Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Тоҷикистон дар раддабандии “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” 33 зина поин рафт

245
(Таҷдидшуда 01:56 18.03.2020)
Тоҷикистон дар раддабандии нави “Шохиси озодиҳои иқтисоди” миёни кишварҳои дунё нисбати соли гузашта 33 зина поён рафтааст

ДУШАНБЕ, 18 март — Sputnik. Ин раддбандӣ, ки рӯзи гузашта аз ҷониби пажуҳишгоҳи Heritage Foundation ва маҷаллаи The Wall Street нашр шуд, 186 кишвари дунёро дар бар гирифтааст.


Соли гузашта Тоҷикистон дар рейтинги “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” дар ҷойи 122 ва соли 2018 дар зинаи 106 қарор дошт. Гузоришгарон имсол Тоҷикистонро дар раддабандии нав 33 зина поин оварда аз сабаби сатҳи пасти молиявӣ, озодии соҳибкорӣ ва тиҷорат Тоҷикистонро ба гуруҳи кишварҳои “иқтисодаш ноозод” ворид кардаанд.

Гузоришгарон гуфтаан дар соли ҷорӣ мизони озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба 3,4 бал поин рафта, аз 100 холи имконпазир 52,2 холро соҳиб гаштааст.

Ҳамчунин гузоришгарон дар шарҳи мавқеи Тоҷикистон гуфтаанд, Тоҷикистон дар байни 42 кишвари минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ҷойгоҳи 37-умро ишғол мекунад ва нишондиҳандаҳои умумии он аз нишондиҳандаҳои миёнаи минтақа ва ҷаҳон хеле пасттаранд.

Гуфта мешавад, тули 16 соли раддабандӣ нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон номусод буданд, аммо бо сабаби воридшавии маблағи муҳоҷирон аз Русия, сармоягузорӣ ва содироти канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, сурб ва руҳ маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар афзоиш ёфтааст.
Таҳиягарони гузориш ҳамчунин гуфтаанд, Тоҷикистон барои даст ёфтан ба озодиҳои иқтисодӣ, бояд қонунгузориро бознигарӣ кунад, ислоҳот дар бозори меҳнат ба вуҷуд оварад ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварад.
Дар раддабандии мазкур мақоми кишварҳои пасошуравӣ ба таври зайл аст: Эстония-10, Гурҷистон-12, Литва-16, Латвия-32, Қазоқистон-39, Арманистон-34, Озарбойҷон-44, Қирғизистон-81, Молдова-87, Белорус-88, Русия-94, Узбакистон-114, Украина-134 ва Туркманистон-170.
Гузоришгарон иқтисоди Сингапур, Ҳонгконг ва Зеландияи навро озодтарин ва Кубаву Венесуела ва Кореяи шимолиро маҳдудтарин гуфтаанд.

245
Барчаспҳо:
раддабандӣ, иқтисод, Тоҷикистон