Акция протеста у Лондонской фондовой биржи

200 миллиард доллар баҳои коронавирус: коҳиши рушди иқтисоди Осиё дар соли 2020

507
(Таҷдидшуда 01:44 12.03.2020)
Коронавирус бар иқтисодҳои Осиё ва Уқёнусия дар соли 2020 ҳудуди 200 миллиард доллар зарар мерасонад

ДУШАНБЕ, 12 март – Sputnik.  Бо хурӯҷи коронавирус пешбиниҳо нишон медиҳанд, ки рушди иқтисодии Чин эҳтимолан то 3 дарсад коҳиш хоҳад ёфт ва иқтисодҳои Австралия ва Ҷопон ҳам ба рукуд кашида хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Бемории коронавирус, ки нахустин бор аз Чин ба дигар кишварҳо ва манотиқ сироят кард, ҳоло ҳудуди 100 кишварро олуда кардааст ва сормоягузорон нигарони ояндаи иқтисодии кишварҳо ҳастанд ва таъсироти манфӣ бар вазъияти сармоягузорӣ ва тиҷоратро аз наздик ҳис мекунанд.

Пешгӯии сардухтур: коронавирус ҳафтаи равон ба Қазоқистон мерасад

Дар ҳамин ҳол, тибқи тозатарин оморҳо теъдоди мубталоёне, ки гирифтори коронавирус шудаанд, ба 61 ҳазору 499 нафар афзоиш ёфтааст.

Комиссияи миллии беҳдошти Чин, имрӯз - чаҳоршанбе оморе аз теъдоди мубталоён, фавтиҳо ва дармоншудагон ироа дод.

Тибқи омори ахир, то ба имрӯз - 61 ҳазору 499 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Чин дармон шуда ва ба хона баргаштаанд.

Дар Чин бо сабти 24 мавриди ҷадиди ибтило ба корона, мизони кулли мубталоён ба вирус дар ин кишвар 80 ҳазору 778 нафар шудааст.

Ба гуфтаи комиссия, дар 24 соати гузашта 22 нафар бар асари ибтило ба коронавирус ҷонашонро аз даст доданд ва мизони фавтиҳо дар Чин ба 3161 нафар афзоиш ёфтааст. Ҳамаи мавориди фавтӣ марбут ба устони Ҳубей будааст, устоне, ки шуюъи вируси корона аз шаҳри Вуҳон он оғоз шудааст.

507
Барчаспҳо:
иқтисод, доллар, миллиард, вирус, зарар, Чин, Осиё
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон гуфт, дар даҳ сол барои рушди Хатлон чӣ қадар пул масраф шудааст

150
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар ноҳияи Данғара дар муоқот бо сокинони вилояти Хатлон таъкид дошт, ки мақомот барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар давоми даҳ сол наздик ба 20 миллиард сомонӣ равона кардааст

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид дошт, ки ҳукумати кишвар ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калонтарани саноатию кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Вай афзуд, ки дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Раҳмон тасвиб кард: то 2021 дар тамоми шаҳру навоҳӣ беморхонаи сироятӣ бунёд мешавад

Инчунин вай афзуд, татбиқи барномаҳои пешбинишуда имкон додааст, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 дарсад соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шавад.

“Бо назардошти он ки иқтидорҳои мавҷуда дар вилояти Хатлон ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда истодааст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳур роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хатлонро вазифадор намуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешанд ва бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар даврони истиқлол дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шудааст.

“Танҳо тайи шаш соли охир дар ҳудуди вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст”, қайд кард раисҷумҳур.

Вай афзуд, имрӯз шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад, аммо ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят танҳо 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

150
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳур, иҷтимоӣ, иқтисод, рушд, мақомот, Хатлон, Данғара, Тоҷикистон
Женщина ест лапшу

Ширкатҳои “Gallina Blanca” “Доширак” ва "Маги" ба ширкати “Хуҷанд-Агро” чӣ робита доранд?

