Анбори орди корхонаи Фаровон 1

Зиёни онҳое, ки ба таҳлука дода шуданд: "Фаровон 1" гуфт, нархи орд 190 сомонист-акс

980
(Таҷдидшуда 15:09 06.03.2020)
Дар пайи он, ки мардуми Тоҷикистон дар пайи таҳлукаи бархоста аз коронавирус халтаҳои ордро бо нархи беш аз 300 сомонӣ барои як халта хариданд, яке аз калонтарин тавлудкунандаҳо нархи онро аз 173 то 190 сомонӣ эълон кард

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. "Фаровон 1", яке аз калонтарин истеҳсолкунандаҳои орд дар Тоҷикистон, эълон кард, ки нархи халтаи орди 50-килоӣ то 190 сомониро ташкил дода, ин корхона нияти боло бурдани нархро надорад. "Фаровон 1" таъкид намудааст, ки ҷаҳиши ахири нархи орд дар пайи сӯиистифодаи ҳаннотону миёнаравҳо аз таҳалукаи мардум сурат гирифт, ки якбора миқдори зиёди ғизоро захира карданд.

Ин корхона таъкид намудааст, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат зиёда аз 70 адад нуқтаҳои фурӯши ширкати "Фаровон-1" амал карда истодаанд ва ҳамчунин бо зиёд шудани талабот дар якчанд минтақаҳои аҳолинишин нуқтаҳои муваққатӣ ташкил шуданд.

"Нарх дар худи завод барои як линчаи орди 50 килоӣ вобаста аз навъи он, аз 173 то 190 сомониро ташкил мекунад. Иловатан ба нархи орд нархи нақлиёти дастраскунӣ аз 1 сомонӣ то 15 сомонӣ вобаста аз дурӣ аз завод, ҷамъ мешавад. Нархи орд дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши ширкат аз тарафи роҳбарияти он зери назорати қатъӣ карор дода шудааст. Дар ширкат баланд шудани нархи орд пешбинӣ нашудааст", - омадааст дар иттилоия.

Ахиран аз вилояти Суғд низ хабар дода шуд, ки ба фарқ аз рӯзи гузашта, ҳоло дар Панҷшанбебозори шаҳри Хуҷанд нархи як халта орди 50 килоӣ ба 175 -185 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дирӯз бархе аз сокинон бар асари саросемагӣ ва таҳлука як халта ордро бо нархи то 300 сомонӣ хариданд.

980
Барчаспҳо:
бозор, нарх, Тоҷикистон
Деньги в кошельке, архивное фото

Агентии омор гуфт, дар замони пандемия меҳмонхонаву тарабхонаҳо чи қадар пул кор карданд

110
Дар тоҷикистон давоми шаш моҳи соли ҷори ҳаҷми хидматрасониҳои пулакӣ махсусан дар меҳмонхонаҳо ва хӯроки умумӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми хидматрасониҳои пулакӣ 5 миллиарду 789,5 миллион сомониро (561,5 миллион доллар) ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8% камтар аст.

Ба иттилои манбъаъ, ҳиссаи  хизматрасонии пулакии корхонаҳои давлатӣ 20,3% ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.

Агентии омор мегӯяд, аз рӯи ҳаҷми хизматрасонӣ ба ҳар сари аҳолӣ, шаҳри Душанбе нисбат ба дигар минтақаҳо бартарӣ дорад. Ҳаҷми хидматрасонӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби миёнаи кишвар 5,2 маротиба зиёдтар аст.

Ин ниҳод мегӯяд, дар моҳҳои январ-июни соли равон гардиши хӯроки умумӣ, аз ҷумла хидматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо 523,3 миллион сомониро (50,7 миллион доллар) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 20% кам мебошад.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки соли равон ҳаҷми хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолии Тоҷикистон беш аз 13,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Афзоиши ҳаҷми хидматрасониҳои пулакӣ дар соли 2020 3,5% пешбинӣ шудааст. 

