Абдусамад Ҳоҷиев, соҳибкори тоҷик

Қурбонии “вируси тоҷдор”: қиссаи соҳибкори тоҷик, ки тиҷораташро аз даст дод

3433
(Таҷдидшуда 18:13 19.03.2020)
Абдусамад Ҳоҷиев, яке аз се тоҷирест, ки розӣ шуд дар бораи мушкилоти тоҷирони тоҷик дар айёми бедодгариҳои “вируси тоҷдор” дар ҷаҳон суҳбат кунад

ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Ҳоҷиев ва ҳамкоронаш тоҷирони муваффақи шимоли Тоҷикистонанд, ки солҳо ба ин сӯ дар масирҳои орому хатарноки минтақа тиҷорат мекунанд. Онҳо тариқи Туркманистону Озарбойҷон ва Афғонистон аз Эрон ба Тоҷикистон бор меоварданд.

Абдусамад ҳеҷ гоҳ ин интизорро надошт, ки қомати ниҳоли тиҷорати дар айни авҷу шукуфояшон ба ин зудӣ хам мешавад. Ва гунаҳкори асосӣ дар ин вазъ “вируси тоҷдор” аст, ки дар минтақаву ҷаҳон густариш меёбад.

Ҳоло қиссаи ӯ, ки бо Sputnik Тоҷикистон”ба миён гузошт:

Соли 2013 яке аз рафиқонам пешниҳод дод, ки аз Эрон бор биёрем. Розӣ шудам. Корҳоям ба зудӣ барор гирифт. Ман аз шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Шероз, Машҳад ва Гургони Эрон моли худро ба мошинҳои боркаш (комюн ё фураҳо) бор мекардаму тариқи Туркманистону Ӯзбекистон ба Хуҷанди Тоҷикистон меовардам.

Суол: Шумо чӣ тиҷорат мекардед?

Ҳоҷиев: Дар оғоз халтаҳои полиэтиленӣ барои семент ворид мекардем. Ин мол дар Эрон арзон аст, зеро аз маҳсулоти нафтӣ сохта мешавад. Таври маълум, Эрон яке аз кишварҳои нафтии ҷаҳон аст. Баъдтар маводи сохтмонӣ, назири арматуру оҳан ва ранг низ бар феҳристи моли тиҷорати ман афзуд. Ҳамин тавр, молҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо, маводи пластикӣ, ғизои мурғ ва ғайра низ меовардам. Ман не, аммо ҳамкоронам дар Душанбе қисмҳои эҳтиётии мошинҳои хориҷиро низ ворид мекарданд. Эрон истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии тамоми навъи мошинҳои ширкатҳои ҷаҳонӣ, назири “Мерседес” – у “Тайота” - ву дигаронро шурӯъ карда буд. Сифати моли Эрон дар қиёс бо Чину дигар кишварҳо хеле баланд аст.

Суол: Хуб, мушкилоти Шумо чӣ тур ва аз куҷо сар шуданд?

Ҳоҷиев: Ҳама дар марзи Туркманистону Ӯзбекистон шурӯъ шуд. Як субҳи тобистони соли 2015 яке аз ронандагоне, ки бори маро интиқол медод, занг зад. Гуфт, мошинҳоро гумруки Туркманистон иҷозаи хуруҷ намедиҳад. Бо онҳое, ки дар мақомоти Туркманистон кор мекарданд ва ошно будам, тамоси телефонӣ гирифтам. Гуфтанд, фармон аз боло аст ва коре аз дасташон сохта нест. Дарёфтам, ки гап ҳам ҷои дигар аст. Вақте вазъро омӯхтам, маълумам гардид, ки ин мушкил танҳо барои мошинҳои Тоҷикистон халқ шудааст. Шеваи корро тағйир додам. Бо ҳамтоёни қирғиз тамос гирифтам ва аз онҳо хоҳиш кардам, ки барои санадсозии моли ман кӯмак кунанд. Ҳамин тавр, фурӯшандаи мол ширкати эронӣ шуду харидор ширкати қирғизӣ. Аммо ин ҳам мушкили худро дошт. Мол бояд тариқи Туркманистону Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меомаду ширкати қирғизӣ дар гузаргоҳи “Ойбек” аз он даст мекашид ва ба мақомот инро маълум мекард. Ман расман ба мақомоти гумрук нома мекардам, ки фалон ширкати қирғизӣ аз моли худ даст кашидаасту ман омодаам расмиёти гумрукиро анҷом дода, молиётро низ супорам. Азбаски ин моли барои Тоҷикистон зарурӣ буд, иҷоза медоданд ва ҳамин тавр, моли ман ба Хуҷанд мерасид. Пас аз он ки равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон хуб шуд, ин тиҷоратро бо ширкатҳои ӯзбекӣ ба роҳ мондем. Молро ба Ӯзбекистон оварда, аз он ҷо ба Тоҷикистон содироти дубора ё реэкспорт мекардем.