175
(Таҷдидшуда 13:32 30.05.2020)
Корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бунёд шудаааст

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik.  Дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид доштааст, ки маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи “Хуҷанд-Агро” , ки аз лиҳози экологӣ тоза арзёбӣ мешавад, асосан ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Украина ва Аврупо содирот карда мешавад.

манбаъ таъкид доштааст, ки харидорони маҳсулоти ин корхона ширкатҳои маъруфи “Gallina Blanca” “Доширак”, “Маги” ва як қатор тарабхонаҳои брендии Руссияву Аврупо мебошанд, ки асосан барои омода кардани хӯрокҳои зудтайёр онро истифода мебаранд.

Корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Русия, Чин, Украина ва Олмон асосан дар коркарди меваю сабзавот, ба монанди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лиму ва себ ба роҳ монда шудааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки ин корхона иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз аз 10 то 12 тонна меваю сабзавоти тару тоза мавриди коркард намояд.

“Корхона маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ба тариқи яклухт дастрас намуда, дар се марҳила бо технологияи муосир тоза карда, дар ҳарорати 100 дараҷа пухта, реза ва хушк мекунад. Ҳамчунин дар худи корхона маҳсулоти тайёр мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ банду баст карда мешавад”, - қайд намудааст манбаъ.

Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд алҳол дар корхона пиёзҳои истеҳсоли вилояти Хатлон ба миқдори калон мавриди коркард қарор дорад ва қарор аст, ки он ба хориҷи кишвар содирот шавад.

Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки дар ин корхона сафи кормандонро зиёд намоянд ва   бо истифода аз фаровонии ҳосили имсола аз тамоми минтақаҳои кишвар маҳсулоти хомро ҷамъоварӣ ва барои коркард захира намояд.

175
Барчаспҳо:
маблағгузорӣ, ширкат, сармоя, соҳибкор, корхона, Тоҷикистон
Строительство аквапарка в Варзобе

Ширкати чинӣ даст кашид: Ҳукумати Хуҷанд гуфт, сокинон то охири сол соҳиби хона мешаванд

0
(Таҷдидшуда 22:31 30.05.2020)
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд сокинонеро, ки заминҳои наздиҳавлигиашон барои бунёди "Чайна тавн" тахриб шуда буд, муҳоҷирони экологӣ номида, гуфтааст, ки онҳо то охири соли равон соҳиби манзил мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд дар пайи нашри гузориш дар бораи боз истодани сохтмони шаҳраки чинӣ дар Хуҷанд посухе навишта, ба сокинон ваъдаи манзил кардааст. 

Манбаъ, ин қазияро айби ширкати чинӣ хондаву сабабшро ин иқдоми ширкатро баланд будани сатҳи оби зеризаминии мавзеъ гуфтааст.

"Бояд қайд намоем, ки ин сохтмон на бо айби МИХД шаҳри Хуҷанд, балки дар асоси даст кашидани ширкати чинӣ аз оғози сохтмон рӯйи кор омадааст. Ширкати чинӣ омили асосии даст кашидани сохтмони шаҳракро бинобар баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ дар мавзеъи сохтмон арзёбӣ карда, аз ҷиҳати иқтисодӣ идомаи онро зери суол қарор бурд", - омадааст дар изҳороти шаҳрдорӣ.

Манбаъ таъкид мекунад, кииҷорапулии сокинонро феълан шаҳрдорӣ пардохт мекунад.

Шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки баъди бекор намудани қарори вобастакунии замин ба ширкати "Ҳусноро1" ҳанӯз соли гузашта дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои мардуме, ки аз ширкати чинӣ ноумед шуданд, оғоз карда шуда, шаҳрдорӣ барои ин 27 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

"Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3-хуҷрагӣ бунёд мегардад. Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Интизор меравад, ки бинои мазкур соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, шаҳрвандони номбурда соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд", - тавзеҳ медиҳад шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи генералии шаҳр, заминҳе, ки барои "Чайна тавн" ҷудо шуда буданд, ба ихтиёри шаҳрдорӣ гирифта шуда, дар зудтарин фурсат дар ин макон мавзеъи истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори шаҳрдорӣ бунёд карда мешавад.

Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

0