Коршиносон мегӯянд, коҳиши хизматрасониҳои пулакӣ дар қатори дигар соҳаҳо ба пандемияи коронавирус бастагӣ дорад, чун баргузории тӯйҳо маҳдуд гашт ва ё сарҳадод баста шудан, ки хориҷиён биёянду меҳмонхонаҳои мо истифода баранд.

110
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане

Дар Тоҷикистон 83 корхонаи нав ифтитоҳ ёфту 124 корхона аз фаъолият бозмонд

278
(Таҷдидшуда 15:13 07.08.2020)
Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки 2216 корхонаи саноатии бақайдгирифташуда 124 корхона аз фаъолият бозмонд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ахиран вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба хотири иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ –  саноатикунонии кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.

Ба гуфтаи вай,дар Тоҷикистон 83 корхонаи нави саноатӣ, бо таъсиси 1135 ҷои кор, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Рушди соҳаи саноат новобаста аз коронавирус: ҳаҷми истеҳсол беш аз 15 дарсад афзоиш ёфт

Вай зикр кард, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус, корхонаҳои саноатии кишвар ба як қатор мушкилиҳо, аз ҷумла дастрасии номукаммал ба воситаҳои молиявӣ ва ашёи хом, таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва коҳишёбии нархи молу маҳсулоти содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дучор гардиданд.

Ҳамзамон Завқӣ Завқизода зини нишастӣ матбуотӣ таъкид дошт, ки дар ин росто, аз 2216 корхонаи  саноатии  бақайдгирифташуда 124 корхона аз фаъолият бозмонд.

278
Барчаспҳо:
фаъолият, аз ҳаракат бозмондан, аз фаъолият бозмондани нашриёт, корхона, саноат, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 10 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:27 09.08.2020)
Рӯзи даҳуми август дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон буда дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 10 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар  истиқомат мекарданд.

Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.

Старинный телефон
© CC0 / Pixabay
Старинный телефон, архивное фото

Соли 1899 дар Русия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.

Соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Германия  бардошта шуд.

Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото
© Sputnik / Игорь Зарембо
Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото

Соли 1926 миёни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расид.

Соли 1949 аввалин маротиба дар  Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли  1997 дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуд.

Соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2016 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири амнияти миллии раисҷумҳури  Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро баррасӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 август

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.
  • Дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Раҷаби Мирзо (1973) - журналист.

Қудратулло Абдураҳимов (1958) – доктори илми педагогӣ, профессор.

Раҳмат Ботуралиев (1943) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ваҳҳоби Латиф (1956)- нависанда.

Комил Мусофир (1937-2014) – мутарҷим.

Венеамин Ланге (1910 – 1991) – коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Анна Липшина (1912- 1992)- доктори илми психология, профессор.

Валерий Лутиков (1938) – доктори илми геологӣ.

Абдуқодир Маниёзов (1930 – 2008) – адабиётшинос, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Гулмурод Мелиев (1948)- арбоби фарҳангӣ, Команди шоистаи Тоҷикистон.

Шералӣ Мирзо (1952)- шоир.

Эргаш Муҳаммадиев (1941) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Алиҷон Наимов (1967)- доктори илмҳои физикаю математика, Профессор.

Алишер Неъматов (1958)- кинорежиссёр.

Раҳмон Одина (1962) – шоир, драматург.

Ҷаббор Расулов (1943)- технолог, дорандаи ҷойизаи Сино.

Маҳмад Раҳимов (1954) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Саидаҳмади Ҳасан (1952 )- нависанда.

Саидҷон Уроқӣ (1951)- шоир.

Бурҳон Фаррух (1929 – 1993) – шоир.

Сайдулло Хайруллоев (1946) – арбоби давлатӣ.

Камол Ҳамза (1960)- доктори илми таърих.

Муҳаммад Ҷўраев (1948) – доктори илми тиб, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон