Ойл” ва “Нур Ойл”-ро ба анҷом расонда, тафтиши фаъолияти ширкати ҳукмрони бозор – “Газпром” идома дорад.

Ӯ гуфт, дар пайи санҷиш баъзе камбудиҳо, аз ҷумла гирифтани даромади беасос аз ҳисоби истеъмолкунандагонро ошкор кардаанд ва дастандаркоронро ба андозаи 350 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастанд.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мавриди “Газпром” афзуд, ки санҷиш идома дорад ва дар пайи ҷамъбасти фаъолияти солонаашон маълумоти иловагӣ ба омма пешниҳод хоҳад шуд.

Ӯ яке аз омилҳои баландшавии нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро ба болоравии нарх дар давлатҳои истеҳсолкунандаи мол рабт дод.

Ба суол, ки чаро газ бо фарорасии гармӣ арзон мешаваду дар мавсими сармо қимат, Абдулмаҷид Муминзод аз зимистонҳои қаҳратуни Русия ва Қазоқистон, таъминкунандагони асосии кишвар бо гази моеъ зикр кард.

“Дар шароити зимистони шадид, истихроҷ камтар мешавад, талабот дар худи давлатҳои истеҳсолкунанда зиёд мегардад. Вақте талабот зиёду истеҳсол кам шуд, хоҳу нохоҳ нархҳо боло мераванд”, - изҳор дошт Муминзод.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъкид кард, ки дар мавсими гармӣ боз нарх поин меравад.

652
Барчаспҳо:
болоравӣ, нархҳо, гази моеъ, Тоҷикистон
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Холод хатари коҳиши ҳосили картошкаро дар Тоҷикистон шарҳ дод

0
Коҳиши ҳосили картошка дар Тоҷикистонро доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон зиёда аз 227 ҳазор тонна картошка ҷамъ оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 78 ҳазор тонна (ё 25%) камтар аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Коҳиш ёфтани ҳосили картошка дар Тоҷикистонро, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод инро хабари бад номида гуфт, ҷумҳурӣ ба ин сабзавот вобастагии зиёд дорад.

Иқтисодшинос гуфт, ки чунин вазъ метавонад дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ба амал ояд, зеро шароити табиӣ тақрибан якхела буд, сатҳи кишоварзӣ низ ба ҳамин монанд аст. Дар чунин шароит, нархҳо ва имкониятҳои содиротии ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ маҳдуд хоҳанд шуд.

"Тибқи қонунҳои муқаррарии бозор, коҳиш ёфтани истеҳсоли ватанӣ ва бад шудани шароити беруна бевосита ба болоравии нархҳо дар бозор оварда мерасонад. Зеро ҳаҷми истеъмоли маҳсулот, ки яке аз маҳсулоти асосӣ мебошад ва маҳсули талаботи сершумор аст, наметавонад хеле кам шавад”, гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Тибқи гуфтаи иқтисодшинос, коҳиши ҷиддии ҳосилнокӣ, метавонад ба бемуботии нарх дар бозор ва ҳамзамон ба воҳима оварда расонад, ки чунин ҳолат хавфнок хоҳад буд.

Ба таъкиди ӯ мақомоти давлатиро лозим аст, ки бозор ва динамикаро аз наздик назорат кунанд ва дар сурати болоравии шадиди нархҳо, диққат диҳанд ва тафтишот гузаронанд.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Номбурда гуфт, бо вуҷуди вазъи мавҷуда, мардум набояд ба вохима афтанд ва харидори зиёд кунанд, зеро дар бозор картошкаи нав пайдо мешавад, ки бояд нархҳоро устувор созад.

0
Барчаспҳо:
истеҳсол, бозор, нарх, картошка, Тоҷикистон
Надпись в центре города Худжанд Я люблю Худжанд, архивное фото

Ифтитоҳи “Шаҳри афсонавӣ” дар Хуҷанд

69
(Таҷдидшуда 13:02 27.09.2020)
Дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мағозаи бузурги ““Шаҳри афсонавӣ” ифтитоҳ гардид

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Маркази ҷадиди савдо дар хиёбони Раҳим Ҷалил бо ҳузури раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва фаъолони шаҳр кушода шуд.

Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, маркази тиҷоратии “Шаҳри афсонавӣ” бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Ёқубҷон Раҳимбоев ифтитоҳ карда шуд, ки дар он асосан молу маҳсулоти ниёзи бачагона фурӯхта мешавад. Мағоза аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, масоҳати он 450 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

“Ба мағоза сармояи дохилию хориҷӣ бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ сарф карда шудааст. Молҳо истеҳсоли кишварҳои Туркия ва Хитой буда, бинобар дастрасӣ аз дасти аввал нисбатан аз бозор арзон аст. Тамоми намуди бозичаҳо, велосипед, аробача ва дигар таҷҳизоти талаботи наврасон дар мағоза ба фурӯш гузошта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шуд, ки маҷмуъан 174 намуди молу маҳсулоти бачагона дар мағозаи ““Шаҳри афсонавӣ” ҷойгир шудааст, ки 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо маоши баланд ва ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд шодбош гуфта, ин иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва пайравӣ дониста, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамарӯза соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дар шаҳри Хуҷанд дар арсаи созандагию ободкорӣ саҳми арзанда мегузоранд.

69
Барчаспҳо:
мағозаҳо, Хуҷанд, Тоҷикистон