Суол: Оё дар қимати мол ва харҷи ҳамлу нақли он тағйир омад?

Ҳоҷиев: Бешак. Масалан, ман 23 тон мол ворид мекардам. Вақте мушкиле бо Туркманистон набуд, харҷи роҳи он то Тоҷикистон 3 ҳазор долларро ташкил медод. Пас аз он ки ширкатҳои қирғизиву ӯзбекиро ба байн даровардем, ин харҷ 500 доллар афзуд.

Суол: Пардохтҳои гумрукӣ ва дигар расмиёт чӣ қадар буд?

Ҳоҷиев: Аз ҳамин 23 тон ман 15 ҳазор доллар молиёти гумрукӣ мепардохтам. Ҳар тон бор агар бо мошини боркаш меомад, 200 доллар ва агар бо вагон 120 доллар фақат харҷи роҳ дошт. Андозу расмиёти гумрукӣ ба болояш зам мешуд. Барои муқоиса, аз Бандари Аббоси Эрон то Чин бо роҳи обӣ як тон ба 24 доллар ва то Новороссийски Русия ба 19 доллар мерасад.

Суол: Шуюъи “вируси тоҷдор” ба Шумо чӣ мушкил пеш овард?

Ҳоҷиев: Замоне, ки дар Эрон ин уфунат пайдо шуд, ҳукумати Туркманистон аввалин кишваре буд, ки дарвозаҳояшро баст. Мушкили аслии мо ин ҷо шурӯъ шуд. Ман аз ҳамкорони эрониам хостам, ки молро тариқи Озарбойҷон фиристанд. Ҳамагӣ ду бор муваффақ шудам, ки аз ин масир мол ворид кунам. Аммо қимат гарон буд, ҳарчанд аввал ба 8 ва бори дуввум ба 6 ҳазор доллар муваффақ шудем, ки мошин пайдо кунем. Аммо 3,5 ҳазор куҷову 6 ҳазор куҷо? Як моҳ зиёдтар гузашт, ки Озарбойҷон ҳам марзҳояшро бо Эрон баст. Ҳамин тавр, дасту поямон баста шуд.

Суол: Яъне дигар масир вуҷуд надорад?

Ҳоҷиев: Дорад. Ба истилоҳ, ягона мӯрие, ки об мебарояд, ҳоло Афғонистон аст. Мо ҳам ин масирро таҳти омӯзиш қарор додем. Қаблан аз ин роҳ як мошини боркаш ба қимати 4 ҳазор доллар то Душанбе мерасид. Аммо ширкатҳои нақлиётӣ чун диданд, ки роҳи Туркманистону Озарбойҷон баста аст, нархи ин масирро боло бурданд. Шуд 5,5 ҳазор доллар. Ва далел ҳам доранд: Афғонистон масири амн нест. Дирӯз бо ронандагон сӯҳбат кардам. Гуфтанд, ки мо ба борат ҷавоб намедиҳем. Дар Эрон мегӯянд, ки моли ту бима шудааст, аммо замонати 100 – фоиза вуҷуд надорад. Як вақт ду мошини тоҷирони тоҷикро дар Афғонистон оташ зада буданд. Диданд, ки бори тоҷик аст, ҳатто амрикоиву аврупоӣ ҳамон замон тарака мекунанд. Бало ба паси ин ҳама, тавре мегӯянд, “ҷон наканӣ, ҷонона ку”, аммо роҳкиро аслан рост намегирад. Масалан, агар 23 тон мол ба 5,5 ҳазор доллар то Душанбе расад, харҷи он то Хуҷанд 1000 доллари дигар хоҳад буд. Масалан, барои аз мошин ба мошин интиқол додани мол дар Душанбе 150 ва расонидани он то Хуҷанд 700 – 800 доллар ҳазина дорад. Бо хароҷоти дигар мешавад 1000 доллари роҷеъуннақд ва моли ман то Хуҷанд ба 6,5 ҳазор доллар расида меояд. Дар ин ҳол, моли ман “тиллоӣ” мешавад ва рақобат карда наметавонам.

Суол: Ба ҳамин тамом? Дигар роҳ надоред?

Ҳоҷиев: Мутассифона, не. Як роҳи дигар буд. Мо тариқи тахризкор ё миёнаравони эронӣ ба мақомоти гумрукии ҳам Туркманистон ва ҳам Озарбойҷон пешниҳод кардем, ки моламонро то минтақаи озод расонем ва аз он ҷо бо мошинҳои туркманӣ ё озарӣ, ҳар чӣ ба онҳо маъқул аст, ба Тоҷикистон интиқол диҳем. Розӣ нашуданд. Эрон, ки ба “коронавирус” сахт гирифтор шудааст, онҳо эҳтиёт мекунанд. Роҳи беҳтарин барои мо ҳамоно роҳи Туркманистон буд, ки афсӯс баста шуд

Суол: Агар чунин намешуд, чӣ мешуд?

Ҳоҷиев: Нақшаҳои зиёд доштем. Ман бо соҳибкорони чинӣ ба мувофиқа расида будам, ки тариқи роҳҳои обии уқёнуси Ҳинд маҳсулоти нафтиро ба Чин содир кунем. Ҳама корҳо дар ҳоли ниҳоӣ шудан буд, ки ин вирус сар зад. Чиниҳо ҳам рафтанд ва ман ҳам мондам дар Хуҷанд. Аз Бандари Аббос то Чин як тон бор ба 24 доллар мерасад. Аммо ин ҳама чун нақше бар об монданд. Хуб, боз чанд тарҳи дигар буд, ки ҳоло гуфтанаш фоида надорад.

Суол: Чӣ кор бояд кард, ки Шумо тавонед ба фаъолияти худ идома диҳед?

Ҳоҷиев: Танҳо як роҳ ва он ҳам ин, ки ҳукумат пардохтҳои гумрукиро қисман коҳиш диҳад. Масалан, барои мо ҳамон фарқияти қимати роҳро ҳам кам кунанд кофӣ аст. Ҳамагӣ 2 ҳазор доллар. Ин ки масирҳо хатарноканд, гапи дигар. Тавре мегӯянд, гурусна ба шер мезанад

3433
Барчаспҳо:
марзбандӣ, вирус, соҳибкор, Тоҷикистон
Всемирный банк, офис в Вашингтоне

Зарари бесобиқаи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон: 5 сол барои барқароршавӣ лозим

140
(Таҷдидшуда 16:58 19.09.2020)
Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кармен Рейнхарт сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, барқароршавии иқтисоди ҷаҳон аз буҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад, метавонад то панҷ солро дар бар гирад. 

"Эҳтимол, дар пасманзари лағви ҳама чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба карантин ҷаҳиши фаврӣ ба амал ояд, аммо барқароршавии пурра то панҷ солро дар бар хоҳад гирифт", - изҳор доштааст Рейнхайтер.

Ҳамзамон Рейнхарт интизор дорад, ки пас аз буҳрон сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон бори аввал дар 20 соли охир боло хоҳад рафт.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ, буҳроне, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, нобаробариро дар ҷаҳон афзоиш хоҳад дод, "зеро табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз буҳрон дар кишварҳои сарватманд аз ҳама сахттар зарар мебинанд ва кишварҳои камбизоат нисбат ба сарватманд бештар хисорот хоҳанд дид", - менависад Арменпресс бо истинод ба РИА Новости.

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст.

Ёдовар мешавем, Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард. Тибқи маълумоти охирини СҶБ, дар ҷаҳон зиёда аз 29,1 миллион ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, беш аз 926 ҳазор нафар фавтидаанд.

140
Барчаспҳо:
иқтисод, БҶ
Флаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

188
(Таҷдидшуда 11:12 19.09.2020)
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки охири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар охири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардад ва ҳоло омодагиҳо дар ин самт идома доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Гуфта шудааст, ки ба шарофати сиёсати сарони ду кишвар ҳамкории стратегӣ босуръат рушд карда истодааст.

188
Барчаспҳо:
иқтисодӣ, ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

0
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон